arzon replenishment
Макри зани ҳамсоя
19.10.2019
Холов
4223

Ишқи писари раис
Абрувони сип-сиёҳи пайвандӣ ва қаду қомати базеби Комил духтарони зиёдеро мафтун карда бошад ҳам, дили писари раиси ба ҳамсоядухтар моил буд. Чеҳраи чун барф сафеду чашмони мисли бодом зебо ва нигоҳи ба ғизоли саркаш шабеҳи Дилбар ҷавонро чунон волаю шайдо гардонда буд, ки шабҳо баробари сар ба болин ниҳодан дар пеши назараш симои дилфиреби ин нозанин падидор гашта, то субҳдам миҷа таҳ карданаш намегузошт. Рӯзона ҳам ҷавон пайти муносиб ёфта, аз роғи дарвоза ба хонаи ҳамсоя менигарист. Бахташ хандаду Дилбар дар рӯйи ҳавлиашон бошад, чунон волаю шайто мешуд, ки дигар чашмашро канда наметавонист Комил. Дилбар ҳавлӣ рӯфта истода, бо шамоли ҷорӯбаш баргҳои хазонзадаро ба рақс медароварду Комили ҳаловат мебурд.

Духтари хола-балои ҷонам
Ошиқи зори духтари ҳамсоя бошад ҳам, писари раис ҷуръат намекард дар ин хусус ба азизи дилаш даҳон кушояд, зеро медонист, ки ба Дилбар ваъдаи васл дода наметавонад. Модараш кайҳо барои Комил арӯс таги чашм карда монда буд. Келиншаванда бегона не, духтари холааш, ҷону ҷигари модараш буд ва Комил хуб медонист, ки модараш дар ду дунё розӣ намешавад, ки ба ҷойи ҷиянаш Дилбарро арӯс карда ба хона орад. Духтари холааш мисли кӯҳӣ азиме дар сари роҳи бо Дилбар пайвастани Комил истода бошад ҳам, писари раис ҳар бори ба ҳамсоядухтар хостгор шудани ҷавонеро шунидан девона мешуд. Мабодо ба Дилбар бо ҳавас нигаристани ҷавонеро бубинад, оташи рашк дар вуҷудаш чунон баланд аланга мегирифт, ки тозон рафта, аз гиребони рақибаш мегирифт ва мурданивор лагадкӯбаш мекард. Ҷавонони зиёде аз писари раис шатта хӯрда, бо сару рӯйи хуншор ба хонаашон баргашта буданд. Волидонаш овозаи корнамоиҳои Комилро шунида, мудом маломаташ мекарданд, ки вай ба духтари ҳамсоя чӣ кор дорад, ки бачаҳои мардумро таги шатта мегирад. Комил нигоҳашро аз чашмони розҷӯйи падараш гурезонда мегуфт: «Дилбар бегона не, духтари ҳамсояи девордармиёни мо ва нангу номуси мост. Намехоҳам, ки ягон духтари ҳамсояи моро озор диҳанд!»

Рози дил ва ҳукми модар
Модараш пас аз корнамоиҳои пай дар пайи Комил эҳсос кард, ки барои духтари ҳамсоя бо ҷавонон даст ба гиребон шудани писараш бе бало нест ва Комилро пешаш шинонда пурсид:
-Росташро гӯй, барои чӣ ту ин қадар ғамхори духтари ҳамсоя шудаӣ?!
Ҷавон, ки кайҳо барои ифшои рози дилаш пайти муносиб меҷӯст, лаб газида, иқрор шуд:
-Оча, ман Дилбарро дӯст медорам! Сахт дӯст медорам! Ба Дилбар нигаристан он тараф истад, ягон бача номашро ба забон гирад, девона мешавам ва мехоҳам сарашро аз танаш ҷудо кунам…
-Ҳой бача! Ҳушатро ба сарат гиру дигар номи Дилбарро дар назди ман ба забон набиёр, ки хафаат мекунам! Беҳтараш ишқи духтари ҳамсояро аз сарат дур кун! дар ду дунё ман ӯро ба погаҳи дарам роҳ намедиҳам! Гуфтам, боз як бори дигар мегӯям, ки духтари хоҳарамро келин мекунам. Комил ба модараш гуфт, ки духтари холаашро ҳамчун хоҳар эҳтиром мекунад ва бо ӯ хонадор шудан намехоҳад, вале зани раис аз он тоифаи занҳое набуд, ки ба гапи фарзанд гӯш медиҳанд. Ин зани босалобат як умр лаҷоми шавҳари мансабдорашро дар даст дошт ва фарзандонашро низ ба ихтиёри худашон монданӣ набуд, аз ин рӯ таъкид намуд:
-Хоҳӣ-нахоҳӣ, мурда-мурда духтари холаатро ба занӣ мегирӣ! Гапамон дар ин масъала тамом васаллом!

 


Номам Холиса, фоҳишаам! Макони зистам шаҳри Душанбе. Мехоҳам саргузаштамро «подробно» нақл кунам, то мардум фаҳманд, ки маро кӣ ва чӣ маҷбур сохт, то ба роҳи ҳаром равам.

 


ХОЛИСАааааааааааа

 


Фотиҳа ва нафрат
Модари якраваш ба нею нестони комил нигоҳ накарда, як ҳафта пас ба хонаи хоҳараш хостгорӣ рафт ва ҷиянашро ба писараш номзад кард. Келини интихобкардаи модараш духтари безеб не, як нозанинаки сап-сафедаки мисли тухми пустканда зебо бошад ҳам, ҳусну ҷамолаш дар назари Комили ошиқ наметофт. Пеш аз фотиҳа муносибати Комил бо духтари холааш чандон бад набуд, вале баъди он, ки модарш зӯран ҷиянашро ба сари вай бор кард, ҷавон ба ҷойи ба арӯсаш меҳр бастан, баракс ӯро бад медидагӣ шуда монд. Акнун духтари холаашро бубинад, дилаш беҳузур мешуд ва мехост мисли гунҷишк калаашро канда партояд. Нафрати ҷавон ба келини хушкардааи модараш рӯз ба рӯзу лаҳза ба лаҳза меафзуд, ишқи Дилбар бошад, торафт дар қалбаш баландтар аланга зада, ҷавонро беқарор мекард.

Ҳиллаи ҷавони ошиқ
Комил хеле фикр кард, фикр кард ва билохира ба хулосае омад, ки ягона роҳӣ аз духтари холааш халос шудану ба васли арӯси орзуҳояш-Дилбар расидан, ҳомиладор кардани духтари ҳамсоя аст. Илоҷе карда дарди дилашро ба ҳамсодухтар гуфт. Аввал Дилбар ба пешниҳоди беодобонаи писари раис розӣ нашуда, Комилро дашномҳои болохонадор дод, вале дар бадали як моҳ ҷавон бо лутфу меҳрубонӣ ва туҳфаҳои зебо дили духтарро ба даст овард. Акнун Дилбари нозанин бо ҷону дил волаю шайдои писари раиси гашта буд ва зимни як мулоқоти ширини ошиқона инони ихтиёр аз даст дод. Саманди гарму бодпойи Комил чолокона сарҳади нангу номуси духтарро убур намуда, теғи обдораш дар як дам гардани кабӯтари исмати духтарро бурид. Вақте ки Дилбар аз ҳақиқати ҳол огоҳ шуда, фиғону нола бардошт, аллакай кор аз кор гузаштаю тир аз камон ҷаста буд ва дигар пушаймонию гиряву нола суде надошт.
-Худо накарда, ҳомиладор шавам, чи кор мекунам?! Шармандаи ду дунё мешавам,-рӯю мӯяшро канда, нолид Дилбар.
-Кошкӣ ҳомиладор шавӣ, он гоҳ модарам маҷбур мешавад, ки ба тӯйи мо розӣ шуда, фотиҳаи духтари хоҳарашро гардонад,-сари рӯйи бонуи зебои дӯстдоштаашро силакунон ҷавоб дод Комил.

Меваи гуноҳ
Хушбахтона ё бадбахтона Дилбари нозанин аз як вохӯрии тақдирсӯз бо писари раис ҳомиладор шуд. Комил хабари аллакай дар замини азизи дилаш афтидани донаи нахли умрашро шунида, аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид. Писари раис бехабар аз каҷбозиҳои қисмат дар дил нақшаи тӯйи арӯсиашро бо ҳамсоядухтар мекашид, вале…

Сирри фошгашта
Меваи гуноҳи Дилбар рӯз то рӯз калонтар мешуд ва шиками дамидааш аз назари модараш дур намонд. Рӯзе вай Дилбарро дар пешаш шинонда, сахт ба тергав кашид то кӣ будани падари тифли батнашро бигӯяд. Дилбар гириста-гириста номи писари раисро ба забон оварду рӯяшро бо кафи дастонаш пӯшид. Интизор буд, ки ҳозир борони мушту лагади бодар ба сараш мерезад, вале ғайри чашмдошти Дилбар модараш ӯро назад, дашному қорат надод, баракс ба оғӯш гирифта, гуфт:
-Ман зинда бошам, зани раис сад ҷияни дигарашро ба писараш фотиҳа кунад ҳам, Комил танҳо азони ту мешавад, духтарам, парво накун!

(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД