arzon replenishment
Тоҷикбачае, ки аз коронавирус наметарсад
5313


Новобаста ба вазъияти шадиде, ки бо сабаби хурӯҷи коронавирус дар Чин ба амал омадааст, ҳанӯз ҳам шумораи зиёди донишҷӯёни хориҷӣ дар ин кишвар боқӣ мондаанд.

Яке аз ин ҷавонон донишҷӯи тоҷик Бахтиёр Шукурзода мебошад, ки айни замон дар маркази эпидемияи коронавирус-шаҳри Ухан зиндагӣ карда истодааст.

Ин ҷавони 23-сола ҳанӯз панҷ сол пеш бо нияти фатҳ намудани қуллаҳои дониш ба Хитой сафар намуда буд ва айни замон дар курси дуюми аспирантураи Донишкадаи Хубей таҳсил мекунад. Бахтиёр рӯзҳои аввали хурӯҷи коронавирусро дар Чин ба хотир варда мегӯяд:
-Ин беморӣ ҳанӯз моҳи декабри соли 2019 аз худ дарак дода буд, вале дар оғоз ба он чандон аҳамият намедоданд. Баъдан коронавирус бо суръати баланд ба ҳуҷум гузашта, ҳазорон-ҳазор одамонро аз по афтонд. Вақте аз телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҷасади садҳо одамони аз коронавирус мурдаро намоиш доданд, то кадом андоза ҷиддӣ будани вазъиятро пай бурда, ман ҳам ба ташвиш афтидам...


ШУМОРАИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС БА 50000 НАФАР РАСИД


Хурӯҷи шадиди беморӣ ҳаёти донишҷӯёни хориҷиро низ мисли ҳаёти тамоми сокинони Ухан тағйир дод. Дар шаҳр вазъияти фавқулода эълон шуда, пайдо кардани нақлиёти ҷамъиятӣ бисёр душвор гашт, ҳаракати таксӣ ва намудҳои дигари нақлиёт низ маҳдуд карда шуд.
Барои таъмини бехатарии донишҷӯён донишкада шакли таълимро тағйир дод. Акнун донишҷӯён барномаҳои таълимиро тариқи интернет дар шакли онлайн меомӯхтанд. Дар назди донишкада мағозаи махсус кушоданд, то ки донишҷӯён дар дастрас намудани маводи хӯрока душворӣ накашанд.
Акнун Бахтиёр аҳён-аҳён ба кӯча мебарояд ва рӯзҳои дароз дар хобгоҳи донишкада ба мутолиаи китобҳои гуногуни илмиву адабӣ машғул аст. Ин донишҷӯи тоҷик мегӯяд, ҳуҷраи хоб, балкон ва ошхона барояш тамоми дунё гаштааст. Дилаш бисёр мехоҳад ба сайру тамошои кӯчаҳои шаҳр баромада аз ҳавои тоза нафас кашад, вале хуб медонад, ки барои чунин саёҳат ҳанӯз барвақт аст.
Бахтиёр Шукурзода мисли баъзе донишҷӯёни хориҷӣ аз ҳукуматдорони Чин гила намекунад, ки онҳоро ба ҳабси хонагӣ гирифтор намудааст, зеро ба хубӣ дард менамояд, ки ин ҳама чораҳо танҳо ба хотири пешгирии паҳншавии бошиддати коронавирус андешида шудаанд ва мушкилиҳои пешомада муввақатӣ мебошанд.


7- ДОНИШҶӮЙИ ТОҶИК БА КАРОНАВИРУС ГИРИФТОРАНД Ё...?


-Волидонам аз саломатии ман дар ташвиш ҳастанд ва тез-тез занг зада, хоҳиш мекунанд, ки худамро эҳтиёт намоям. Ман онҳоро дилпур месозам, ки бидуни зарурат ба кӯча намебароям. Ин шабу рӯзҳо ҳар як инсон бояд эҳтиёткор бошад, то ки ҳам худаш ва ҳам дигаронро сироят намуда, ба ин дарди бад гирифтор насозад,-мегӯяд ин донишҷӯи тоҷик, ки айни замон дар байни вулқони коронавирус-шаҳри Ухан зиндагӣ карда истодааст.
Бахтиёр Шукурзҳода боварӣ дорад, ки ҳукумати Чин бар ин вирус ғолиб меояд ва бо дили пур мегӯяд:
- Коронавирус бемории саҳлу андак нест, ин вирус дар кадом кишваре, ки хурӯҷ намекард, албатта ҳангомаву валвала ва душвориҳои зиёдеро ба миён меовард. Ман ба малакаи табибони чинӣ эътимод дорам ва бо боварии комил гуфта метавонам, ки коронавирус дар Чин саркӯб хоҳад шуд. Фақат барои ин вақт ва каме сабру таҳаммул лозим асту халос...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД