Formula novemver 2024
Дар Хитой 361-нафар аз бемории корона вирус ҷон бохтанд
4019


Шаҳри Ухан сохмони бемористони дуюмашро барои бемории сироятии Карона вирус сохта истодааст, ки рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад.

Бемористон бо 1000 тахти хоб, ки ҳукумати Чин барои муқобила бо вируси корона дар шаҳри Ухан зарфи тақрибан 10 рӯз бунёд кард, фаъолияти худро оғоз мекунад.
Ин беморхонаи махсус, маҳз барои мубориза бар зиди вируси сироятшавандаи карона вирус сохта ба истифода дода мешавад, ки масоҳати бемористани мазкур ҳудуди 25 -миллион метри мурабаро дар бар гирифта, бо тамоми талаботҳои стандардӣ ҷавобгӯ мебошад.

Мақомотҳои чинӣ эълон карданд, ки шумораи ҷонбохтагон бар асари ин вирус дар кишварашон ба 361 тан расидааст.

Расонаҳои давлатии Чин мегӯянд, бунёди бемористони нав дар шаҳри Ухан дар рӯзи 25-уми январ оғоз шуд ва қарор аст имрӯз, душанбеи 3-юми феврал оғоз ба табобати беморон кунад.

Хабаргузориҳо ва расонаҳои давлатии Чин гуфтаанд, бемористони дигаре низ дар минтақа дар ҳоли бунёд кардан аст, ки ба гуфтаи онҳо, то рӯзи чаҳоршанбе омодаи баҳрабардорӣ мешавад.


Нишонаҳои аввалини бемориро ин ҷавони тоҷик ҳанӯз санаи 13-уми январ дар вуҷуди худ эҳсос карда буд ва дар бадали 18 рӯз ин бемории қаттоу беамон риштаи ҷони ҷавони ӯро абадан барканд...

 


Дар ҳамин ҳол, шумораи қурбониён ва гирифторон ба вируси нав дар Чин ҳамчунон рӯ ба афзоиш аст. Дар ҳоли ҳозир беш аз 17 ҳазор нафар ба ин вирус мубтало шуда, шумораи ҷонбохтагон ба 361 нафар расидааст.

Мақомоти Тоҷикистон ҳам мегӯянд назорат дар марз бо Чинро шиддат бахшидаанд ва афроде, ки аз Чин вориди кишвар мешаванд, таҳти муоина қарор мегиранд.

Мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ аз сокинон хостаанд, ки дар авҷи паҳн шудани вируси хатарноки нав дар Чин, аз сафар ба он кишвар худдорӣ кунанд. Аз Тоҷикистон асосан тоҷирон барои харид ва овардани мол ба Чин мераванд.

Аз ин пеш, Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода хабар дод, ки дар Ухан, маркази кашфи вируси нав, ҳоли ҳозир 43 донишҷӯи тоҷик мондаанд. 18 нафари дигар чанде пеш барои таътил ба кишвар омадаанд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, "дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон ҳодисаи мубтало шудан ба вируси корона сабт нашудааст".

Чин ҳамсояи ҳаммарз ва яке аз манбаъҳои воридоти маҳсулоти сохтмонӣ, хӯрок ва ашёи дигар ба Тоҷикистон аст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД