Хитоиҳо, кореягиҳо ва эрониҳо аз вирус дар ҳаросанду мардуми бофарҳанги тоҷик аз гуруснагӣ метарсанд. Куҷо шуд хиради наберагони Фирдавсию Рӯдакию Сино ва далерии фарзандони миллати Турсунзодаю Махсуму Шириншоҳ?
Бо шунидани сафсатаи бофтаю хаёлии кампиракони лаби ҷӯй ба даҳшат афтодему кӣ будани хешро фаромӯш кардем. Имрӯз дигар душмани асосии мо вирус не, балки тарсу ҳарос ва воҳимаи беасос аст.
Рӯзҳои охир дар тамоми бозорҳои кишвар аҳолӣ ба хариди маҳсулоти ниёзи аввал – орд ва равған машғуланд. Мавриди зикр аст, ки нархи орд дар бозор, тавре воҳимачиҳо гуфтанд, тағйир наёфтааст. Инчунин, дар кишвари мо захираи орд кофӣ аст. Бинобар ин, аз тамоми сокинони ҷумҳурӣ эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба таҳлука наафтанд. Орд ва равғанро аз нархи муқаррарӣ дида, бо арзиши қиматтар аз ҷаллодоне, ки зиёд мехоҳанд аз воҳимаҳо суйистифода намоянд, харидорӣ накунанд. Пешгирии беморӣ маънои ба таҳлука афтодан не, балки бартараф намудани хатар аст.
Баробари шунидани хабари ба кишварҳои ҳамсоя омада расидани коронавирус, сокинони Тоҷикистон ба харидани миқдори зиёди хӯрока пардохт.
Ширкати “Фаровон-1” яке аз ширкатҳои бузурги истеҳсолкунандаи орд дар ҷумҳурӣ буда, ба самъи аҳолӣ мерасонад, ки бо захираи маҳсулоти тайёр метавонад ҳамаро бо орди навъи гуногун ҳаматарафа таъмин намояд. Мушкилоте дар масъалаи ворид намудани гандум ба ҷумҳурӣ вуҷуд надорад. Ҳамчунин шарикони асосии онҳо аз Ҷумҳурии Қазоқистон даъват ба амал меоранд, то ки мардум ба таҳлука дода нашаванд.
Нуқтаҳои шахсии ин ширкати ватанӣ дар тамоми шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ амал мекунанд (Видео).