Марди 33-сола ҳастам ва мисли ҳазорон-ҳазор ҷавонмардони тоҷик ба хотири дарёфти ризқу рӯзӣ ҳар сол ба Русия мардикорӣ меравам. Ҳамсарам Ҳилоларо дӯст дошта гирифта будам ва тайёр будам, ки ҷонамро ба хотири ӯ дар хатар гузорам.
Дар мулки рус ҷонамро дар кафи даст гирифта, бо тамоми ҳастӣ кор мекардам, то аҳли оилаам аз ягон чиз танқисӣ накашанд. Ҳар моҳ ба Ҳилола ду-се бор пул равон мекардам. Занам гули чизро хӯрда, гули чизро мепӯшид ва чунон бо карру фар мегашт, ки одами дидагӣ ӯро раиса гумон мекард. Бародаронам чанд бор ишора карданд, ки занамро бисёр эрка накунам, чунки аз худ рафта, нағмаҳои нав ба нав бароварда истодааст, вале бовар накардам. Мо шабу рӯз тариқи ИМО суҳбат мекардем ва ман ҳеҷ бовар кардан намехостам, ки бо ин ҳама меҳрубониҳои ман Ҳилола метавонад ба роҳи хиёнату бевафоӣ қадам гузорад, аммо...
ТОҶИГУЛ: РУСИЯ ДУ ДУХТАРАМРО НОДУХТАР КАРД
Ҳамсарам дар набудани ман аз чашми волидонам пинҳонӣ ба хона марди бегонаеро оварда, то субҳ ҳамроҳаш ишқварзӣ мекардааст. Шабе бародари хурдиам аз кор дер омада, он ду беҳаёро медорад ва ҳамаашро дар телефон сабт мекунад. Вақте ки ин наворро ба ман фиристоданд, ҳуш аз сарам парид. Падару модарам се кӯдакамро аз дасти занам кашида гирифтанд ва Ҳилолаи бешарму ҳаёро аз хона пеш карданд. Вақте ки волидонаш барои бурдани кӯчу банди духтарашон омаданад, модарам ба ман занг зад. Тариқи телефон талоқи занамро додам, то ки дигар ба умеди ман нашавад.
Аз ҳамон рӯз инҷониб дилам аз оламу одам мондааст. Модарам занг зада гиря мекунад, ки барои як зани тарпоча аз зиндагӣ ноумед нашуда, барқасд ягон духтари хонаро ба занӣ бигир, то ки Ҳилолаи ношукр сӯхта-сӯхта мурад, вале баъди хиёнати ҳамсари кӯрнамакам дили ман аз ҷинси зан ях барин хунук шудааст. Фоҳишагии ҳамсарам маро дар зиндагӣ сахт шикаст дода, аз Ватан, аз падару модар, аз ёру бародар дур кард. Поям ҳеҷ намекашад, ки ба зодгоҳам баргардам.
Хонандагони азиз, шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?