Sebiston new 2024 october
Донишҷӯи тоҷик аз коронавирус ба ҳалокат расид
8874

Азия-таймс аз ҳалокати як донишҷӯи тоҷик дар Чин хабар додааст. Ин манбаъ дар такя ба РИА-новости мегӯяд, як шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон дар шаҳри Ухани Хитой аз каронавирус аз олам даргузашт.

Нишонаҳои аввалини бемориро ин ҷавони тоҷик ҳанӯз санаи 13-уми январ дар вуҷуди худ эҳсос карда буд ва дар бадали 18 рӯз ин бемории қаттоу беамон риштаи ҷони ҷавони ӯро абадан барканд.

Дар хабар дар бораи ному насаби донишҷӯи ба ҳалокат расида ва дар кадом донишгоҳ таҳсил карданаш маълумот дода нашудааст, ҳамчунин маълум нест, ки ҷасади ин ҷавон ба Ватан оварда мешавад ё не.


Телефонҳои iPhone дар Тоҷикистон низ талабгорони зиёде доранд, вале акнун дастрас намудани намудҳои нав ба нави он бо сабаби хурӯҷи корона-вирус дар Чин барои мардуми тоҷик душвор хоҳад гашт.


Ёдрас мешавем, ки коронавирус бо суръат дар сар то сари Чин доман паҳн карда, ба сокинони дигар кишварҳо низ сироят намуда истодааст. Дар худи шаҳри Ухан, ки маркази пайдоиши ин вируси марговар ба шумор меравад, айни замон 169 нафари аз коронавирус табобат мегиранд ва 44-нафарашон дар ҳлати вазнин қарор доранд. Шумораи қурбониёни ин вируси даҳшатзо лаҳза ба лаҳза меафзояд.


Манбаъ: https://asia-times.org/7407-v-uhane-umer-student-iz-tadzhikistana-ot-novogo-koronavirusa.html?fbclid=IwAR1l7fnq2JUz4V_zHePfDzI9x04IEC_6gtgRwgznCnqgKAm_UvJTPcGTFkY


 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД