arzon replenishment
Кароматуллоро барои пранки коронавирус ҳабс карданд
6251
Кароматуллоро барои пранки коронавирус ҳабс карданд

 

Додгоҳи ноҳияи Черёмушкии шаҳри Маскав рӯзи 10-уми феврал пранкери тоҷик Кароматулло Ҷабборовро ба мӯҳлати як моҳ ба ҳабс гирифт.

Ҷаборов барои пранки коронавирус дар метрои Маскав бар асоси қисми якуми моддаи 213-уми Кодекси ҷиноятии Русия ба авбошӣ муттаҳам мешавад....

Рӯзи 2 -юми феврал 5 ҷавони аз 17 то 25-сола – се шаҳрванди Русия, як зодаи Қирғизистон ва як зодаи Тоҷикистон дар вагони метрои Маскав, ки аз истгоҳи "Полежаевская" ба самти истгоҳи "Улица 1905 года" ҳаракат дошт, мардумро бо коронавирус тарсонданд. Дар видео дида мешавад, ки яке аз онҳо, ки дар рӯяш ниқоб кашидааст, якбора дар байни вагон аз ҳуш меравад ва ба даступо задан сар мекунад. Мардум аввал мехоҳанд кӯмак расонанд, вале касе аз пранкерҳо мегӯяд, ки вай гирифтори коронавирус аст. издиҳом бо шунидани ин сухан якбора ба ҳарос афтида, аз бари вай дур мешаванд ва баробари ба истгоҳ расидани метро тарки вагон мекунанд.


Вақте ки волидонаш барои бурдани кӯчу банди духтарашон омаданад, модарам ба ман занг зад. Тариқи телефон талоқи занамро додам, то ки дигар ба умеди ман нашавад.

 


Ба гуфтаи намояндагони мақомоти тафтишотӣ Кароматулло Ҷаборов ин саҳнаҳоро наворбардорӣ карда, дар Интернет гузоштааст.

Адвокати Кароматулло Ҷаборов ба ТАСС гуфт, дар кирдори зерҳимояаш ягон таркиби ҷиноят дида намешавад ва ӯ бознигарии ҳукми ҳабсаи Ҷаборовро талаб хоҳад кард. Ба гуфтаи адвокат, Ҷабборов танҳо ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи ҷомиа ба масъалаи коронавирус ин пранкро сабт ва паҳн кардааст.

"Ин видеоро набояд аз видеоҳои дигар ҷудо кард. Онҳо дар мағозаҳо чанд видеои дигар низ сабт кардаанд ва аз мардум мепурсиданд, ки дар бораи коронавирус чӣ маълумот доранд. Дар дорухонаҳо, ки ниқобҳои тиббиро бо нархи гарон мефурӯхтанд, видео мекарданд. Онҳо таваҷҷуҳи мақомотро мехостанд ҷалб кунанд, ин ҷо ягон таркиби ҷиноят нест”, - нақли қавл кардааст аз Попов хабаргузории ТАСС.

Худи Кароматулло Ҷабборов низ гуфтааст ҳадафаш ягон хайп набуд, балки мехост таваҷҷуҳи мардумро ба ин масъалаи ҷиддӣ ҷалб кунад, аммо бо вуҷуди ин, додгоҳи Черёмушки дархости тафтишотро қонеъ гардонда, Ҷаборовро барои як моҳ ба ҳабс гирифт.

"Бо қарори додгоҳи ноҳияи Черёмушкии шаҳри Маскав дархости тафтишот нисбат ба Ҷабборов К.С. дар мавриди ба ҳабс гирифтани ӯ то 8 март қонеъ гардонда мешавад ", - гуфтааст дар ҳукмаш судя Наталья Журавлёва.


МАКГРЕГОР ҲАБИБРО ШИКАСТ МЕДИҲАД?

 


Пулис ҳоло шарикони Кароматулло Ҷабборовро ҷустуҷӯ дорад. Бино ба иттилои хабаргузории «Москва», гумонбарон 5 ҷавони аз 17 то 25-сола буда, се нафари онҳо шаҳрвандони Русия, як нафар аз Қирғизистон ва як нафари дигар аз Тоҷикистон мебошанд. Нақши маризи гирифтори коронавирусро зодаи Қирғизистон, ки бо чашмони тангаш ба хитоиҳо шабоҳати бештар дошт, бозӣ кардааст.

Кароматулло Ҷаборов 25 сол дошта, дар шаҳри Маскав кор ва зиндагӣ мекунад. Ӯ дар Маскав ба ҳайси бармен, пешхидмат ва кассир кор карда, дар вақтҳои холӣ аз кор барои Ютуб видео ба навор мегирифту нашр мекард.

Муфаттиш ибтидо мехост нисбат ба вай аз ҳабси хонагӣ ҳамчун чораи пешгирӣ истифода шавад, вале маълум шуд, ки ӯ дар хонае, ки ҳангоми бозпурсӣ нишон дода буд, зиндагӣ намекунад. Ба ин далел, муфаттиш аз додгоҳи ҳукми ҳабси Ҷаборовро талаб кардааст.

Дар робита ба пранки коронавирус шуъбаи бозҷӯии пулиси метрои Маскав бо иттиҳоми авбошӣ парванда кушодааст. Ба пранкерҳо барои ин шӯхии ноҷо то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД