Arzon march 2024
Зан не, кисарӯбак! ё пулҳои муҳоҷиронро кӣ пош медиҳад?
2109

 

Пулҳои дар мулки ғарибӣ бо хуни ҷигар ва арақи ҷабин кор кардаи мардони тоҷикро пайвандонашон чӣ хел сарф мекунанд? Барои ба ин савол ҷавоб гирифтан мо роҳи бозорро пеш гирифтем.

Маҳтара Тошева:

Қарз карда мешаваду зан дар фоида мемонад!

Вақте ба бозори Ҳисор ворид гаштем, дар растаи матоъфурӯшон чашмам ба зане афтид, ки як қабза пулро ба фурӯшанда дароз мекард. Чашмони фурӯшанда аз хурсандӣ барқ зада “боз биёед, ман барои шумо аз ин ҳам зеботарашро ёфта медиҳам” мегуфт. Зан бо табассум ба фурӯшанда миннатдорӣ баён карда, чанд матои пур аз нигинаю симро, ки зоҳиран аз нахҳои синтетикӣ омода шуда, бисёр қиматбаҳо буданд, эҳтиёткорона ба пакетҳои селофанӣ ҷой намуд ва нафасашро рост карда, ба растаи дигар гузаштанӣ шуд. Ҳисси кунҷковиам боло гирифту пурсидам:

-Холаҷон, ба фикрам тӯй ё маърака доред, ки ин қадар харид карда истодаед?

-Бачаҷон, ранги журналист савол додӣ, -гуфт зан ва ҳайратомез ба ман нигарист.

-Ман дар ҳақиқат журналист ҳастам холаҷон, дар гезатаи “Оила” кор мекунам,-иқрор шудам ман.

-Хотири журналист буданат мегӯям, набошад, то имрӯз ба ягон кас “ачоту учот” (ҳисоботро дар назар дорад) надода будам. Ба наздикӣ тӯй дорем. Барои ҳамин омадам, ки барои келин сару либос харам.

-Ин қадар матоъҳои қиматбаҳои рангобарангро харидед. Мӯйсафедатон магар бойбобо аст?

-Эй аз куҷо?! Фақат ману мӯйсафедам не, тамоми аҳли оила тайёрхӯр, фақат як писарам дар Русия кор мекунад. Бечора аз ҷабри камбағалӣ ба 29 даромада, нав зан гирифта истодааст, ҳол он ки ҳамсолонаш аллакай 3-4- тогӣ бача доранд. Барои ҳар як матоъ 800, 1000, 1500 сомонӣ дода, либосҳои пеши бозорро харидам, то ки дар назди хешу табори келин сарамон паст нашавад. Боз нагӯянд, ки бачаашон дар Россия кор мекунаду хасисӣ карда ба келин сару пойи арзонак оварданд.

-Холаҷон, охир дар Русия дарахти пул намерӯяд, ки бемалол аз шохҳояш доллару евро чида ба хонаат фиристодан гирӣ. Писаратон дар он ҷо бо ранҷу азоб чор танга пул кор мекардагист. Матоъҳои 1500 сомона нею, 150-200 сомона мехаридед, намешуд?! Қудо раҳм накунад, ақаллан шумо ба писаратон раҳм кунед!

-Гуфтам-ку, агар арзонтарашро харида барам, хешу табори арӯс ба ҳоли мо механданд.

-Мабодо пули фиристодаи писаратон барои гузаронидани тӯй нарасад, чӣ кор мекунед?

-Аздусар намерасад! Магар дар ин замона тӯй кардан осон аст? Ҳозир як ҳофиз барои ду-се соат хонданаш чанд ҳазор сум пул талаб мекунад. Дигар чӣ кор ҳам мекардем, аз ягон кас қарз мегирем, Худо хоҳад, тӯйро, ки гузарондем, писарам боз ба Русия рафта, қарзҳояшро меканад. Тавре ки мегӯянд, қарз карда мешаваду зан дар фоида мемонад...

 Марзия, хонашин:

Бо пулҳои писарам духтарамро ба шавҳар медиҳам!

Дар бозори “Султони Кабир” чашмам ба зани миёнасоле афтид, ки ба телевизор, чангкашак ва дигар асбобҳои техникӣ мароқ зоҳир менамуд. Занро духтараки лоғарандоми начандон зебое ҳамроҳӣ мекард ва ҳар замон бо нозу нуз намешавад, “намешавад, дигарашро мебинем, оча” мегуфт. Пай бурдам, ки зан барои ҳамин духтар харид карданист ва оҳиста пурсидам:

-Холаҷон, ба фикрам тӯй доред?

-Ҳа бачаҷон, ҳамин духтарамро ба шавҳар дода истодаам. Рӯзи дароз аз бозор ба бозор гаштан ҷонам ба лабам расид, вале ҳеҷ не, ки чизи табъи дилашро ёбад,-шиква кард зан.

-Ба фикрам домод пули бисёр овардааст?

-Аз куҷо?! Домод як бачаи камбағал аст. Модараш рӯирост гуфт, ки ҳамагӣ 4000 сомонӣ пул дорам, хоҳӣ духтаратро деҳ, нахоҳӣ, ягон келини дигар меёбам. Ночор розӣ шудам, охир духтарам аллакай ба 24 даромад. Ду писарам дар Русия кор мекунанд, бо пули бачаҳои мусофирам духтарамро ба шавҳар дода истодаам.

-Барои тӯй чиҳо харидед?

-Ба 2000 сомонӣ як қолини эронӣ харидам. Ду сандуқи қимати нигинадор гирифтем. Ба 10000 гарнитури туркӣ заказ кардем, устоҳо худашон пеш аз тӯй бурда дар хонаи домод соз мекунанд. Имрӯз барои харидани чангкашак, мошинаи ҷомашӯӣ ва телевизор омадем. Мегӯям, ки ягон телевизори миёна харем, вале ин духтар ду пояшро ба як мӯза андохта, калонашро гиред гуфта истодааст. Аллакай қариб бист ҳазор сомонӣ сарф кардем, агар ҳамаи чизҳои дилхоҳи духтарамро харам, бечора бачаҳоям маҷбур мешаванд, ки боз 5-6 соли дигар дар Россия кор карда, қарзи тӯйи хоҳарашонро кананд. Бо ин ҳол худашон кай зан мегиранд, охир як писарам 28- солаю дигараш 26-сола аст?!

-Магар дар бозор қолину мебели арзонтар набуд?

-Ҳаст, ба 500-600 сомонӣ ҳам қолин ёфтан мумкин, вале духтарам чунин қолинҳоро писанд намекунад. Мебели тоҷикӣ будааст, нархаш ҳамагӣ се-чор ҳазор сомонӣ, биё аз ҳамон харем гӯям, зор-зор гиря кард, ки шумо маро мисли гадоҳо ба шавҳар додан мехоҳед. Дилаш ганда нашавад гуфта, лаб зери дандон мегирам...

-Телевизор ва мошинаи ҷомашӯӣ нахаред ҳам, мешавад-ку!

-Эй ака, ба роҳи худат рав, ту ба мо чӣ кор дорӣ?! –Барошуфт арӯсшаванда, ки суханони ман ба манфиати ӯ набуданд...

 Аслия, хонашин:

Хуни мардро макидан даркор!

Дар бозори “Корвон” ба қавле замин кафида одам баромада буд, вале диққати маро ҷавонзане ба худ кашид, ки ба қавле дар зару зевар ғӯта зада, қариб дар тамоми ангуштонаш ангуштарин дошт. Барои бо ӯ ҳамсуҳбат гаштан баҳона ҷуста гуфтам:

-Хоҳарҷон, бисёр либоси зебо харидаед. Ман ҳам мехостам барои занам аз ҳамин матоъ харам. Арзишашро намегӯед?

-Чандон қимат нест, ҳамагӣ 800-сомонӣ. Рангҳои гуногунашро ёфтан мумкин,-ҷавоб дод ҷавонзан, ки Аслия ном доштааст.

-Аз афташ дар ягон ҷойи зӯр кор мекунед, ки чунин куртаҳои қиматбаҳо мехаред?

-Эй не, ман хонашинам. Шавҳарам дар Россия кор мекунад. Ҳар моҳ қариб бист ҳазор сомонӣ пул мефиристад, бо ҳамон пулҳои шавҳарам ба худам зару зевар ва либосҳои ранг ба ранг мехарам, то ки аз дугонаҳоям қафо намонам.

-Хушдоманатон ҷанг намекунад, ки чаро ин қадар либос мехарӣ?

-Даҳонашро кушода ҳам бинад! Шавҳарам ду ҳафта пас аз тӯй мани арӯсакро партофта рафта буд. Се сол шуд, ки шавҳардори бе шавҳар гаштаам. Писараш дар як сол як бор меояду ҳамагӣ як моҳ истода боз меравад. Дар он ҷо зани рус доштани шавҳарамро фаҳмида, аввал хостам аз ӯ ҷудо шавам, вале баъд фикр карда ба хулосае омадам, ки хуни ин мардакро макидан даркор аст!

 Мастона, модари 50 -сола:

Падари арӯс 20000 сомонӣ талаб кард, вале...

Писарам Манучеҳрҷон ду соли дароз дар мулки рус бо умед кор кард, ки зан мегирам. Як моҳ пеш писарам баргашту дарҳол дасту остин барзада аз паси тӯй шудем. Падару модари арӯс аввал пояшонро ба зинаи баланд монда, 20000 сомонӣ биёред гуфтанд, вале ман аҳмақ нестам, ки пули бо хуни ҷигар кор кардаи писарамро барбод диҳам. Ба қудо ошкоро гуфтам, ки барои тӯй чизе, ки даркор бошад, харида меорам, вале пул намедиҳам. Хоҳед ҳамин-нахоҳед фотиҳаро мегардонам. Диданд, ки намешавад, розӣ шуданд. Аллакай кӯрпавору пахта, орду биринҷу равған ва қанду қандалоти хонаи арӯсро харида бурдам. Имрӯз барои маъракаи хонаи худамон харид карда истодаем. Барои янгаҳои аз пушти арӯс меомада паплин харидам, ҳам арзону ҳам пахтагин, дар фасли тобистон роҳат карда мепӯшанд! Ба ман гарнитури келин не, ҳурмату эҳтиромаш ва хушбахтии писарам лозим аст!

Кампири Моҳхоним:

Лаҷоми албастиро кашидам

-Ман дар дами пирӣ писарҳои кенҷагиам Ҳасан ва Ҳусейнро дар як рӯз тӯй карда, ормон шикастаниям. Ду арӯси зебо ёфтем. Хушдомани Ҳусейн тилло аст, вале қудои дигарам як албастии тайёр будааст. Вай ду пояшро ба як мӯза андохт, ки гов биёред. Ҳарчанд фаҳмондем, ки мо миллионер нестем, шунидан нахост. Маҷбур шудем, ки гуфтаашро кунем. Баъди гов дар наздамон шарт гузошт, ки тӯйро дар ресторан гузаронида, Шабнами Сурайё ё Зулайхоро меоред. Косаи сабрам лабрез шуду гуфтам: “Ҳой занак, бачаи ман дар Россия дастгоҳи пулпечаткунӣ надорад, ки тамоми нозу нузи шуморо бардошта, сар то пойи духтаратро тиллопеч кунад. Ман як бевазани хонашин, зӯрам аз куҷо ба ресторан ва Шабнаму Зулайхо мерасад?! Ягон ҳофизи арзонак оварда, дар ана ҳамин ҳавличаи худам тӯй мекунам. Хоҳӣ ҳамин-нахоҳӣ паноҳат ба Худо. Очаи духтарзой намурдааст, барои писарам ягон арӯси зебои камбағалу хоксорро меёбам. Хулоса, диламро холӣ карда телефонро мондам. Рӯзи дигар худаш занг зада гуфт, ки чӣ хеле мехоҳед, ҳамон хел тӯй кунед. Худо хоҳад, ду ҳафта пас як тӯйча карда, келин мефарорам!

Рустам Азимӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД