Моҷарои бародарон
Фурсати таваллуд кардани занам фаро расиду ӯро ба таваллудхона бурдем. Хушбахтона писарчадор шудам. Рӯзи дигар аз беморона баргашта, дидам, ки модарам бо ашки шашқатор либосҳоямро шуста истодааст. Маро дида оби чашмонашро пок кард ва аз ҷояш бархоста бо табассуми сохтакорона гуфт:
- Омадӣ бачем? Аҳволи занат чӣ хел? Писарчаатро дидӣ?
- Келиндор шуда боратон якбора вазнин шудааст-ку! Келин куҷост, ки худатон либос мешуед? -Пурсидам бо табъи гирифта.
- Шукри Худо ҳоло қувваи корӣ дорам,- даст афшонд модарам.
Ҳамин дам Шаҳром ҳамроҳи занаш аз хона баромад. Худро дошта натавониста бори аввал ба сари додарам дод задам:
- Шаҳром, баъди зангириат ту тамоман одами дигар шудаӣ! Чаро модаре, ки барояш ҷонатро дареғ намедошт, акнун дар назди туву занат қадру қимат надорад?!
- Ба даҳонат нигоҳ карда гап зан, ака! Ман дигар хурд нестам,-бонг зад додарам ва афзуд, -ба зани ман кордор нашав!
Аз додари ҷониам чунин суханони дағалро чашмдор набудам, дилам яку якбора аз фарзанди падар сард гашт ва дигар чизе нагуфта ба хона даромадам. Хайрият, ки Фарида аз беморхона ҷавоб шуду ба рӯи модарам сурхӣ дамид. Зани нав фарзанд таваллудкардаи ман модарамро дар назди тифлаки навзодаш шинонда, аз паи кору бори хона мешуду келини таннозамон дасташро ба оби хунук намезад. Шаҳром мард шуда ҳатто ба занаш намегуфт, ки чаро либосҳои маро ба ҷойи ту янгаам мешӯяд. Додари чорпаҳлӯи ман чунон ғуломи зан гашта буд, ки ҳамсараш мур гӯяд, мемурд. Шаҳноза ӯро хари таппа тайёр карда савор шуда буд.
Дар банди ҷоду
Писараки зебои ман ҳафтмоҳа шуду рӯзе ногаҳон як дарди қаттоле дар байни як соат ӯро аз мо рабуд. Марги нобаҳангоми писараш Фаридаро зинда ба зинда кушт. Акнун кори занам шаб то саҳар дар ғами фарзанд гиристан буд. Умед доштем, ки боз кӯдакдор мешавему аламашро фаромӯш мекунад, аммо занам бачапарто шуда монд. Кӯдак дар батнаш семоҳа шуда, бе ягон сабаб меафтид. Модарам ӯро назди як фолбини номдор бурд. Фолбинзан гуфтааст, ки Фаридаро одами даруни хона ҷоду кардааст ва агар мо ҷои истиқоматамонро иваз накунем, дигар фарзанддор намешавем. Ба ғайр аз зани додарам, ки ҳомила намешуд, дигар касе Фаридаро ҷоду карда наметавонист. Ба хотири фарзанд мо маҷбур шудем, ки модарамро ба дасти писари занкалону келини беинсофаш супорида баромада равем.
Нахли умед
Аз шаҳр як хонаи якҳуҷрагӣ харида, кӯчида ба шаҳр омадем. Зуд зуд ба хабаргирии модарам мерафтем. Модарам аз зиндагии талхи ягона духтараш шикоят карда зор-зор мегирист. «Аз тақдир ҷои гурез нест, модарҷон» гӯён, дили озурдаашро таскин медодам. Шукри Худо, Фарида дар хонаи нав аз дарди бефарзандӣ раҳо ёфта, соҳиби номи бузурги модар гашт.
(Давом дорад)
БАҲРОМ