Sebiston new 2024 october
Шри Девиро кӣ кушт?
4769

Пас аз як соли даргузашти супер-ситораи Болливуд Шри Деви ҳақиқати марги ин зани дар сар то сари олам машҳур рӯйи об баромада истодааст.

Шри Деви моҳи феврали соли 2018 ба тӯйи як хеши наздикаш ба меҳмонӣ рафта, дар яке аз меҳмонхонаҳои боҳашаммати шаҳри Дубай ба таври ногаҳонӣ аз олам даргузашт. Марги ин ситораи бузурги синамои ҳиндро он замон ҳамчун як ҳодисаи маъмулӣ арзёбӣ намуда, дигар паси ин рӯйдод нагаштанд, аммо пас аз як соли даргузашти актриссаи писандидаи миллионҳо одамони сайёра парда аз рӯйи асрор бардошта шуда, ин сир ошкор гаштааст...

Як манбаи интернетӣ менависад, ки роҳбари ҳабсхонаи Иёлоти Кералаи Ҳиндустон Ришираҷ Сингҳ дар ҳафтаномаи “Kerala-Kaumudi” маводеро ба табъ расонида, хабар додааст, ки ситораи бузурги синамои Ҳиндустон Шри Девӣ бо аҷали худаш намурда, ҳунарпешаи маҳбубро куштаанд. Сингх сирри марги ин ахтари тобони синаморо кушода чунин гуфтааст:

“Пас аз як соли аз олам гузаштани ситораи синамои Ҳинд Шри Деви дӯсти ташхисгарам Умадатан ба ман гуфт, ки марги Шри Деви куштор буд, на ҳодисаи ногаҳонӣ,-навиштааст Ришираҷ Сингҳ дармаводи худ.

Ришираҷ Сингҳ дар такя ба суханони дӯсти табибаш ва боз чанд ташхисгари дигар навиштааст, ки нақшаи куштори ин ҳунарпешаи машҳурро пешакӣ тарҳрезӣ карда буданд, аммо маълум нест, ки куштори супер-ситораи Болливудро кӣ ташкил кардаасту қотил кист. Наздикони Шри Деви дар ин бора умуман сӯҳбат кардан намехоҳанд. Шавҳари машҳуртарин зани Болливуд Шри Деви-Бони Капур, ки яке аз коргардонҳои шинхтаи Ҳиндустон ба шумор меравад, дар сӯҳбат ба рӯзноманигорон гуфтааст, ки ӯ коҳи кӯҳнаро бод кардан ва ба ин ҳама моҷароҳои аблаҳона равшанӣ андохтан намехоҳад.

Ёдрас мешавем, ки 24-уми феврали соли 2018 ҳунарпешаи машҳури ҳинд Шри Деви ба тӯйи як хеши наздикаш меҳмонӣ рафта буд, аммо ин тӯй ба мотами миллионҳо сокинони сайёра табдил ёфт, зеро ҷисми бе ҷони ин актриссаи машҳурро дар ҳаммоми яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Дубай пайдо намуданд. Сабаби марги ҳунарпешаро сароғоз дар зиёд нӯшидани нӯшокиҳои испиртӣ маънидод карданд, аммо наздикони Шри Деви мегӯяд, ки вай умуман шароб наменӯшид ва ҳаргиз қадаҳро ба даст нагирифта буд. Пас чи тавр як инсони баркамол дар ҳаммоми дохили меҳмонхона ғарқ мешавад?!

Шри Деви яке аз бунёдгузори Болливуд буда, аз ҷумлаи бузургтарин ҳунармандони синамои Ҳиндустон ба шумор меравад. Ин зани сар то по ҳунар дар Иёлоти Тамилнади Ҳиндустон ба дунё омада, дар зиёда аз 80 филми ҳунарии истеҳсоли синамогарони ҳинд нақш офаридааст. Барои нақшҳои хотирмонаш Шри Деви 16 маротиба ҷоизаи “Беҳтарин нақши занона”-ро бадаст овардааст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД