Formula novemver 2024
Саратони гарданаи бачадон аз чи пайдо мешавад?
14.05.2019
Оила
3571

 

Папиллома-вируси хатарнок!
 Вируси папиллома ба гурӯҳи вирусҳои дар ҷаҳон паҳншуда дохил шуда, зиёда аз 100 намуд дорад. Папиллома вируси хатарнок буда, бемориҳои гуногунро ба вуҷуд оварда метавонад, аз ҷумла 13 намуди ин вирус манбаи пайдоиши касалии саратон ба шумор мераванд. Вируси папиллома асосан бо роҳи алоқаи ҷинсӣ аз одами бемор ба шахси солим мегузарад, аз ҳамин сабаб бештар ҷавонон аз ин вирус сироят меёбанд. Дар байни қурбониёни вируси папилломаи одам намояндагони ҷинси латиф кам нестанд. Намудҳои 16 ва 18-и вируси папиллома метавонад занро ба бемории саратони гарданаи бачадон гирифтор созад.

270 000 қурбонӣ дар як сол
Вируси папиллома мардонро ба саратони узвҳои ҷинсӣ ва занҳоро ба намудҳои гуногуни саратони бачадон гирифтор месозад. Тадқиқотҳои олимон нишон медиҳанд, ки дар 70%-и ҳолатҳо пайдоиши саратони гарданаи бачадон ва узвҳои таносулӣ маҳз ба вируси папиллома алоқамандӣ дорад. Қобили зикр аст, ки дар миқёси олам саратони гарданаи бачадон дуввумин бемории дар байни занон паҳншуда ба шумор рафта, ҳамасола бонувони зиёде ба он мубтало мегарданд. Танҳо соли 2012 дар дунё 270 000 зан аз бемории саратони гарданаи бачадон фавтидааст. Аксари қурбониёни саратони гарданаи бачадон сокинони кишварҳои қафомонда буда, дар давлатҳое, ки эмгузаронӣ ба муқобили ин вирус ба ҳукми анъана даромадааст, беморӣ камтар мушоҳида мешавад.

Сабабҳои сироятёбӣ
Манбаҳои асосии сироятёбӣ аз вируси папилломаро мавриди таҳқиқ қарор дода, олимон ба хулосае омаданд, ки сабабҳои зерин боиси сироятёбии одамон аз ин вирус мегардад:

1. Хеле барвақт оғоз намудани муносибатҳои шаҳвонӣ.

2. Ишқварзии бетартибона ва шумораи зиёди шарикони шаҳвонӣ.

3. Истифода бурдани маводҳои нашъаовар.

4. Паст шудани иммунитет (Одамони ба ВИЧ инфексия гирифтор ба осонӣ аз намудҳои гуногуни вируси папиллома сироят меёбанд).
Нишонаҳои беморӣ
Баъзе намудҳои вируси папиллома дар бадали ду сол худ аз худ нест мешаванд, вале навъҳои 16 ва 18-и он дар ҷисми инсон амиқ ҷойгир шуда, дар сурати сари вақт табобат накардан ғадудҳои саратонӣ, аз ҷумла саратони гарданаи бачадонро ба вуҷуд меоранд. Вируси папиллома дар оғози сироятёбӣ аз худ дарак намедиҳад. Нишонаҳои беморӣ вақте зуҳур менамоянд, ки саратон авҷ гирифта, реша медавонад. Нишонаҳои зерин аз пайдо шудани саратони гарданаи бачадон дарак дода метавонанд:

  1. Хунрав шудан дар фосилаи байни ҳайз
  2. Хунравӣ ҳангоми алоқаи ҷинсӣ
  3. Дарди сутунмуҳра, миён ва пойҳо
  4. Хастагӣ, якбора хароб шудан ва гум шудани иштиҳо
  5. Эҳсосоти нохуш дар маҳбал ва ташарруҳот (виделения)-и бадбӯй
  6. Варам кардани як пой

 Оҳиста-оҳиста…
Бояд ёдовар шуд, ки вируси папиллома касро якбора гирифтори саратон намесозад. Тавре ки гуфтем, аксари намудҳои ин вирус худ аз худ нест мешаванд, вале фориғболӣ намудан нашояд, зеро боқӣ мондани миқдори хеле ками вируси папиллома (хоса навъҳои 16 ва 18-и он) низ метавонад ҳолати пеш аз саратониро ба вуҷуд оварда, дар сурати табобат накардан касро ба саратон мубтало созад. Одатан саратони гарданаи бачадон ба оҳистагӣ реша медавонад. Папиллома бонувони иммунитети пурқувват доштаро дар бадали 15-20 сол оҳиста-оҳиста ба саратони гарданаи бачадон гирифтор месозад, вале барои аз пой афтонидани зани қувваи муҳофизатии организмаш суст (хоса гирифторони ВИЧ-инфексия) ҳамагӣ 5-10 сол кифоя аст.

Скрининг кунед!
Яке аз усулҳои самарабахши мубориза бо саратони гарданаи бачадон скрининг мебошад. Скрининг тестест, барои аниқ намудани ҳолатҳои пеш аз саратонӣ ва саратон дар занон гузаронида мешавад. Ба бонувон маслиҳат медиҳем, ки ин тестро ҳатман гузаранд. Дар ҳолати худро комилан солим эҳсос намудан низ зан (хоса бонувони 38-40- сола) бояд дар умраш ақаллан як маротиба скрининг кунад, зеро саратони гарданаи бачадон дар оғоз аз худ дарак намедиҳад.

Ба даҳшат наафтед, агар…
Скрининг ҳолати пеш аз саратонӣ ё саратони гарданаи бачадонро дар шумо муайян намояд, ба даҳшат афтида, дарҳол худро руҳан ба мурдан тайёр накунед. Ба ҷойи беҳуда ғам хӯрдан ба мутахассис муроҷиат намуда, бо маслиҳати духтур доруву дармони заруриро бигиреду амалиётҳои лозимаро гузаронед. Табобати саривақтӣ ҳолати пеш аз саратониро ба осонӣ бартараф намуда, авҷ гирифтани бемориро пешгирӣ менамояд. Дар оғози пайдоишаш саратони гарданаи бачадонро табобат кардан имконпазир аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД