Мунаввар ба худ омада аз торикии гур ва тангии лаҳад тарсид.
Ӯ фаҳмид, ки зинда дар гӯр аст.
Кафан дар тан, ваҳм дар дил, ҳазор фикр аз сараш бигзашт.
Доду вой кард, модар, наздиконашро ном гирифта, фарёд зад, аммо касе садояшро нашунид.
Духтари кафанпеч, хоки нарми гӯрро бо ангуштони нозукаш харошида, раҳоӣ меҷуст.
Аз сирру асрори чанд соат дар гӯр хобидан ва лаҳадро ба дод овардани Мунаввар, танҳо Худованд ва худи ӯ огаҳанд.
Ба ҷузъ модари Мунаввар, дигар ҳама мардуми маҳаллаи Лучоб ва он тараф Хоҷамбиёи болову поён дар хоби ноз буданд. Модар болои ҷойнамоз бо Худованд роз мегуфт, зикру тавалло дошт. Аз гиряи бисёри зани фарзандгумкарда, дили табиат сӯхтагӣ барин, борони шибитак меборид. Осмон баробари модари Мунаввар ашк мерехт. Дили чарх ба ҳоли ӯ сӯхта, сукут дошт.
Субҳи солеҳон, вақте муллои деҳаи Хоҷамбиёи боло бо ду тан аз аҳли хонаводаи Мунаввар ба хоксалом омаданд, садои гӯшхарошеро шунида, шитобиданд. Садо аз гӯри Мунаввар мебаромад, ки:
-Ҳой мардум, ман зиндаам! Маро зинда ба хок супоридаед!
Оча, ака, куҷоед? Ин манам Мунаввари шумо, охир чаро овозамро намешунавед? Биёед маро аз гӯр бадар созед! Вой доооод,од,од! Наход ягон кас маро нашунавад? Ман Мунавварам, зиндаам, наҷотам диҳед...
Муллоэмом оятеро мутолиа намуда, ба бародарони Мунаввар супориш дод:
-Бачаҳо, ана аз ин ҷо гӯрро кандан лозим, шитобед!
Гиребони ҷелакашро бо ду даст дошта, муллои деҳа тавба карда, ашк мерехт. Лаҳзае пас ӯ ҷелаки танашро бароварда, болои гӯр гузошт ва ба ду бародар рӯ оварда гуфт:
Ман дуртар рафта меистам, шумо натарсед. Ҳамин ки хоҳаратонро аз лаҳад баровардед, ҷелаки маро ба ӯ пӯшонед...
Ду бародар бо аломати ризо сар ҷунбонда, супориши муллои деҳаро иҷро карданд. Вақте онҳо Мунавварро аз зери ғарами хоки нарм берун мебароварданд, авзои беҷо, сару рӯи сурхгаштаву мӯи парешонашро дида, ҳайрон шуданд. Мунаввар дар 1 шабу ним рӯз куллан тағйир ёфта буд. Духтари шонздаҳ ба ҳабдаҳ қадам мемондагӣ акнун пиразанеро мемонд.
***
Қабристон дар теппаи баланд ҷо дошт. Манзили зисти апаи Гулноро, модари Мунаввар каме дуртар, дар нишебӣ буд.
Апаи Гулноро бо ду писар: Уктам, Рустам ва духтараш Мунаввар дар деҳаи “Ҳоҷамбиёи боло”, кӯчаи Хоҷамбиё, хонаи №10 зиндагӣ мекард. Модар фарзандонашро дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, тифоқӣ ва илмомӯзӣ парварида, ҳарсеро баробар дӯст медошт. Агар себе ба даст дошта бошад, онро чор тақсим карда, якеро худ ва се пораи дигарро ба ҷигаргӯшаҳояш дароз мекард.
Мунаввар шонздаҳсолагиро пур карда ба синни ҳабдаҳ қадам мегузошт ва духтари шух буд. Ҳафтае ду ва гоҳо се маротиба сар мешуст, аз ҳамин хотир модару бародаронаш ба ӯ “олуфтабегим” лақаб ниҳода буданд.
Дар тарафи дасти рости даромадгоҳи ҳамоми апаи Гулноро, болои курсии чубин, ки мардуми рус “табуретка” меномандаш, асбоби худсохти обгармкунӣ гузошта шуда буд. (Дар баъзе ҳамомҳо то ҳол ҳамингуна обгирҳо “бакҳои” калоне, ки аз поён ба хати барқ насб шудаанд, арзи ҳастӣ доранд) Бо мурури замон ҳар чор пояи чубини он курсии кӯҳна нам кашида, хавфу хатари аз худ гузаронидани барқро доштанд.
Апаи Гулноро зани қоматбаланди зебо, тозакор, модари мушфиқу меҳрубон буд. Намегузошт, ки ба пои фарзандонаш хоре халад, аммо ҳар қадар мекӯшид, сарфарои рӯзгори аждаҳорро намерафт. Зани бечора як кунҷи ҳавливу хонаву дарашро обод мекарду дасташ ба кунҷи дигар намерасид. Шояд аз ҳамин боис, таъмиру тармими он обдони калони ба нерӯи барқ насбгардида аз мадди назараш дур монд. “Сад афсӯс, ки мо намедонем дар куҷо пешпо хоҳем хӯрд, вагарна ба таги поямон қабати ғафси коҳро мепартофтем” гуфтагӣ барин, модари Мунаввар аз расидани фалокат огоҳ набуд.
-Ҳа, имрӯз дастам нарасид, пагоҳ ҳатман мутахассиси қувваи барқ “электрики” деҳаро ҷеғ зада, хоҳиш менамоям, ки обгармкунаки ҳамомро соз кунад, - гӯён, апаи Гулноро нияти нек мекард, лекин субҳи рӯзи дигар думболи кору бори рӯзгор саргардон гашта, ин чизро аз ёд мебаровард.
Мунаввар нимаи рӯз ба ҳамом даромада, даст ба обдони барқии чиҳиллитраи калон андохт. Мехост фаҳмад, ки об гарм шудааст ё на, аммо баробари дасташро ба обдон бурдан ларза бар ҷонаш афтид. Гӯё дасте дасташро маҳкам дошта гирифта буд ва он панҷа чунон боқувват буд, ки Мунаввар наметавонист раҳоӣ ёбад. Пас аз муддате таккон хӯрдан ва ларзида сиёҳу кабуд гаштанҳо, ҷисми беҷони Мунаввар ба замин афтод.
Доду фиғони апаи Гулноро ҳамсояҳоро ба ташвиш андохта сӯйи хонаи ӯ шитофтанд.
-Чӣ ҳодиса рух дод?-Мепурсиданд мардум аз ҳамдигар.
Апаи Гулноро ҷисми беҷни духтарашро ба оғӯш кашида, бо доду фиғон хонаву ҳавлиро ба сараш бардошта буд.
Оҳ Мунаввари хушрӯи очае,е,е,е! Очат мурад, ки ту аз ин дунё чӣ дидаиву чӣ ормонҳо ба хок мебарӣ..., - гӯён, нолидани модари даступохӯрда ҳозиринро мушавваш сохт. Вақте фаҳмиданд, ки чӣ воқеа рух додааст, ҳар кадом аз пеши худ маслиҳате медоданд. Яке белу дигари каланд ба даст гирифта, бошитоб, миёни боғ чуқурие канданд. Мардони дунёдида, ҷисми сардгаштаи Мунавварро то манаҳ ба он чуқурӣ хобонда, болояшро бо хок пӯшонданд.
Нафас дар гулӯи ҳозирин дармонда буд. Ҳама Худо мегуфтанду ба худ омадани Мунавварро аз даргоҳи Илоҳӣ таманно доштанд. Соати девор тик-тиккунон дар ҳаракат, вале Мунаввар ҳамоно беҳуш бо ранги парида, то манаҳ зери хоки сард мехобид.
Намози шом шуд. Баъзеҳо ба хонаҳояшон намозхонӣ рафтанд.
Апаи Гулноро аз дари ҳавлӣ ба он кунҷ ва аз он кунҷ то боғ роҳ мерафту лаҳзае хомӯш намегашт. Ӯ мурғи чуҷагумкардаеро мемонд, ки бо қут-қути худ чӯҷаашро пайдо кардан мехоҳад.
Аз байн беш аз панҷ соат гузашт. Дар ин миён мошини ёрии таъҷилӣ бо чанд нафар табибону хоҳарони шафқат омада, ба ҳалокат расидани Мунавварро тасдиқ карданд.
Шаб то субҳ деҳаи “Хоҷамбиёи боло” мотам дошт. Мардуми деҳаҳои гирду атроф аз “Лучоб” сар карда, то “Чорбоғ” аз ин хабари шум, ғамгин гаштанд. Хешу табор, аҳли ақрабо, худиву бегона ба ҷанозаи Мунаввар раҳакӣ буданд...
(Идомаи саргузашти Мунавварро пагоҳ, соати 10.00 интизор бошед)