Даричаи ошноӣ:
Ном: Элчин Сангу.
Санаи таваллуд: 13. 08. 1985.
Мучал: Асад.
Макони таваллуд: Измир, Туркия.
Қад: 169.
Касб: Ҳунарпешаи кино.
Вазъи оилавӣ: муҷаррад.
Офтобаки хандон
Ҳунарпешаи малламӯй Элчин Сангу 13-уми августи соли 1985 дар шаҳри Измир ба дунё омадааст. Вақте ки падараш модарашро партофта рафт, Элчин ҳамагӣ дусола буд. Вай аз падар ягон некӣ надида бошад ҳам, маҳз бо шарофати генҳои падараш, ки миллаташ черкас буд, ин нозанин аз атрофиён бо пӯсти сафеди шаффоф ва мӯйҳои тиллорангаш фарқ мекунад.
Духтарчаи бадрашк
Модараш Майюсер зани ниҳоят зебо буда, талабгорони зиёде дошт. Элчини бадрашк хостгорони модарашро бо чеҳраи гирифта қабул мекард. Майюсери мисли фаришта зебо ва ҳунарманд хушбахтии фарзандашро аз хушбахтии шахсиаш боло гузошта, ба хотири руҳафтода нашудани духтараш умрашро бе шавҳар гузаронд. Ин зани фариштахислат тамоми ҳастиашро ба духтарчааш бахшид, то офтобаки фатиламӯяш бе ягон каму кост калон шавад.
Маликаи хурдакак
Элчин танҳо дар тарбияи намояндагони ҷинси латиф ба воя расида, аз модари ғамхораш муҳаббат ба санъати опера, аз бибиаш ишқи театр ва аз холааш рағбат ба рақсро мерос гирифт. Аз хурдӣ наздиконаш ба Элчин таъкид менамуданд, ки ӯ калон шуда ба муваффақиятҳои зиёд ноил мешавад ва машҳуру маҳбуб мегардад. Ҳамин буд, ки духтарак аз рӯйи шиори “Агар ба коре даст задӣ, дар беҳтарин шакл анҷомаш деҳ, агар ба худ боварӣ надошта бошӣ, беҳтараш ба он даст назан” амал намуда, ба муваффақиятҳои зиёд ноил гашт...
Ғаввоси баҳри ҳунар
Пас аз хатми мактаб Элчин ба Консерватория дохил шуда, ҳунарашро дар опера санҷид, вале мусиқии баланди классикӣ заҳмати зиёдеро талаб менамуд. Барои инкишоф додани тарафҳои дигар ҳунараш қариб, ки вақт намемонд, аз ҳамин сабаб ин нозанини тиллококул фикри сарояндаи опера шуданро аз сар бадар карда, соли 2006 бо грант ба Донишгоҳи Египет дохил шуд ва аз он ҷо ҳамчун мутахассиси соҳаи театр ва кино баргашта, дар калонтарин шаҳри Туркия Истамбул фаъолияти ҳунарии хешро оғоз намуд. Вай ба сифати ҳунарманди ҷавоне, ки донишгоҳро дар хориҷи кишвар хатм кардааст, қариб дар тамоми намоишномаҳои театрӣ ширкат меварзид, илова бар ин, ба омӯхтани забонҳои итолиёвӣ ва англисӣ машғул буд.
“Вақти бебаҳо” ва парвози эҷодӣ
Аввалин нақшашро Элчин дар сериали “Вақти бебаҳо” бозид. Ба таҷриба надоштанаш нигоҳ накарда, ин зебосанам тавонист бисёр образи хотирмон офарад. Қаҳрамони ӯ манфӣ буд, аммо Элчини нозанин ҳатто дар образи зани бад низ маҳбуби тамошобинон гашт. Пас аз “Вақти бебаҳо” ин ҳунарманди ҷавонро ба филми таърихии “Курт Сеит ва Александр” даъват намуданд. Дар ин филм Элчин нақши хоҳари қаҳрамони асосиро бозида, номаш дар саросари Туркия вирди забони хурду калон гашт, аммо...
“Ишқи орияти”-е, ки шуҳрати бузург овард
Бо шарофати силсилафилми “Любов на прокат” Элчин Сангу на танҳо дар Туркия, балки дар тамоми кишварҳои пасошӯравӣ ва Русия машҳур ва маҳбуб гашт. Каҳрамони асосии филми мазкур Дафна (Элчин) пешхизмат буда, дар танҳоӣ таъмину тарбияи додару хоҳарашро бар дӯш дорад. Ҳамбозиаш Умар (Бориш Ардуч) аз оилаи сарватманд буда, дизайнери машҳур аст. Волидони Умар барвақт аз олам гузашта, ӯ дар тарбияи аммаву амакҳояш ба камол расидааст. Бобои сарватмандаш 15 сол инҷониб бо вай гап намезанад. Тарроҳи ҷавон пулдор бошад ҳам, хуши духтарбозӣ надорад, вале бонувон худашон аз паси ӯ давида мегарданд. Рӯзе барои раҳоӣ ёфтан аз як духтари шилқин, ки ҳамеша ӯро думболагирӣ мекунад, Умар ба тарабхона даромада, Дафна, пешхизматдухтари ношиносро мебӯсад. Чанде пас ба назди Дафна аммаи Умар омада, барои ҷиянашро ба худ ошиқ карданаш пул пешниҳод мекунад. Ҳамин тариқ моҷарои ишқи ду ҷавон оғоз меёбад...
Нақши ошиқу маъшуқро ин ду ҳунармандони ҷавон чунон зебо ва табиӣ бозиданд, ки дар саросари ҷаҳон мухлисонашон ба самимӣ ва содиқона будани муҳаббати онҳо бовар карда, аз ҳам ҷудо шудани ин ҷуфти мувофиқро намехостанд. “Ишқи ориятӣ” дар баробари шуҳрати зиёд оварданаш ҳарду қаҳрамонашро соҳиби ҷоиза гардонд. Бориш ва Элчин дар фестивали синамо соҳиби унвони “Ҷуфти беҳтарин дар филм” гашта, ҷоиза гирифтанд, аммо...
Туҳмати бахтсӯз
Баъди ба фурӯш баромадани дискҳои филми “Любов на прокат” дар бораи қаҳрамонҳои асосии филм овозаҳои гуногун пайдо шудан гирифтанд. Азбаски ҳунармандон нақшҳояшонро бисёр боварибахш бозида буданд, тамоми мухлисон бовар доштанд, ки Элчин ва Бориш дар ҳақиқат ба ҳамдигар ошиқи зор ҳастанд. Ин овозаҳо ба ҳаёти шахсии Бориш, ки ба актриса Гюпсе Озай хонадор аст, таъсири бад нарасонида бошанд ҳам, дар муносибатҳои ошиқонаи Элчин ва Юнус Оздикен рахна ба вуҷуд оварданд. Юнус пеш аз сабти филм эълон карда буд, ки дар наздиктарин фурсат тӯйи пуршукуҳе ороста, Элчини нозанинро рӯйи дастонаш бардошта ба хонаи худ мебарад, вале баъди пайдо шудани сару садоҳои гӯшхарош дар бораи арӯсаш аз фикраш гашта, фотиҳаро гардонд. Оздикент рашк карданашро ошкор накарда, баҳона пеш овардааст, ки ҳоло имконияти тӯй кардан надорад, аз ҳамин сабаб маҷбур аст, ки базми хонадоршавиашро ба таъхир гузорад, вале ҳолдонҳо мегӯянд, ки байни ду дилдода аз рӯйи Бориш ҷанҷол сахт бархоста, абадан аз ҳам ҷудо шудаанд.
Овозаҳо ба ҳақиқат табдил меёбанд?
Филмсозони турк ҳеҷ гоҳ як ҷуфти ҳунармандонро барои офаридани нақши ошиқон ду маротиба интихоб намекарданд, вале Элчин ва Бориш ин анъанаро шикастанд. Аввалин бор дар таърихи филмҳои туркӣ ин ҷуфтро боз дар як филми дигар дар нақши ошиқу маъшуқ интихоб намуданд. Моҳи сентябри соли 2017 ин ду ҳунарманди ҷавон ва пуровоза дар саҳифаҳои инстаграми хеш аксҳои аз рафти наворбардорӣ гирифташудаи худро гузошта, эълон карданд, ки дар филми мазҳакавӣ- романтикии “Бо ман бимон” ошиқу маъшуқаро бозӣ карда истодаанд. Қаҳрамонҳои ин филми хандаовар аз нигоҳи хислат ба ҳамдигар тамоман монандӣ надоранд, аммо онҳоро ишқ бо ҳам мепайвандад. Гумон мерафт, ки ин филм Элчин ва Боришро руҳан ба ҳамдигар боз ҳам наздиктар месозад ва овозаҳо ба ҳақиқат табдил меёбанд, вале ин ду ҳунарманди ҷавон эҳсосоти худро идора намуда, ба ғайбатчиҳо имкон надоданд, ки дар бораи онҳо боз ягон гапи дурӯғ бофта, мардумро ба гумроҳӣ андозанд...
Қомати мавзун сарчашмаи боигарӣ
Элчин танҳо бо нақшофарӣ дар филмҳо қаноат накарда, дар видео- клипҳои гуногун низ нақш мебозад. Ин фариштаи малламӯй ба серкориаш нигоҳ накарда, ҳамеша бо варзиш машғул аст ва қоматашро мавзун нигоҳ медорад. Бо қади 169 вай ҳамагӣ 43 кило вазн дорад ва ҳамарӯза мухлисони интернетии хешро бо гузоштани аксҳои зебо ва порчаҳои видеоӣ аз рафти сабти филмҳояш шод мегардонад. Элчин дар роликҳои таблиғотии ширкатҳои либоси занона фаъолона иштирок карда, ҳам машҳуртар мешавад ва ҳам боигариашро афзун месозад.
Мо ба ин зебосанами панҷ панҷааш ҳунар парвозҳои нав ба нави эҷодӣ ва бахти сафед орзу дорем.