Formula novemver 2024
Оила
6253


Ман Комрон, се сол аст, ки дар шаҳри Барнаули Русия кор мекунам. Росташро гӯям, аз хона, аз падару модар ва хешу табор гурехта ин ҷо омадам. Бале, гурехтам, то дигар таънаю маломати дӯсту душманро нашунавам.


Ману ҳамсарам Аҳдия 10-сол зиндагӣ карда, бачадор нашудем. Соҳиби 3-4 фарзанд шудани ҳамсолонамро дида, волидонам ҳар рӯз талаб мекарданд, ки занамро талоқ дода, зани дигар бигирам, то бароям писар-меросхӯр зоида диҳад. Бечора занам зери таънаю маломати хешу табор монда, мудом оби чашмаш дар бари рӯ, сархаму малул мегашт. Модар ва апаю хоҳаронам ба Аҳдия “қисиргов” лақаб гузошта, ҳар рӯз ӯро гирён мекарданд, ки фарзанд намезояд. Ҳоли ҳамсарамро дида дилам реш-реш мегашт, зеро ман хуб медонам, ки дар бефарзандиамон занам не, худам гунаҳкорам. Чанд бор аз аҳли хонавода пинҳонӣ ба духтур рафта аз ташхис гузаштам. Ба куҷое, ки наравам, табибон як гап мегуфтанд: “Бародар, ба тақдират тан диҳ, аз ту фарзанд намешавад!”

 


Шавҳарам солҳои охир вай ҳамчун мард маро қонеъ карда наметавонист. Ман ҳанӯз ҷавонам ва дилам оғӯши гарм мехоҳад...

https://oila.tj/news/gulandom-shavaram-odami-bad-nabud-vale



Ҳарчанд кӯшиш намудам, ҷуръат накардам ба падару модарам бигӯям, ки беҳуда занамро гунаҳкор карда, мисли мор неш назанед, ман импотентам. Ин дарди бедаво маро дарун ба дарун мехӯрд, дигар тоқат накарда, бо баҳонаи кори хуб ба Русия омадам.
Бо гумони он ки шояд табибони тоҷик хато карда бошанд, дар ин ҷо низ аз ташхис гузаштам, вале духтурҳои рус низ ҳамон гапро такрор карданд. Умедам аз бачадор шудан тамоман канд, зеро сад дар сад медонам, ки бенасл ҳастам ва аз ман ҳеҷ гоҳ фарзанд намешавад.
Тасодуфан ба сомонаи Оила ворид шуда, дидам, ки бахши муҳоҷир ҳам доштааст. Мехоҳам бо воситаи ин сомона рози ниҳони худро ба падару модар ва пайвандонам кушоям. Отаҷон, очаҷон, илтимос, занамро беҳуда гунаҳкор карда, таъна назанед, чунки ман импотентам.
Ба ҳамсари фаводорон, ки тӯли 10 сол сирру асрори маро пинҳон карда, чун гунаҳкори бе гуноҳ аз ҳама хешу табор гап шунида мегашт, гуфтаниям:
-Аҳдияҷон, барои он ки то имрӯз асрори импотент будани маро пинҳон карда, аз хешу табор гап шунидӣ, аз ту аз замин тоосмон миннатдорам. Худованд бахти ҳақиқиро ба ману ту насиб надида будааст ҷонам. Намехоҳам бо гуноҳи ман як умр аз ширинии эҳсос модарӣ маҳрум бимонӣ. Дигар маро интизор нашуда ба хонаи падарат баргард ва шавҳар кун, шояд аз марди дигар ҳомиладор шуда, лаззати бахти ҳақиқиро мечашӣ. Аҳдияи аз ҷон ширинтарам, ман тоби дидани ашки чашмони туро надорам, барои ҳамин ин суханонро тариқи сайт ба ту гуфта истодаам. Маро бубахш, ки туро хушбахт карда натавонистам! Метавонӣ ба хешу таборат бигӯӣ, ки шавҳарам мард набуд, ҳамин қадар сол мо мисли ду дугона зиндагӣ кардем. Аз ту фақат як хоҳиш дорам-ҳаргиз дуои бадам макун! Аз ҷонам бештар дӯстат медорам, вале аз ин муҳаббати бе ҳосил суде нест. Маро фаромӯш кун. Дуо мекунам, ки бо ёри нават хушбахт гардӣ!
Комрон, аз шаҳри Барнаули Русия

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Далер Шодавлатов 2019-08-16, 22:51
Аз ноумеди басо умед аст. Поени шаби сиех сафед аст.Иншоолох бо розигии Худованд дидори фарзанд насибат хохад шуд факат рух афтода нашав.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Далер Шодавлатов 2019-08-16, 22:51
Аз ноумеди басо умед аст. Поени шаби сиех сафед аст.Иншоолох бо розигии Худованд дидори фарзанд насибат хохад шуд факат рух афтода нашав.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД