Ҳанифа Эмомова, як муҳоҷирзан тоҷик муддати 11-сол мешавад,ки дар морги шаҳри Астрахани Русия мурдаҳоро мешӯяд.
Ҳанифаро зиндаги маҷбур намудааст, ки қатори ҳазорон-ҳизор муҳоҷирони тоҷик барои ба даст овардани як луқма нони ҳалол роҳи ғурбатро пеш бигирад. Тавре, ки худи ӯ мегӯяд:
-Зимистони соли 2008-ум шавҳарам зани ҷавон ёфта, маро бо се фарзанди хурдсол талоқ дод. Барои хӯрондану пӯшондани фарзандонам маҷбур шудам, ки онҳоро ба тарбияи модарам гузошта, роҳи Русияро пеш бигирам. Аввалҳо бекор будам ва азобҳои сагро мекашидам. Ба худ азм кардам, ки кори мушкилтарин бошад ҳам, иҷро мекунам, то ки барои фарзандонам ризқу рӯзӣ ёбам. Рӯзе бо чашмони гирён дар истгоҳи роҳи калони шаҳри Астрахан истода будам,ки як марди арманӣ аз пешам гузашт. Беҷуръатона пурсидам:
-Нет ли у вас в городе какая нибудь работа, чтобы я смогла работать?
Мард бо диққат ба чеҳраи ман нигариста гуфт:
-Есть работа, но в морге, если сможешь, дам адрес, иди работай!
Хурсанд шуда, нишониро аз он марди армани гирифта рафтам. Роҳбари морг “Асаламоуалейкум”-гӯён, маро хуб истиқбол гирифт ва вазифаи мурдашӯйиро бар дӯшам гузошт. Рӯзи аввали корӣ ваҳм маро фаро гирифта буд. Вақте ки мошини ёрии таъҷилӣ омаду духтурон мурдаҳоро аз он фаровардан гирифтанд, пойҳоям ба ларза афтоданд. Дар як рӯз шаш ҷасад вориди бинои МОРГ шуд.
Мурдаҳоро дар харакҳо қатор монда рафтанд. Мудири Морг фармон дод, ки аз паси шустани ҷасадҳо шавем. Азбаски то он вақт ман ягон бор мурдаи урёнро надида будам ва нозукиҳои мурдашӯиро намедонистам, бо дидани ҷасадҳои пурхун, ки якеро сараш набуду дигареро дасту пояш шикаста ва саммумиро қафаси синааш чок қариб аз ҳуш рафта будам. Коргарони дигари МОРГ аллакай ба дидани чунин манзараҳо одат карда буданд ва мисли он ки як кори оддиро ба сомон мерасонида бошанд, бепарвоёна аз паси шустуни мурдаҳо шуданд, аммо барои ман ин ваҳшат буд...
Ҳанифа Эмомова чандин сол дар МОРГ кор карда, бо дастони худ садҳо мурдаи бесоҳибро шустааст. Ҳанифа мегӯяд:
-Барои ман махсусан шустани ҷасади муҳоҷирони тоҷик гарон буд, зеро беқадрии мурдаи ҳамватанони худро дида, дилам хун мегирист...
Солҳои дароз дар МОРГ фаъолият намуда бошад ҳам, вай ҳеҷ ба ин кори ғайри муқаррарӣ одат карда натавонист ва билохира бо хоҳиши худ аризаашро навишта аз кор рафт. Имрӯз Ҳанифа Эмомова дар як тарабхона ба ҳайси ошпаз кор мекунад ва мегӯяд:
-Аз МОРГ рафтабошам ҳам, то ҳол даҳшати он маро тарк накардааст. Аксар вақт шабона мурдаҳоро пеши назар меорам ва баданам виҷиррос меанад. Баъзан мурдаҳо ба хобам медароянд ва додгӯён аз хоббедор мешавам...
Дуо мекунем, ки Худованд ҳеҷ касро аз Ватан дур ва ғариб насозад, хоса зани тоҷикро мӯҳтоҷи нони ғурбат нагардонад, зеро ғарибӣ дарди сахтест, ки онро ба ҷуз ғарибон дигар касе намедонад...