Arzon march 2024
ҲАҚИ ЯТИМОН РЕВИЗОРРО ШАЛ КАРД  
2425

 

   Рӯзҳои хеле вазнини баъди ҷанги шаҳрвандӣ ва вазъи зиндагии мардум аз ҷиҳати моли хеле бад шуда буд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ барои занон як хонаи умед- Кумитаи кор бо занон ва оиларо таъсис дод, ки дар ҳақиқат дар лаҳзаҳои барои ҷумҳурӣ вазнинтарину ҳасостарин дар ҳаёти духтарон, занон ва оилаҳои камбизоату ниёзманд нақши муҳиме бозид. Кумита на танҳо аз ҳукукҳои онҳо ҳимоя менамуд, балки дар омода намудани Лоиаҳои Конунҳо доири занҳо, бачаҳо ва ҷавобгӯ будани онҳо бо Конунҳои ҷаҳонӣ накши намоён мебозид.

           Субҳи кории ман аз соати ҳафт оғоз меёфт. Як саҳар дари утоқи корӣ кушода шуд ва марди шикамкалоне бо қомати паст ва мӯйҳои ба сафедӣ оил аз дар даромада, бо виқор ҳуҷҷаташро ба сӯям дароз карда гуфт:

-Ман ревизор, бояд вазъи молиявии идораи шуморо санҷам.

-Кумитаи кор бо занон ҷуз бюджаи маоши кормандони дастгоҳамон маблағи дигаре надорад,-гуфтам андешамандона.

           -Ба утоқи кории самуҳосиб меравем, вале бояд бидуни огоҳӣ равем,-ба миёни суханам лагад зад ревизор.

         -Малаш, мушкиле нест, рафтем.

         -Ҳарду ба утоқи муҳосиб, ки акнун ба кор шуруъ карда буд, ворид шудем. Зани бечора бо дидани марди ношинос дасту по гум карда, саросема аз ҷояш бархост ва бо лутфи занона моро хушомадед гуфта, пазироӣ намуд.

Аз Корхонаи хизмати маишӣ, ки қаблан дар ин бино буданд, ба мо ду сеф, ба қавле говсандуқи хеле бузург мерос монда буд, ки яке дар дафтари кории ман ва дигаре дар дафтари кории мусоҳиб ҷой дода шуда буд. Аз камии ваҳиди корӣ як нафар мутахасисро ҳамчун муҳосиб кор мефармудем.

-Муҳаббат, ба ҳайси сармутахасиси Кумита ба кор мекунад,-шинос намудам ба ревизорако.

Ревизор ҳавобаландона бо муҳосиб салом кард ва чун чашмаш ба говсандуқи бузург афтид, талаб кард, ки онро кушояд. Муҳаббат бо оромӣ дари сейфро кушоду марҳамат гуфта, худаш ду қадам аз сейф дур истод.

Ревизор аз сейф як даста пулро шумурду дари сейфро муҳр зад ва амр кард, ки столи кориро дар ихтиёраш гузорем, зеро ӯ барои як моҳ рухсатнома барои санҷиш дорад.

         -Ду ҳафта пеш фаъолияти молии корхона аз ҷониби инспектори андози шаҳр санҷида шуда буд. Мо метавонем Акти онро ба Шумо пешниҳод намоем, шояд ҳоҷат ба як моҳ нишаста санҷидан набошад.

-Мебахшед, ман роҳбар дорам ва ӯ тасмим мегирад, ки ман ин ҷо чанд муддат нишаста кор кунам, на шумо,- гуфт бо лаҳнги ғазаболуд ревизор.

- Майлаш, чи қадаре, ки мехоҳед, шинед, вале буҷаи мо он қадар хурд аст, ки барои санҷиши он 1-рӯз кифоят мекунад,-гуфт бо мулоиматӣ Муҳаббат.

-Пуламон нест, мегӯеду дар сефатон ҳафт ҳазор сум!

-Ин маблағи стипендияи ятимдухтарони донишҷӯ аст, ки аз ҳисоби Барномаи давлатӣ барои донишҷуёни ноҳияҳои куҳистони дурдаст, дар асоси квотаи Президенти дохилшуда дода мешавад. Дирӯз ин маблағро аз бонк гирифтем ва танҳо ба ду нафар додаем, боқӣ ҳамин рӯзҳо омада мегиранд.

-Эълон кунед, ки ривизор омадааст, то тамом шудани ревизия ба касе стипендия дода намешавад,-амр кард ревизор.

-Охир онҳо аз оилаҳои камбизоату бесарпаноҳанд ва ба ин стипендия ниёз доранд, наметавонанд сабр кунанд,-фаҳмонданӣ шудам ман.

-Намешавад, раиса, қоида ҳамин аст,-исрор намуд ревизор.

Бо ҳамин гапро ду накарда, утоқи кории муҳосибро дар ихтиёраш гузоштему Акти ревизори қаблан санҷидаро ба ӯ пешниҳод намудем. Дар наздаш чойи кабуд, каҳва, шоколад ва кулчақанд гузоштем. Ревизор айнакашро ба чашм гузошта, ба мутолиаи Акт шуруъ кард.

Соат 12 шуд, ревизор ҳанӯз Акт мехонд. Наздаш рафта гуфтам: “шумо меҳмони моед, биёед бо ҳам барои хӯроки нисфирӯзӣ равем”.

-Истед, ман хондани Актро ба итмом расонам, баъд меравем,-гуфт сарашро аз коғазҳо набардошта.

         Дар қарибии корхонаи мо як ошхонаи паҳрезӣ буд, ки ғизоҳои болаззати хонагӣ тайёр мекард. Бисёриҳо аз корхонаҳои гирду атроф ба ин ошхонаи хурдакак меомаданд ва аксаран барои муштариҳои дертар омада ҷой намерасид. Ман пештар муҳосибро фиристодам, ки барои ду нафар ҷой резерв кунад. Ревизор баъди 20 дақиқа дари утоқро баста, ба танафус баромад. Мо ҳарду дар ошхона нишаста хӯрок хӯрдем. Вай марди хеле камгапу дамдуз ба назар мерасид.

         -Баъди аз ошхона баромадан аз ман пурсид, ки ревизори қаблӣ фамилияаш чи буд?

Ман ному насабашро гуфтам.

-Ҳа мешиносам, ӯ солҳои зиёдест, ки дар шуъбаи андози шаҳр ревизор шуда кор мекунад ва хело пуртаҷриба аст,-гуфт бо каноатмандӣ.

         Баъди лаҳзае нимҷиддию нимшӯхӣ аз ман суол намуд, ки чанд сум ба ӯ ришва додаем.

-Чизе надодаем, ӯ ҳам чизе аз мо тамаъ накард,- гуфтам ба ӯ.

-Боварам намеояд.

-Чаро?

-Зеро, ки ягон камбудиро дар Акт дарҷ накардааст ва баланси ҳамаи ҳашт соли санҷидаашро сифр-сифр баробар нишон додааст.

-Росташ ӯ омада дар давоми ду рӯз санҷишро ба итмом расонид, вале ман худам аз ӯ хоҳиш намудам, ки солҳои боқимондаро низ бисанҷад, то мо ҳуҷатҳоро тавонем дилпурона ба архив супорем, чунки дар давоми ҳашт сол касе фаъолияти молии моро насанҷида буд. Шояд аз кам будани буҷаи Кумита ревизорҳо намехостанд ба корхонаи мо барои санҷиш биёянд. Ӯ дар давоми се ҳафта фаъолияти ҳаштсоларо санҷид ва ин Актро тартиб дода, ба муҳосибамон офарин гуфт, ки мутахасиси ин соҳа набошад ҳам, корро хуб ва бехато анҷом додааст.

     Бо ҳамин ревизори нав расо 25- рӯз меомаду дар утоқи кории муҳосиб нишаста коғаз варақ мезад ва ману муҳосиб аз ҳисоби киссаи худамон ӯро бо навбат ба хӯроки нисфирӯзи мебурдем. Ростӣ гоҳо қарз гирифта, зиёфати болаззаттар барояш ташкил менамудем, ки шояд тезтар корашро ҷамъбаст намояду равад, вале ӯ нияти рафтан надошт.

Меҳмондории ревизор ба ҷони дуи мо заду ба муҳосиб гуфтам, ки аз ӯ хоҳиш намояд, ки тезтар Акташро пешниҳод кунад, то ман донам, ки чи гапу чи хабар аст дар ин бучаи ночизи идора, ки хеҷ анҷом дода наметавонад.

-Ревизорако гуфтанд, ки ман сиёнависи Актро тайёр кардаам, ҳақамро диҳед, пагоҳ тозанавис карда, ҷамбаст мекунам.

-Мо ба ғайри маошамон ягон манбаи даромад надорем, ки шуморо розӣ кунем, - гуфтам ба ӯ .

-Ба ин кори ман нест, дар боло аз ман талаб мекунанд, ман бояд дасти холӣ ба идора барнагардам.

-Ако, инсоф намоед, охир худатон мебинед, ки аз саҳар то бегоҳ ба ин корхона фақат занҳо бо оби дида омада, аз зиндагии бадашон шикоят мекунанд ва кӯмаку дастгирӣ мепурсанд. Мо баъзан роҳкирои худро барои муҳтоҷон садақа медиҳему пойи пиёда ба хона меравем…

-Ревизор, як уф гуфта, дуди буйноки сигорашро дар фазои хона сард доду бо чашмҳои калон-калон суйи говсандуқи муҳосиб ишора намуд.

-Муҳаббат ба ишораи ӯ хуб сарфаҳм рафта,- ако, ин пул ҳақи сағир аст ва ман ҳақуки ба он даст задан надорам,- гуфт бо фурутани.

-Ба инаш кори ман нест! Аъанаи коллективи мо ба хотири як ташкилоти шумо дигар карда намешавад. Актро хушку холӣ ба роҳбариятам пешниҳод кунам, онҳо ба ман бовар намекунанд, ки чизе нагирифта бошам. Боз дар ҳолате, ки дар гузориш ягон камбудӣ дарҷ накардаам.

-Муҳҳабат бовар дошт, ки ҳеҷ хел ставкаи болоӣ барои ин корхонаи камбуча вуҷуд надорад ва ин танҳо баднафсию одати ришвахурии ревизор аст, вале дигар баҳс накарда, -бо раиса як маслиҳат кунам, гуфта, баромада назди ман меояд.

-Муаллима, ревизор пули стипендияи ятимдухтаронро тадаб дорад, ҳарчанд, ки ба ӯ ведомости имзошудаи моҳҳои гузаштаро ҳамчун асос нишон додам, бовар накарда, тамаъи ришва дорад.

-Муҳаббат, илоҷи дигар надорем, агар ӯ шиштан гирад, маҷбурем, ки боз як моҳи дигар шикамашро сер кунем. Он пулро ба ӯ деҳ, то ки корашро тезтар ҷамъбаст карда раваду аз ранги шумаш халос шавем. Барои он, ки донишҷуйдухтарон азоб накашанд, аз ҳисоби маблағи қарздиҳии барнома пули инмоҳаи стипендияи духтаронро тақсим намо, баъд қарзро аз ҳисоби маоши ману худат оҳиста-оҳиста баргардон. Бе ин ҳам мо дар ин рӯзҳои вазнин маошамонро ба занҳои мӯҳтоҷ садақа медиҳему аз ҳисоби шавҳаронамон зиндагӣ мекунем. Ҳаволаи ревизорро ба Худои Кариму меҳрубон месупорем.

Ревизор сейфи печатзадаашро худаш кушод ва пулро гирифта ба ҷуздонаш гузошту калидро ба муҳосиб дод ва омада бо мо хушҳолона худоҳофизӣ намуд. Ваъда дод, ки баъди ду рӯз Акти санҷишро дар компютер тозанавис намуда, як нусхаашро барои шиносоӣ ва имзо барои мо меорад.

Ману муҳосиб ба коллектив дар ин хусус ҳарфе назадем, вале диламон сиёҳ шуд. Албата, на барои он ки ин моҳ бе маош мемондем, балки аз беинсофии ревизор, ки заррае раҳм накарда, ҳаққи ятимонро ба ҷайбаш зада рафт.

Рӯзи ҷумъа котиба хабар дод, ки марде омадаасту мегӯяд, ки ба манн бисёр кори муҳим дорад. Иҷозат додам. Марди ба мулоқоти банда омада дӯсти оилавиамон Сайфуллоҳи тоҷир будааст. Ман, ки ҳеҷ интизори омадани ӯ набудам, ҳайратзада пурсидам:

Сайфуллоҷон, тинҷи аст? Кадом шамол шуморо паронда овард? Аҳли хонавода хуб ҳастанд...

-Хавотир нашавед, ман бо нияти хайр ба назди Шумо омадам. Як кори тиҷоратам барор гирифт, хайр карданӣ ҳастам. Занони ниёзманд бештар ба Кумитаи занҳо муроҷиат менамоянд, аз ин рӯ қарор додам, ки ин хайрияро барои ниёзмандон ба шумо супорам,-Инро гуфта Сайфулло ду баста пул баровард ва “якеаш ба худи шумо тӯҳфа, дгарашро ба оилаҳои камбизоату ятимон тақсим карда диҳед” –гӯён маблағро ба ман дароз кард. Намедонистам, ки рад кунам ё бигирам. Сайфуллоҳ хиҷолатии маро пай бурда гуфт:

Раиса гиред, ман ин пулҳоро аз сидқи дил хайр карда истодаам. Чандин сол буд, ки закоти моламро ба масҷид мебурдам, вале муллоҳои мастшуда, шукр аз замони серӣ накарда, боз байни мардум низо андохтанду ватанро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Тасмим гирифтам, ки дигар хайрияро танҳо ба ниёзмандон хоҳам дод. Бубахшед, дигар вактатонро намегирам, агар ягон мушкил пайдо шавад, занг занед, ҳамеша ба кумак тайёрам!

Сайфулло баромада рафт. Ман муҳосибро даъват кардам ва бастаҳои пули хайрияро ба дасташ дода, супориш додам, ки якеашро ба қарзи гирифта гузорад ва бастаи дигарро барои бачаҳои ятим либосу пойафзол харида, рӯзҳои қабули шаҳрвандон тақсим намоянд.

Муҳаббат ҳайрон шуда пурсид, ки ревизор пулро баргардонд?

Не, Муҳаббатҷон, Худованд онро ҷуброн кард, то ки ману ту боз чаҳор моҳи дигар бе маош кор накунем.

                   Аз рафтани ревизор ду моҳ гузашт, вале аз ӯ ва Акташ хабаре набуд. Ба телефони кориаш чанд бор занг задам, шариконаш кутоҳ ҷавоб медоданд, ки дар ҷойи кор нест, ягон ҳафта баъд занг занед.

Як бегоҳ то дер кор кардам. Аллакай шом фаро расида, коргарон ҳама ба хонаҳояшон рафта буданд. Дар қабулгоҳ танҳо ронанда нишаста бо компютер бозӣ мекард. Аз пост занг заданд, ки як мард маро мепурсад, иҷозати даромадан диҳанд ё не?

-Бигузоред дарояд, ман ҳанӯз дар корам.

-Баъди чанде марди лоғари афгоре базӯр-базӯр қадам зада, вориди утоки кориам шуд. Чеҳрааш ба мисли заъфарон зард гашта буд. Ҳоли бадашро дида, дилам сӯхту гуфтам:

-Амакчон, бемор будаед, аз ҳамон поён бо телефон мегуфтед, ман худам наздатон меомадам, заҳмат кашида ошёнаи 2-намебаромадед.

-Ташаккур раиса,-дар як лаби курсӣ амонат нишаста гуфт меҳмон ва афзуд,-Ба фикрам шумо маро нашинохтед. Ман бояд се моҳ пеш меомадам, вале дар беморхона бистарӣ будаму имкони омадан надоштам. Аз беморхона мурахасӣ шудам, вале ҳанӯзам ҳолам хуб нест. Ман аз пеш медонам, ки Шумо то дер нишаста кор мекунед бинобарин бегоҳӣ баъди рӯзи корӣ омададам, ки дар набудани кормандонатон роҳҳаттар бо Шумо гуфтугу кунам.

-Амакҷон, аз куҷо медонед, ки ман то дергоҳ кор мекунам? Ростӣ ман Шуморо нашинохтам....

-Нашинохтед? Ман ҳамон ревизорам, ки охири баҳор дар корхонаи Шумо санҷиш гузаронида будам.

-Эҳ, Шарифако, бубахшед, ман Шуморо нашинохтам. Чаро ба таври ношинохтанӣ тағир ёфтед, магар бемори сахт шудед?

-Ман баъди аз корхонаи Шумо рафтан гузоришу Актро омода сохта бурда ба калонамон барои имзо супурдам. Азбаски фардоаш истироҳат буд, савғотӣ харида, ба деҳа ба аёдати набераҳоям рафтам. Шаб якбора қандам хеле боло рафт. Ёрии таъҷили омада маро ба беморхонаи ноҳия бурд. Дигар чизеро дар ёд надорам. Мудати 10-рӯз дар кома будам. Зиёда аз ду моҳ шуд, ки дар касалхонаҳо табобат мегирам, вале қандам ҳеҷ муътадил намешавад. Тамоми дандонҳоям рехтанд, бист килло лоғар шудам, тамоман мадори роҳгардӣ надорам. Мехоҳам ҳуҷҷатҳоро супорида, баъд хотирамҷамъ ба нафақа бароям,-ревизор инро гуфта, Акти ривизияро бо дастони лоғару ларзонаш ба ман дароз карду нолишкунон аз ҷой бархоста, худоҳофизӣ намуд. Вакте, ки аз дасташ гирифта, барои аз зинапоя фуромадан кӯмакаш менамудам, хиҷолатлмез аз ман узр пурсид ва хоҳиш кард, ки ману мухосиб ӯро бубахшем.

Ин охирин дидорбинии ман бо ревизори баднафс буд.Баъди як моҳ хабари вафоти ӯро шунидаму худ ба худ андешидам: ҳақи ятимон насиб накард…

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Омузгори пойтахт 2019-05-27, 16:34
Директори мактаби мо низ дар хамин мохи шарифи рамазон хакки аудит гуен аз хар муаллим панчохсомони талаб карда бо додзанию чангу чанчол гирифт. Баьтар мо фахмидем ки аудит е ревезори омадаги пул нагирифтааст. Ин порахури разил хам бемории канд дорад. Худованди карим хакки кудакони ятими муаллимахои бечора аз дахону бинияш бароянд. Боз у ман зани генерал гуфта катаги мекунад... Рахмат барои ин киссаи ибратомуз....
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Омузгори пойтахт 2019-05-27, 16:34
Директори мактаби мо низ дар хамин мохи шарифи рамазон хакки аудит гуен аз хар муаллим панчохсомони талаб карда бо додзанию чангу чанчол гирифт. Баьтар мо фахмидем ки аудит е ревезори омадаги пул нагирифтааст. Ин порахури разил хам бемории канд дорад. Худованди карим хакки кудакони ятими муаллимахои бечора аз дахону бинияш бароянд. Боз у ман зани генерал гуфта катаги мекунад... Рахмат барои ин киссаи ибратомуз....
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД