Шумораи умумии фавтидагон аз сирояти коронавирус Covid-2019 дар Хитой зиёда аз 2633- нафарро ташкил дод. Дар ин бора 25-феврал, комитети давлатӣ оид ба тандурустии ҶХХ иттилоъ дод. Дар Хитой ҳамагӣ 77 658 нафар аз коронавирус сироят ёфтаанд, 27 ҳазор бемор шифо ёфта, аз беморхона ҷавоб шудаанд. 47 672-кас ҳанӯз аз беморӣ азият кашида истодаанд, ки аз ин миқдор 9 126 нафар дар ҳолати вазнин қарор доранд, хабар медиҳад “РИА Новости”.
Қобили тазаккур аст, ки шумораи сироятёбандагони коронавирус дар Иёлоти Мутттаҳидаи Амрико то 53 нафар расид. Ҳолати гирифторони вирус дар Калифорния, Массачусетс, иёлоти Вашингтон, Аризон, Иллинойс ва Висконсин ба қайд гирифта шудааст.
КОРОНАВИРУС: БРЕНДҲОИ МАЪРУФИ ҶАҲОНӢ БА ХИТОЙ ХАЙР КАРДАНИАНД
Давлати дигаре, ки коронавирус дар он ҷо дар ҳоли авҷ аст, Куриёи Ҷанубӣ мебошад. Мақомоти тандурустии Куриёи Ҷанубӣ хабар медиҳад, ки дар маҷмӯъ 833 кас аз бемории мазкур сироят ёфтаанд ва 7 кас ба ҳалокат расидаанд. Пас аз Хитой Куриёи Ҷанубӣ аз ҷиҳати сироятёбӣ аз коронавирус дар мақоми дуввум қарор дорад. Ҳолати бештари сироятёбӣ аз вирус дар шаҳри Тэгу, ки 2,5 миллион аҳолӣ дорад, ба назар мерасад. Дар қатори давлатҳои мазкур, дар Ҷумҳурии Исломии Эрон низ зиёда аз 40 -нафар гирифтори вируси мазкур гардида, 12 кас гирифторони беморӣ фавтиданд.
Ғайр аз ин, дар музофоти Ҳироти Афғонистон дар сарҳад бо Эрон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шуд. Туркия, Покистон ва Афғонистон сарҳадро бо Эрон аз сабаби авҷ гирифтани беморӣ бастанд.