arzon replenishment
Пеш аз тӯй нодухтар шудам
8419

Салом! Ман як духтари 18- солаи дар роҳи ишқ сахт шикастхӯрда ҳастам. Намедонам сарамро ба куҷо занаму аз кӣ мадад пурсам.

Волидонам маро бо сад умед ба хондан равон карда буданд, вале ба доми фиреби ҷавоне афтидам. Маҷнуни маккор домони маро бо чормағзи пуч пур карда, аввал зару зевар, баъд ганҷи беҳтарин-номусамро рабуд. Шояд шумон гумон кунед, ки ман ягон духтари бероҳа ҳастам, вале дар асл чунин нест. Ошиқи номардам бо таҳдид маро ба дом афтонд. Вай аввал маро сурат гирифта, баъд таҳдид кард, ки агар ба хубӣ ба хонааш наравам, аксҳои маро дар сомонаҳои иҷтимоӣ партофта, номамро ба фоҳишагӣ мебарорад ва шармандаи дӯсту душман мегардонад. Аз тарси шарманда шудан ба наздаш рафтам. Вай қасам хӯрд, ки ба ман даст намерасонад, вале ба аҳдаш вафо накард. Баробари аз дар даромадани ман зуд дарро аз дарун маҳкам карда, якбора мисли гурги гурусна ба ман дарафтод. Ҳарчанд дасту по задам, аз чангаш раҳоӣ ёфта натавонистам.

Сигоркашии модар сабаби марги ногаҳонии навзод гашта, ҳамчунин аз таъсири никотин маъюбшавӣ ва дигар бемориҳои роҳҳои нафас мусоидат мекунад...

Ҳамин тавр он номардона бо зӯрӣ ганҷи номусамро аз ман рабуд.

Падару модарам аз фоҷиаи ба сари ман омада хабар надоранд. Онҳо маро ба як ҷавон, ки падараш бо падарам ҷӯраи наздик будааст, фотиҳа кардаанд.  Дирӯз бо номзадам вохӯрдам, бисёр бачаи хубу дилкаш, вале ман ба ӯ сазовор нестам. Аз гиря на шаб хоб дорам, на рӯз орому қарор. Розшунаве наёфта ба редаксия муроҷиат кардам.

Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

С, хонандаи “Оила”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(8)
Фируза 2019-09-22, 16:39
Ба падару модарат он маккори ба номусад таҷовуз кардаро гап зан.Агар гап назани шармандаги баъд аз туй мешавад!!!!
Посух
Шахло 2019-09-23, 17:07
Хамон нафаре ки ин корро кард бояд ба зани бигирад. Хаети як нафари дигарро насузон.
Посух
хаус 2019-09-23, 18:00
Масбур не худат зару зеварро дида аклу хушатро гум карди акнун чазояшро мегири Аммо хаёти ин бародарро насузон ...
Посух
Алик 2019-09-23, 18:50
Бай каврта лич карди ,ки суратут бигира ,корот тамом ,факат зани дуюм мешави агар Аллох хохад соли шуд аз 40 сола боло мебошад
Посух
Наджмиддин Низоми 2019-09-23, 19:55
Ин магар лилкашии ту нест?
Посух
Али Салимов 2019-09-23, 22:52
Да фикри ман хубтараш пеш аз хама ба шавхаршавандаат хамаашро накл кун. Агар у рози шавад, ки ин рози туро пинхон мекунаду ба ту хонадор мешавад хубу нагз. Ва агар нахохад пас хапаку дам даст кашад.
Посух
Бобоҷон 2019-09-24, 14:36
бале инамихел кун шояд шавҳаршавандаат рози мешавад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД