Formula novemver 2024
МакГрегор Ҳабибро шикаст медиҳад?
5161


Ду рақиби пурқувват-қаҳрамони Доғистонӣ Ҳабиб Нурмагомедов ва варзишгари ирландӣ Конор МакГрегор тирамоҳи 2020 дубора қувваозмоӣ хоҳанд кард.

МакГрегор моҳи январ Доналд Серронро мағлуб кард ва акнун метавонад бо қаҳрамони UFC Хабиб Нурмагомедов ба муҳориба барояд, ба шарте, ки Ҳабиб рақибаш Фергюсонро мағлуб карда тавонад.

«Конор мегӯяд, ки интизор шудан намехоҳад, аммо намедонам, ки ин мубориза барои ӯ чӣ маъно дорад? Пас аз муҳорибаи Ҳабиб ва Тони моҳи шарифи Рамазон ғоз хоҳад шуд. Фикр мекунам, ки вақти муҳорибаро иваз кардан лозим аст”- гуфтааст Дана Уайт, намояндаи вазишгар.


ҶАВОНМАРДИ ГОВҶИГАРИ ӮЗБЕК ҲАБИБ НУРМАГАМЕДОВРО МАҒЛУБ КАРДАНИСТ.


Ёдрас мешавем, ки нахустин муҳориба миёни Нурмагомедов ва МакГрегор тирамоҳи соли 2018 баргузор шуда буд. Конор қабл аз муҳориба Ҳабибро бисёр паст зада, аз худ варзишгари оҳанин метарошид ва дағдағаи бисёре мекард, аммо дар набарди тан ба тан бо Нурмагамедов шармандавор бозиро бохт. Муҳориба бо ғолибияти варзишгари мусалмон анҷом ёфта бошад ҳам, Конор МакГрегор ба бохти худ тан надода, ҳамеша иддао менамуд, ки Ҳабибро ба хоки сиёҳ яксон хоҳад кард. Акнунин варзишгари ирландӣ мехоҳад боз як бори дигар бахти худро санҷад, аммо ғалаба ин дафъа ба кӣ насиб мегардад, ҳанӯз муаммост.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки бародари Ҳабиб Нурмагомедов низ бо UFC шартнома бастааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД