Arzon march 2024
Қиёмат дар Рамазон қоим мешавад?
14.05.2019
Ҳ. Шокир
2212

 

Манзараи қиёмат дар тамоми дину оинҳо басо ҷонгудоз тасвир ёфтааст. Мехоҳед донед, ки қиёмат кай ва чӣ хел қоим мешавад?
Кӣ аввалин шуда аз гӯр мехезад?
Муҳаммад (С.С) умматони худро чӣ хел мешиносад?
Чаро аз гӯри одам овози хар меояд?
Ҷазои мусалмони модарозору падарбезор чист?
Моли ятим дар шиками кӣ оташи дӯзах мешавад?
Худованд гуноҳҳои киро авф менамояду киҳоро намебахшад?
Гуноҳи майзада сахттар аст ё зинокор?
Чаро фарзанди зану шавҳари никоҳ дошта ҳаромӣ таваллуд мешавад?
Пас таваҷҷуҳ намоед ба суҳбати мо бо яке аз донандагони нозукиҳои дини мубини ислом, Ҳоҷӣ Муҳаммадрасул Ҳомидзода.

 -Дар мавриди рӯзи қиёмат ва дубора зиндашавии инсонҳо андешаҳо гуногунанд. Мегуфтед, ки баъд аз фарҷоми зиндагӣ дар сайёраи замин ва қоим гардидани қиёмат чӣ ҳодиса рӯй медиҳад? Нахуст киҳо аз хоб бедор мешаванд?

 -Худованд нахуст малоикаҳоро нахуст зинда мекунад ва мефармояд, ки рафта ҳабиби ман Муҳаммадро бедор созед. Чор малоик ба назди қабри паёмбар мераванд ва гӯри паёмбари исломро тақ-тақ зада мегӯянд: Эй ҳабиби Худо, аз ҷойи худ бархез! Малоик хилъатҳоро ба ин шоҳи меъроҷ медиҳанд, ки ба бар кунад, аммо ҳабиби Худо ба ҷойи он ки хурсанд бошад, чеҳрааш бисёр маҳзун аст. Аввалин суоле, ки Муҳаммад (с) аз малоикаҳои муқарраб мепурсанд ин аст, ки «Ҳоли умматони ман чӣ гуна аст?» Бинед, дар вақти мурдан дар даҳон номи уммат ва рӯзи аз ҷой бархостан низ нахуст дар даҳонаш калимаи уммат (пайравон) аст.

Гузаштам аз падар, аз модари худ аз бари уммат
Бидеҳ ё Раб ба дастам дафтари уммат.

Расули Худо мегӯяд: Эй парвардигор, ман гиряи умматамро тоқати дидан надорам. Ҷабраил дар ҷавоб мегӯяд, ки эй Муҳаммад, Парвардигор амр кард, ки нахуст аз инсоният туро бедор созем, то ҳол ҳеҷ кас ба ғайр аз ту бар нахостааст. Ҷабраил алайҳиссалом ба Муҳаммади гирён мегӯяд, ки бирав ба назди Арши Парвардигор ва аз ӯ хоҳиш кун, ки умматони гунаҳкоратро авф созад. Муҳаммад саросемавор рафта худро ба назди арши илоҳӣ мепартояд. Субҳоналлоҳ намегӯяд, Алҳамдулиллоҳ намегӯяд, балки уммат мегӯяд. Гиря мекунад, фиғон мебардорад, ки эй парвардигор, ту ба ман ваъда дода будӣ, ки ҳамаи уммататро дохили ҷаннат мегардонам, имрӯз ман аз ту талаби авфро дорам. Уммати маро авф насозӣ, ман аз ту розӣ нестам. Худованд тоқати дидан ва шунидани гиряи ҳабиби дӯстдорашро накарда мегӯяд: Бархез Муҳаммад ва ҳар касеро, ки мехоҳӣ, шафоат кун!

 -Паёмбари Худо баъди оне, ки иҷозаи Илоҳиро дар мавриди шафоаташ ба пайравонаш мегирад, онҳоро дар он маҳшаргоҳ аз байни он қадар инсонҳои аз замони пайдоиши дунё то охири даҳр чӣ гуна мешиносад?

-Чунин суолро Абуҳурайра (а) низ аз Расули Худо карда буд ва дар посух Паёмбар гуфт: «Дар он рӯз пайравони ман пешонию дастонашон нуронист ва ҷило медиҳад, ки аз фазилати таҳорат ва намози онҳост».

 -Рост аст, ки қиёмат дар моҳи Рамазон фаро мерасад?
-Касе аниқ гуфта наметавонад, ки қиёмат кай фаро мерасад, дар моҳи рамазон ё дар ягон моҳи дигар, танҳо аниқ аст, ки фаро расидани он рӯзи мукофоту ҷазо ногузир аст.

 -Гуноҳи арақнӯш зиёд аст ё аз зинокор?
-Ҳарду гуноҳи кабираанд. Аз ҷониби Парвардигор хитоб аст: «Арақнушӣ накунед, арақфурушӣ накунед!» ва «зинокорӣ накунед, ба зино наздик нашавед!» Боре ҳазрати Ҷабраил назди паёмбар омад ва гуфт, ки Аллоҳ аз 4 амали Ҷаъфар розист. Паёмбар ин саҳобаро наздаш даъват карда пурсид: «ту чи амали хубе дорӣ, ки Худованд аз он розист? Гуфт: «Ман ҳеҷ гоҳ ғайр аз Худои якто ба каси дигаре итоъат намекунам. Дуввум ин ки арақ наменӯшам. Саввум, хоҳ ба шӯхию хоҳ бе шӯхӣ дурӯғ намегӯям. Чаҳорум, ба зино ҳеҷ вақт наздик нашудаам, зеро намехоҳам, ки ба модар, хоҳар ва духтари ман касе наздик шавад». Аксари уламо бар он назаранд, ки зинокор баъди зино зуд пушаймон мешавад, вале арақнӯш баръакс якбора мадҳуш шуда, амалҳои бадтарро анҷом медиҳад, ки боиси зиёд шудани гуноҳҳояш мегарданд.

 -Шумо дар масъалаи содиркунандагони гуноҳҳои бузург инҷо қайд намудед, Боз кадом гуруҳҳоро Худованд шадидан таъкид кардааст?

-Паёмбар дар ҳадиси дигар мефармояд: «Се тоифа мунофиқонанд. Якум: касе, ки барояш амонат гузоштаанду бар он хиёнат мекунад. Масалан, як сири дилатро барояш қисса мекунӣ, аммо ӯ зуд онро фош месозад. Дуввум: нафаре, ки сухан мекунад, аммо суханаш аз дурӯғ орӣ нест. Савум: касе, ки ваъда медиҳаду ба ваъдааш вафо намекунад.»

 -Имрӯз зиёд ба чашм мерасад, ки фарзандон нисбати волидайни худ беэҳтиромӣ менамоянд ва баъзан ҳатто дашном медиҳанд. Дар ин бора ягон ҳукме ҳаст?

 -Худованд дар Қуръон мегӯяд «Ба волидайн эҳсон кунед». Дар китоби «Баёз» омадааст, ки ҳар боре мардум аз пеши қабре мегузаштанд, аз он ҷо овози маркаб (хар ) шунида мешуд. Дар ҳайрат афтода аз наздикони он одами дар гӯр хобида пурсиданд, ки дар зиндагӣ чӣ гуноҳе содир мекард. Наздикони майити даруни қабр гуфтанд, ки ин писар замоне модарашро хар гуфта буд. Бубинед, ки барои як бор нисбати модар беэҳтиромӣ намудан Худованд ӯро ба чи ҷазои сахте гирифтор намудааст, пас вой бар ҳоли касоне, ки умре падару модарро озор медиҳанд.

 -Боз чӣ амале, ҳаст ки бо сабаби муртакиби он гуноҳ гаштан инсон аз раҳмати Худованд бенасиб мемонад?

 -Худованд мефармояд: «Касе, ки моли ятимро мехӯрад, бидонад, ки ӯ хӯрок не, оташи дӯзахро фурӯ бурда, дохили ҷаҳаннам мешавад». Абусуфён ҳар ҳафта як уштур мекушт. Рӯзе ятимбачае ба назди ӯ рафта хоҳиш кард, ки каме гӯштам бидеҳ, аммо Абусуфён чунон ӯро бо чӯб зад, ки аъзои баданаш сиёҳу кабуд гашт. Ин манзара ба Худованд хуш наомад ва ба Паёмбар хитоб намуд: Зуд аст, эй Муҳаммад, ки Абуҷаҳлу Абусуфён дохили дӯзах шаванд!»  
Имрӯз чунин муносибат ба ятимон бештар ба назар мерасад, ҳатто баъзе хусуру хушдоманҳо баъди фавти писарашон келину набераҳояшонро аз дар берун намуда б а гӯшаи хаёлашон намеоранд, ки ин ҳам сӯистифода аз ҳаққи ятим аст ва ба Худованд хуш намеояд.

 -Чун суҳбати мо перомуни фарорасии қиёмат аст, мехостем донем, ки мусалмонон ва бандагони Худо дар он рӯз ба чизҳои ғайри мантиқӣ рӯ ба рӯ меоянд?

-Расули Худо мегӯяд: «Дар охири замон даҷолҳо, дуруғгӯйҳо мебароянд, ки қариб 30 нафаранд. Ин 30 нафар гумон мебаранд, ки паёмбаранд, аммо дар асл онҳо каззобанд». Аллакай ин гуна инсонҳо аз байни мо ҳам зуҳур карда истодаанд. Дар асл инҳо ҷинҳои кофир доранд, ки васвосашон мекунанд, ки ту паёмбарӣ. Инҳо бовар карда худро паёмбар эълон мекунанд.

 -Дар мавриди зинокории мард ва зани издивоҷкарда кадом ваъидҳо вуҷуд дорад?

Зан ё марде, ки зино мекунад, дарҳол никоҳи онҳо бурида мешавад. Пас аз зино мард бо завҷаи худ хонадорӣ кунад ва фарзанд ба дунё ояд, ин фарзандон ҳаромӣ ҳисоб мешавад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД