Arzon march 2024
Баргаштани тоҷикон аз Вуҳан то кадом андоза хатарнок аст?
7214

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» 54 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла 45 нафар донишҷӯён аз шаҳри Ухани Ҷумҳурии Мардумии Чин, маркази пайдоиши коронавирус, ба Ватан баргардонида шуданд.

Ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр», ки дирӯз бо ин мақсад ба Чин парвоз карда буд, имрӯз соати 6-и субҳ дар Фурудгоҳи низомии «Айнӣ», воқеъ дар 15-километрии Душанбе, фуруд омад,
Шаҳрвандони аз Чин баргаштаро кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ намудаанд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар доданд, шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки аз Ухан баргардонида шуданд, ду гуруҳи табибон қабул намуданд. Ин шаҳрвандон муддати ду ҳафта дар карантин ва ё зери назорати табибон хоҳанд буд. Онҳо ҳар рӯз се маротиба бо хӯроки ройгон таъмин карда, чандин маротиба ҳарорати бандан ва вазъи саломатиашон санҷида мешавад.


МУСТАФО, ДОНИШҶӮИ АЗ УХАН БАРГАШТА: ЗАХМИ СУХАН АЗ КОРОНАВИРУС БАДТАР АСТ!


Ба эҳтимоли зиёд шаҳрвандони баргашта давраи карантини худро дар осоишгоҳи «Харангон»-и ноҳияи Варзоб сипарӣ хоҳанд намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан бо истинод ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Насим Олимзода хабар дода буд, барои пешгирӣ аз сироят ва паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявии доимамалкунанда таъсис дода, дар ҳамаи 27 гузаргоҳи марзӣ навбатдории шабонарӯзии табибон ва мутахассисони идораю муассисаҳои дигари дахлдор ташкил карда шудааст. То рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта 645 нафар шахсоне, ки аз Чин ба Тоҷикистон омадаанд, бо карантин фаро гирифта шудаанд. Аксари онҳо донишҷӯён ва соҳибкорон буда, 47 нафарашонро шаҳрвандони Чин ташкил медиҳанд.


РУСИЯ: ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИКРО АЗ УХАН ИНТИҚОЛ НАМУД


Бино ба қавли Насим Олимзода, аз байни шахсони дар карантинбуда то охири ҳафтаи гузашта ягон ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД