Ман мухлиси сарояндаи ӯзбекистонӣ Озода Нурсаидова ҳастам. Таҳти сурудҳои дилангезаш шабҳо хоб мераваму баробари равшан шудани чашми рӯз боз фиттаи Озодаро мегузорам.
Сурудҳои ширинашро шунида, ҷонам роҳат мекунад. Мазмуни таронаҳояшро нафаҳмам ҳам, оҳанг ва садои ширадори Озода Нурсаидова маро ба олами рангини ишқу муҳабат ва орзуву умедҳои ширин мебарад. Гӯш ба садои ин бонуи булбуловоз дода, тамоми ғаму ғӯссаи диламро фаромӯш мекунам. Рақсҳояш он қадар ҷаззобанд, ки чашмам аз тамошои печутоби қоматаш роҳат мекунад.
Дирӯз як овозаи нохушро шунида, ҳуш аз сарам парид. Мегӯянд, ки Озода Нурсаидоваро куштаанд. Наход, ки ин хабари шум рост бошад?
Ситора, ш, Хуҷанд
Посух
Озода Нурсаидова дар шаҳр Тошканди Ӯзбекистон дар оилаи марди деҳқон ба дунё омадааст. Вай аз хурдиаш орзу дошт, ки ба факултаи ҳуқуқ дохил шуда, ҳомии қонун шавад, лекин аз имтиҳон нагузашт. Нокомӣ Озодаро ба он водор намуд, ки маҷрои зиндагиашро дигар карда, домони ҳунарро дорад. Сурудҳои ӯзбекӣ, туркӣ ва арабиаш ба зудӣ номи Озодаро вирди забони хурду калон гардониданд. Озода Нурсаидова натанҳо дар Ӯзбекистон, балки дар дигар кишварҳо низ шуҳрат дошта, бо ситораҳои ҷаҳонӣ дӯстии наздик дорад. Сергей Безруков, ситораи синамои рус яке аз дӯстони ҷонии Озода Нурсаидова мебошад. Ин ду ситора ҳамеша дар иртибот ва дар тамоми мушкилот дастгиру мададгорӣ ҳамдигаранд.
Ҳукуматдорони собиқи Ӯзбекистон Озодаро чандон дӯст намедоштанд ва дар ҷашну консертҳои расмӣ роҳ намедоданд, аммо ин монеасозиҳо натавонистанд шӯҳрат ва маҳбубияти ҳунарманди асилро коста созанд. Овозаҳо дар бораи он ки гӯё Озода Нурсаидоваро куштаанд, ягон асос надоранд. Ин хонуми сар то по ҳунар зиндаву саломат буда, мудом аз паси эҷод аст ва шӯҳраташ сол то сол меафзояд.