Аз касе пӯшида нест, ки қисми зиёди телефонҳои тамғаи iPhone маҳз дар кишвари Чин истеҳсол карда мешаванд.
Foxconn и Pegatron аз машҳуртарин истеҳсолкунандагони ин навъи телефонҳо ба шумор рафта, коргоҳҳои истеҳсолии ширкат аз шаҳри Ухан дар масофаи 500- километр дуртар ҷойгир шудаанд. Хурӯҷи вируси тоҷдор-корона вирус дар ин шаҳри чинӣ ба фаъолияти ин корхонаҳо низ бетаъсир намондааст,-менависад нашрияи Bloomberg.
ЧАРО ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ТО ҲОЛ ХОМӮШ АСТ?
Аз рӯйи маълумотҳои хабарнигорони ин нашрия Apple дар Хитой беш аз 10 ҳазор нафар коргар дошта, миллионҳо одамони дигар ба фурӯш ва импорти молу маҳсулоти ширкат ба дигар кишварҳо ҷалб карда шудаанд. Хуруҷи карона-вирус дар Чин ба фаъолияти ин коргоҳи бонуфуз таъсири манфӣ расонида истодааст. Корона-вирус вақте ба ҳуҷум гузашт, ки аксари кормандони ин ширкати бузург барои таҷлили ҷашни соли нави Чинӣ ба хонаҳояшон рафта буданд. Баробари хурӯҷи беморӣ ҳукуматдорони чинӣ дар Ухан карантин эълон намуданд. Акнун ин шаҳри калони Чин, ки беш аз 11 миллион аҳолӣ дорад, аз дигар нуқтаҳои кишвар ба куллӣ канда шудааст. Хориҷ шудан аз Ухан мисли ворид гаштан ба ин шаҳр бисёр душвор, гуфтан мумкин, ки ғайри имкон аст. Ин иқдоми ҳукуматдорони чинӣ роҳбарияти Foxconn ва Pegatron-ро саргаранг намудааст, зеро кормандони ширкат наметавонанд ба ҷойҳои кории худ ҳозир шаванд. Бо ҳамин сабаб фаъолияти корхонаҳои истеҳсолкунандаи iPhone ниҳоят суст гашта, дар масъалаи баровардани бор ба хориҷи кишвар бо мақсади тиҷорат низ мушкилиҳои зиёде ба миён омадаанд.
Тоҷикон дар Хитой аз карона-вирус сироят ёфтанд ё...?(видео)
Foxconn иддао дорад, ки новобаста ба вазъияти ба амал омада метавонад талаботи ниёзмандони хешро қонеъ гардонад, аммо коршиносон бар он назаранд, ки карона-вирус раванди истеҳсоли телефонҳои нави iPhone, хоса iPhone 9 ва SE 2-ро, ки мебоист дар семоҳаи аввали соли 2020 ба фурӯш мебаромаданд, ба таъхир андозад.
Телефонҳои iPhone дар Тоҷикистон низ талабгорони зиёде доранд, вале акнун дастрас намудани намудҳои нав ба нави он бо сабаби хурӯҷи корона-вирус дар Чин барои мардуми тоҷик душвор хоҳад гашт.
Ёдрас мешавем, ки шумораи қурбониёни корона-вирус дар Хитой торафт меафзояд. Тибқи маълумотҳои РИА-Новостӣ аллакай аз ин беморӣ 170 кас ҷон дода, ҳудуди 7711 нафари дигар мубталои ин вирус гаштаанд. Беморӣ бо суръати баланд дар сар то сари Чин паҳн гашта истодааст. Танҳо дар бадали як шабонарӯз 1738 нафар аз ин вирус сироят ёфтанд ва дар бадали 24 соат 38 нафар аз ин дарди қаттол бо ҳаёт абадан падруд гуфтанд.