Коронавирус-ин бемории даҳшатзо, ки рӯзҳои охир андаке шиддаташ коҳиш ёфта буд, дубора бо суръати баланд авҷ мегирад. Олимон ва табибони машҳур ин ҳафта усули нави ташхиси ин вирусро роҳандозӣ намуданд. Ташхис бо усули нав собит сохт, ки ҳазорон -ҳазор одамони дар ташхисҳои қаблӣ солим баромада дар асл гирифтори коронавирус ҳастанд ва манбаъи сироятёбии дигарон гашта метавонанд...
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар музофоти чинии Хубэй-маркази эпидемии каронавирус-тасдиқ намудааст, ки шумораи гирифторони ин вируси хатарнок дар бадали як шабонарӯз 10 маротиба афзуда ба 14 840 нафар расидааст. Танҳо дар ду рӯзи охир дар Чин 242 нафар аз ин дарди беамон ҷон додаанд.
Духтурони чиние, ки каронавируси навро таҳқиқ намуданд, муайян кардаанд, ки давраи ноаёнӣ (инкубатсионӣ)-и ин беморӣ дар асл 14 рӯз набуда, мутобиқан аз 3 то 24 рӯзро ташкил медиҳад. Аксари шахсоне, ки муддати 14 рӯз дар карантин буданду баъдан ҳамчун одами солим аз беморхона ҷавоб шуданд, шояд дар асл вирус ҳоло ҳам дар ҷисмашон бошад. Онҳо метавонанд ҳам худашон бемор шаванд ва ҳам атрофиёнро сиоят намуда, боиси бештару бештар доман паҳн кардани ин касалии хатарнок гарданд.
БАРГАШТАНИ ТОҶИКОН АЗ ВУҲАН ТО КАДОМ АНДОЗА ХАТАРНОК АСТ?
Ҳамин тавр, тибқи маълумотҳои комиссияи тиббӣ шумораи умумии сироятёфтагон аз коронавирус имрӯз дар Чин ба 48 206 нафар расидааст.
“Мо шумораи ташхисшудагони клиникиро ба шумораи ҳолатҳои муайяншуда дохил мекунем, то ки беморон табобати саривақтӣ бигиранд”-изҳор доштаанд намояндагони мақомоти тандурустии Чин.
Аввал беморонро танҳо ба воситаи маҷмӯи тестӣ ташхис менамуданд ва дар натиҷа дар кишвар аз ҷиҳати таъминоти воситаҳои ташхиси мазкур танқисӣ ба миён омад.
“Вақте ки духтурон пневмония (варами шуш)-ро ташхис мекунанд, онҳо этиологияи бемориро танҳо дар ҳолатҳои 20–30% муайян карда метавонанд. Мо бояд ба ташхиси клиникӣ дар ҳолатҳои 70–80% такя кунем. Зиёд кардани ташхиси ҳолатҳои клиникӣ ба мо имкон медиҳад, ки дар робита ба ин беморӣ қарори иловагӣ қабул намоем,”- мегӯяд Тонг Чжаохуэй (Tong Zhaohui), коршиноси гурӯҳи марказӣ ва ноиби президенти беморхонаи Чаоян дар Пекин.
7- ДОНИШҶӮЙИ ТОҶИК БА КАРОНАВИРУС ГИРИФТОРАНД Ё...?
Духтур Хо Паклён, коршиноси тиб аз Донишгоҳи Гонконг меъёри тағйироти ташхис дар Ҳубэйро дасгирӣ намуда, мегӯяд тибқи меъёри қаблӣ баъзе беморон пеш аз гузарондани таҷзияи духтурон метавонистанд ба ҳалокат расанд.
Ба гуфти табибон коронавирус нав дар маҳсулоти баҳрӣ ва гӯшт падид омадааст. Ин вирус ҳоло расман ҳамчун Covid-19 шинохта шудааст ва тибқи баъзе маълумотҳо аллакай дар ҳудуди 24 кишвар паҳн гаштааст.