Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз пур аз идеяҳои нав ва илҳоми корӣ мешавед. Метавонед нақшаҳои деринаи худро амалӣ намоед, ки ин ба эътимод ва рӯҳбаландии шумо қувва мебахшад. Дар кор хуб аст, ки ба ҷузъиёти хурд диққат диҳед, то аз мушкилиҳо пешгирӣ кунед. Дар муносибатҳои ошиқона хурсандӣ ва вохӯриҳои ғайричашмдошт эҳтимол доранд. Суҳбатҳои самимӣ бо наздикон робитаро мустаҳкам месозанд. Варзиш ва ғизои дуруст ба шумо неру мебахшанд.
Савр (20 апрел-20 май)
Ин рӯз имконият медиҳад, ки масъалаҳои молиявиро аз нав дида бароед. Шояд роҳҳои нави даромад пайдо кунед ё хароҷотро беҳтар танзим намоед. Бояд аз саросемагӣ худдорӣ карда, бо фикри амиқ амал кунед. Дар муносибатҳо гуфтугӯи ошкоро бо наздикон муҳим аст, он нофаҳмиҳоро дур карда, ҳамоҳангиро меорад. Ба саломатӣ низ аҳамият диҳед: машқҳои сабук ва парҳези солим ба шумо қувва мебахшанд.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Рӯзи пур аз вохӯриҳо ва ҳодисаҳо интизори шумост. Интуицияатон роҳнамо гашта, барои қабул кардани қарорҳо кумак мекунад. Дар касбу кор агар фаъол бошед, мавқеи шумо беҳтар мегардад. Кордонӣ ва дастгириҳоятон аз тарафи ҳамкорон қадр карда мешавад. Дар хона бошад, вақти бештар бо наздикон гузаронед. Муоширати гарму самимӣ ба шумо неруи тоза мебахшад.
Саратон (21 июн-22 июл)
Имрӯз эҳсосотатон равшан ва қавӣ хоҳанд буд. Ба ҳисси ботинии худ гӯш диҳед, он роҳи дурустро нишон медиҳад. Дар касбу кор имкони нишон додани истеъдоди худро доред ва иҷрои корҳои душвор ба шумо қаноатмандӣ меорад. Дар муносибатҳои ошиқона диққат ва ғамхорӣ зарур аст. Суҳбатҳои ошкоро нофаҳмиҳоро дур мекунанд. Вақте ки бо наздикон вақт мегузаронед, шодиву оромӣ эҳсос мекунед.
Асад (23 июл-22 август)
Ин рӯз барои эҷодкорӣ хеле мувофиқ аст. Шумо метавонед фикрҳои ҷолибро нишон дода, таваҷҷуҳи дигаронро ба худ ҷалб намоед. Ҳамкорон ташаббусҳои шуморо қадр мекунанд. Дар ҷодаи муҳаббат бошад, шуморо лаҳзаҳои пурмуҳаббат ва ошиқона интизор аст. Суҳбатҳои самимӣ муносибатро мустаҳкам месозанд ва фазои эътимодро зиёд мекунанд.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Рӯз барои банақшагирӣ ва тартиб додани корҳо хуб аст. Шумо метавонед корҳои мураккабро бо диққат анҷом диҳед. Дар касбу кор агар ташаббус нишон диҳед, ҷойгоҳатон дар коллектив беҳтар мешавад. Ба сифати коратон аҳамият диҳед, то аз хатогиҳо канорагирӣ намоед. Дар муносибатҳои ошиқона самимият ва ҳамдигарфаҳмӣ муҳим аст. Вақте ки бо наздикон вақт мегузаронед, муҳити орому гарм ба вуҷуд меояд.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Имрӯз имкониятҳои хуб барои муошират ва ҳамкорӣ пеш меоянд. Шумо метавонед шиносоиҳои фоиданок пайдо кунед. Хусусан нафарони муҷаррад дар ин рӯзҳо шахси табъи дили худ ва ҳатто ҳамсафари ҳаётиро пайдо мекунанд. Дар зиндагии шахсӣ бо аҳли оила ва дӯстони наздик вақти бештар гузаронидан мехоҳед. Ин ба шумо оромӣ ва илҳом мебахшад.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Рӯзи пур аз эҳсосот ва фикрҳои амиқ хоҳад буд. Шумо метавонед хоҳишҳои ҳақиқии худро дарк намоед ва қарорҳои муҳим қабул кунед. Дар касбу кор сабр ва кӯшиши шумо натиҷаи хуб меорад ва мавқеи шуморо дар назди ҳамкорон мустаҳкам мекунад. Дар зиндагии шахсӣ ба эҳсоси наздикон диққат диҳед. Суҳбати ошкоро муҳитро гарму ором месозад. Якҷоя будан бо наздикон ба шумо неру ва шодӣ мебахшад.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Имрӯз шумо метавонед ҷаҳонбинии худро васеъ намоед ва чизҳои нав омӯзед. Дар касбу кор агар пешниҳодҳои нав кунед, диққати роҳбариятро ҷалб менамоед. Бо ҳамкорон боэътимод ва фаъол бошед. Дар дилатон хоҳиши бо наздикон ва шахси дӯстдошта вақти бештар гузаронидан пайдо мешавад. Муоширати гарму самимӣ оромӣ ва неру мебахшад.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Рӯз барои банақшагирии оянда ва гузоштани ҳадафҳо бисёр мувофиқ аст. Бо оромӣ ва фикри амиқ амал кунед, то хатогиҳо сар назананд. Дар касбу кор шумо метавонед роҳбариро ба даст гиред ва ҳамкоронро илҳом бахшед. Диққатнокӣ ба сифати кор натиҷаи хуб меорад. Дар зиндагии шахсӣ бошад, ба эҳтиёҷоти наздикон диққат диҳед. Муоширати ошкоро муҳаббат ва эътимодро афзоиш медиҳад.
Далв (20 январ-18 феврал)
Имрӯз барои эҷодкорон имкониятҳои хуб пеш меоянд. Фикрҳои ҷолибатон дигаронро ҷалб мекунанд. Дар касбу кор роҳи нав ва ғайримуқаррарии шумо ба муваффақият меорад. Кор дар гурӯҳ низ натиҷаҳои хуб медиҳад. Бо наздикон ва шахси дӯстдошта вақти бештар гузаронидан мехоҳед. Муоширати самимӣ муҳитро гарм ва илҳомбахш месозад.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз метавонед роҳи дурустро барои қарорҳои муҳим интихоб намоед. Дар касбу кор истеъдоди эҷодии худро нишон дода, таваҷҷуҳи ҳамкоронро ҷалб мекунед. Сабру талош натиҷаҳои хуб меоранд. Дар муносибатҳои ошиқона бояд дарди дили дӯстдоштаи худро дарк карда тавонед. Суҳбати ошкоро нофаҳмиҳоро бартараф ва ҳамроҳ вақт гузаронидан табъатонро болида месозад.