Бо як фарзанд аз шавҳарам ҷудо шуда ба хонаи волидонам баргаштам. Дунё дар назрам тираву тор гашта, сарҳисоби корамро гум кардаам. Шумо ба мани дар нимароҳи зиндагӣ зору ҳайронмонда чӣ маслиҳат медиҳед?
Оиша
Оилавайронӣ ҳам барои мард ва ҳам барои зан зарбаи сахт аст, вале дар ин гардиши қисмат зан бештар азоб мекашад. Марди зандида дарҳол зан меёбад, аммо барои зани як бор оиладоршуда дубора пайдо намудани бахт бисёр душвор аст. Мо ба шумо панҷ маслиҳат медиҳем, то ин айёми вазнини зиндагиро сабурона паси сар намуда, киштии вайронаи бахтатонро аз нав обод созед.
Маслиҳати 1
Ҳар он чи аз саратон гузашт, ҳаволаашро ба Худо супоред. Бо ғайбату багӯйӣ аламатон камтар намешавад. Беҳуда дар бораи номардиҳои шавҳаратон гап зада ҳам асаби худ ва ҳам асаби наздиконатонро вайрон накунед. Гузаштаро мисли китоби куҳнашуда ба гӯшаи фаромӯшӣ афканед.
Маслиҳати 2
Оилавайрон шуда ба худ тамғаи бадбахтӣ нагузоред. Зиндагиро аз нав оғоз намоед. Мушкили шуморо ягон марди дунё осон намекунад, танҳо бо қувваи худ метавонед, аз вартаи яъсу ноумедӣ бароед. Имкон дошта бошед, ба курсҳои забономӯзӣ ё омӯзиши компютерӣ равед. Аз бечоранолӣ ба шумо суде намерасад, беҳтараш ягон касбу корро омӯзед.
Маслиҳати 3
Хушбахтии фарзандатон аз шумо вобаста аст. Фарзанд набояд модарро ғамгину чашмонашро гиряолуд бубинад. Дар он ки шумо ӯро ба дунё овардаед, фарзандатон гуноҳе надорад. Аз бадбахтии шумо фарзандатон набояд азоб кашад, ӯро аз муҳаббату хушбахтӣ маҳрум насозед.
Маслиҳати 4
Дарҳол ба ҷустуҷӯйи марди дигар набароед, чанд муддат танҳо зистанатон беҳтар аст. Ҳар рӯзи зиндагиятонро ба нақша гире два корҳоеро, ки замони шавҳардориятон мекардед, идома диҳед, то ки фарзандатон руҳафтода нашавад. Бештар ба сайругашт бароед.
Маслиҳати 5
Ба ҳеҷ ваҷҳ кӯшиши аз падараш ҷудо кардани фарзандатонро накунед. Падару фарзанд пайванди хунӣ доранд. Собиқ шавҳаратон хатои худро дертар мефаҳмад, зеро айни ҳол нисбати шумо бадбинӣ дорад. Шумо ҳам пайваста ӯро гунаҳкор ҳисобида ғалат мекунед, бо гузашти вақт хатогиҳои худатонро ҳам медидагӣ мешавед. Кӯшиш намоед, ки падараш дар зиндагии фарзандатон нақши муҳимро бозида пайваста дар паҳлӯяш бошад.