Марги як бачаи маъюб дар Чин боиси аз вазифа сабукдуш гаштани ду мансабдор гашт.Янь Чэни 16-сола, ки бар асари фалаҷшавии майнаи сар дасту пойҳояш аз ҳаракат монда буданд, аз гуруснагӣ мурдааст.
Мансабдорони маҳаллӣ ду ҳафта қабл падар ва бародари ин навраси маъюбро бо гумони гирифтори ба бемории даҳшатноки коронавирус иҷборан ба мавзеи махсус-карантинная зона бурданд. Янь Чэн, ки аз модар маъюб ба дунё омада, аслан ҳаракат карда наметавонист, бе саробон монда, билохира пас аз як ҳафтаи яккаву танҳо зистан аз гуруснагӣ ҷон додааст. Баъди марги Янь Чэн табибон ҷасади ӯро ташхис намуда, ба хулосае омаданд, ки дар бадали як ҳафта ин бачаи маъюб ҳамагӣ ду маротиба хӯрок хӯрдаасту халос.
ДАР ХИТОЙ 361-НАФАР АЗ БЕМОРИИ КОРОНА ВИРУС ҶОН БОХТАНД
Марги ин навраси маъюб аз гуруснагӣ сару садоҳои зиёдеро ба миён оварда, боиси аз вазифа сабукдӯш гаштани котиби кумитаи маҳалли ҳизбии Хитой ва мири шаҳри Хубей гашт, зеро Янь Чэн бо аҳли оилааш маҳз дар ҳамин шаҳр зиндагӣ мекард.