Бародарам дар Русия заводи хусусии металл дошт ва ману апаам дар ҳамон завод кор мекардем. Зиндагиямон шоҳона мегузашт, вале хушбахтиамон дер давом накард...
Бародарам ҳаммиллатони худам гуфта бештар тоҷиконро ба кор мегирифт, яке аз коргаронаш бо маводи мухаддир сару кор доштааст. Рӯзе ҳангоми фурӯши бор ӯро кормандони пулиси Русия таъқиб мекунанд. Ҷавони беандеша аз ҳомиёни қонун дар завод паноҳ бурданӣ мешавад. Кормандони пулис аз думболаш ба завод омада ӯро дастгир карданд. Ҷинояткор беинсофона гуноҳро ба сари бародари бечораи ман бор карда мегӯяд, ки борро барои сардорам овардам. Ҳамин тавр бо туҳмат заводро баста бародарамро ба паси панҷара шинонданд. Маҷбур шудем, ки тамоми дороиямонро ба савдо монем. Дар ноҳияи Ҳамадонӣ ҳавлии калон доштем, онро бо нархи арзон фурӯхтем, 3 хонаи дар пойтахт доштаи бародарамро низ ба савдо гузоштем, ҳатто ман хонаамро фурӯхта пулашро додам, аммо ҳамаи ин маблағ барои аз маҳбас озод намудани бародарам нарасид.
Билохира як адовокати зӯр ёфтем ва аз бонк пули калон қарзи калон гирифта, бародарамро озод намудем.
ДАР САРИ ЧАМБАРАКИ МОШИН НАМОЗ ХОНДАН РАВОСТ?
Ман ҳоло дар ду ҷой кор мекунам, апаву акаам ҳам бекор намешинанд, аллакай нисфи қарзи гирифтаамонро бар гардондем. Шикаста бошем ҳам, мо нарехтем, дубора ба қавле худамонро гирифта истодаем, вале диламон аз ҳаммиллатонамон мондааст, охир бегона не, тоҷики худамон бародарамро ба доми бало гирифтор кард. Саргузашти талхи акаамро ба он хотир нақл кардам, ки ба дигар муҳоҷирони мисли бародари ман раҳмдил дарси иборат гардад. Надидаю насанҷида касеро ба кор нагиред бародарони азиз, то бар ивази некӣ ба сари худ ғаму ғурбат нахаред!
Ҳуснигул, ш. Душанбе