Formula novemver 2024
Тоҷигул: Русия ду духтарамро нодухтар кард
29.01.2020
Р Азимӣ
8443

Шавҳарамро барвақт аз даст дода, ду духтарамро бо сад ранҷу азоб тани танҳо ба воя расондам.

Намедонам, ба фарзандонам тарбияи дуруст дода натавонистам ё таъсири набудани мард дар оила аст, ки вақтҳои охир духтарҳоям тамоман ба гапам гӯш намекардагӣ шуданд. Меҳрашонро ба телефону планшет баста, оҳиста-оҳиста аз доираи одамгарӣ баромаданд. Корашон рӯз то бегоҳ бо телефон ҷак- чақ карда гаштан, заррае парвои кору бори хонаро надоштанд. Дуои бад карда, маҷбур мекардам, ки хона рӯбанд, косаву табақ шӯянд… Қошу қавоқ гиронда «оча, ҳеҷ ба ҳоламон намондӣ-да!» гӯён, бо сад иллату истеза корҳои хонаро ҳарому ҳалол мекарданду боз ба планшету телефон мечаспиданд. Ҷонам аз дасти ин духтарҳо ба лабам расид. Дидам, ки панду насиҳат таъсир намекунад, онҳоро ба ҳоли худашон гузоштам. Духтари калониам як шом маҳмадоногӣ карда: «Оча, хоҳӣ, ки шикамат серу танат пӯшида бошад, ба ману Малвина кордор нашав, мо худамон роҳи зиндагиро меёбем» гӯён, хоҳиш кард, ки барои ба Маскав рафтанашон иҷозат диҳам. Дар он ҷо кадом шиносашон барои онҳо кор ёфта будааст. Мани кампир ба гапаш бовар карда розӣ шудам.


 БО ТӮҲМАТИ КОРГАР РАИСРО ЗИНДОН КАРДАНД 


Рӯзи дигар апаву хоҳар ба фурудгоҳ рафта чипта хариданд ва рахти сафар бастанд. Таъкид карда будам, ки баробари расиданашон занг зада хабар диҳанд, то ки ман ташвиш нашавам, вале баъди ба самолёт нишастанашон дигар аз духтаронам на хат расиду на хабар. Бедарак шуданд ҳардуяшон. Сад фикру хаёли бад ба майнаам зада ба худ ҷойи нишаст намеёфтам. «Духтарҳоямро ягон кас накушта бошад» гӯён, хуни дил мехӯрдам, бехабар аз он ки онҳо дар он ҷо кайфу сафо карда гаштаанду ба модари пирашон занг задан ҳатто ба гӯшаи хаёлашон ҳам намеояд. Баъди се моҳ духтари хурдиам занг зада гуфт, ки Тўйчӣ ном як ҷавони тоҷик онҳоро ба кор мондаасту маоши хуб медиҳад, вале баъдтар маълум шуд, ки он шайтон апаву хоҳарро «кидат» карда, пулашонро надодааст. Духтарҳоямро хуб истифода бурда, баъд аз кор рондааст Тӯйчии беинсоф. Яке бо шиками дамидаю дигарӣ бо номуси бохта ба хонаам баргаштанд ва «моро бубахш очаҷон» гӯён, ба пеши поям афтиданд. Медонистам, ки аз рӯйи ин ду касофат дар назди ҳаққу ҳамсоя ва хешу табор шармандаву забонкӯтоҳ мешавам, вале онҳоро аз дарам нарондам, то аз роҳи ҳаром баргарданд. Духтари калониям писари ҳаромияшро дар хона ба дунё оварда хост аз кӯдакаш даст кашад, вале «набераамро худам калон мекунам» гуфта, розӣ нашудам. Акнун духтарҳоям дигар сари хамашонро дар назди ман боло намекунанд. Ҳардуяшон кор карда, ризқу рӯзиашонро бо меҳнати ҳалол ёфта истодаанд. 

Модарони азиз, лаҷоми духтаронатонро сари вақт кашида монед, то мисли духтарҳои ман ба доми авбошҳои фиребгар афтида, ҳаёти худ ва обрӯи пайвандонашонро дар оташи бадномӣ насӯзонанд!
Тоҷигул, хонандаи «Оила»

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД