Formula novemver 2024
Коронавирус: Падар шифо ёфту писар аз гуруснагӣ фавтид!
3466

 

Тибқи хабаргузории Риа Новости, Ян Чэн  аз бемории коронавирус шифо ёфт. Ӯ танҳо мехоҳад зиндагии оромона  дошта бошад.

Ян Сяовени 49-сола рӯзи 12 феврал аз як муассиса бар асари гирифтори коронавирус  ба  беморхона интиқол ёфт. Ӯ айни ҳол бо писари калониаш дар шаҳраки Синхуаи Хуанганг таҳти назорати ҷиддии тибибон қарор дорад. Писари Ян маъюб мебошад, бахташ омад карду худаш бошад шифо ёфт .

“Ин даҳшат замоне оғоз ёфт, ки ман нишонаҳои табларза, сулфа ва дарди қафаси синаро дар вуҷуди худ ҳис кардам”,-гуфт Ян зимни суҳбат бо хабарнигорон. 


КОРОНА ВИРУС САРИ БАЧАИ МАЪЮБРО ХӮРД


Падар ва писари хурдии ӯ Ян Ҳонгвеи 11-сола 23 январ аз ҷониби мақомоти марказӣ дар бемористон бистарӣ карда шуданд. Аммо писари 17-солааш Ян Ченг, ки фалаҷи мағзи сар дошту бо маъюбии вазнин дар хона бидуни нигоҳубини доимӣ буд, аз нахӯрдани  хӯрок пас аз шаш рӯзи беморӣ аз олам чашм пӯшид .

Ҳангоми карантин эълон шудан Ян Сяовени барои кӯмак ба писари маъюбаш ба саҳифаи Twitter-и ҳукумати Чин паёмак ирсол карда буд ва даъво аз он намуда буд, ки ҳангоми дар карантин қарор доштан писари маъбаш дар хона бе назорат монда буд, ки дар натиҷа аз гуруснагӣ ба ҳалокат расид.  Духтурон бояд ҷавоб диҳанд.  Аммо пас аз як рӯзи даъво паёмак азTwitter нест карда шуд.


КАРОМАТУЛЛОРО БАРОИ ПРАНКИ КОРОНАВИРУС ҲАБС КАРДАНД


Мувофиқ ба изҳороти Сяовени нигоҳубини писари маъюбашро ба духтурони деҳа супорид. Ҳарчанд онҳо вазифадор буданд, ки кӯдаки маъбро бе назорат намонанд , вале вируси корона ба онҳо баҳона шуда, барои иҷрои ӯҳдадориҳову ғамхорӣ ва масъулияташон ҳаргиз кӯшиш накардаанд.  Фавт аз гуруснагӣ боиси сар задани сару садоҳои бисёр гашт, ки оқибат ба он оварда расонд,ки котиби кумитаи маҳаллии ҳизби ҳоким ва мири шаҳри Ҳубей аз вазифа сабукдӯш карда шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД