Arzon march 2024
Макри зани ҳамсоя (қисми 2)
20.10.2019
Холов. Р
4369

(Давомаш)

Пеш аз фотиҳа муносибати Комил бо духтари холааш чандон бад набуд, вале баъди он ки модарш зӯран ҷиянашро ба сари вай бор кард, ҷавон ба ҷойи ба арӯсаш меҳр бастан, баракс ӯро бад медидагӣ шуда монд.

Акнун духтари холаашро бубинад, дилаш беҳузур мешуд ва мехост мисли гунҷишк калаашро канда партояд. Нафрати ҷавон ба келини хушкардааи модараш рӯз ба рӯзу лаҳза ба лаҳза меафзуд, ишқи Дилбар бошад, торафт дар қалбаш баландтар аланга зада, ҷавонро беқарор мекард.

Ҳиллаи ҷавони ошиқ
Комил хеле фикр кард, фикр кард ва билохира ба хулосае омад, ки ягона роҳӣ аз духтари холааш халос шудану ба васли арӯси орзуҳояш-Дилбар расидан, ҳомиладор кардани духтари ҳамсоя аст. Илоҷе карда дарди дилашро ба ҳамсодухтар гуфт. Аввал Дилбар ба пешниҳоди беодобонаи писари раис розӣ нашуда, Комилро дашномҳои болохонадор дод, вале дар бадали як моҳ ҷавон бо лутфу меҳрубонӣ ва туҳфаҳои зебо дили духтарро ба даст овард. Акнун Дилбари нозанин бо ҷону дил волаю шайдои писари раиси гашта буд ва зимни як мулоқоти ширини ошиқона инони ихтиёр аз даст дод. Саманди гарму бодпойи Комил чолокона сарҳади нангу номуси духтарро убур намуда, теғи обдораш дар як дам гардани кабӯтари исмати духтарро бурид. Вақте ки Дилбар аз ҳақиқати ҳол огоҳ шуда, фиғону нола бардошт, аллакай кор аз кор гузаштаю тир аз камон ҷаста буд ва дигар пушаймонию гиряву нола суде надошт.
-Худо накарда, ҳомиладор шавам, чӣ кор мекунам?! Шармандаи ду дунё мешавам,-рӯю мӯяшро канда, нолид Дилбар.
-Кошкӣ ҳомиладор шавӣ, он гоҳ модарам маҷбур мешавад, ки ба тӯйи мо розӣ шуда, фотиҳаи духтари хоҳарашро гардонад,-сари рӯйи бонуи зебои дӯстдоштаашро силакунон ҷавоб дод Комил.

Меваи гуноҳ
Хушбахтона ё бадбахтона Дилбари нозанин аз як вохӯрии тақдирсӯз бо писари раис ҳомиладор шуд. Комил хабари аллакай дар замини азизи дилаш афтидани донаи нахли умрашро шунида, аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид. Писари раис бехабар аз каҷбозиҳои қисмат дар дил нақшаи тӯйи арӯсиашро бо ҳамсоядухтар мекашид, вале…

Сирри фошгашта
Меваи гуноҳи Дилбар рӯз то рӯз калонтар мешуд ва шиками дамидааш аз назари модараш дур намонд. Рӯзе вай Дилбарро дар пешаш шинонда, сахт ба тергав кашид то кӣ будани падари тифли батнашро бигӯяд. Дилбар гириста-гириста номи писари раисро ба забон оварду рӯяшро бо кафи дастонаш пӯшид. Интизор буд, ки ҳозир борони мушту лагади модар ба сараш мерезад, вале ғайри чашмдошти Дилбар модараш ӯро назад, дашному ҳақорат надод, баракс ба оғӯш гирифта, гуфт:
-Ман зинда бошам, зани раис сад ҷияни дигарашро ба писараш фотиҳа кунад ҳам, Комил танҳо азони ту мешавад, духтарам, парво накун!

 


Дар баъзе кишварҳо духтаронро низ мисли писарчаҳо хатна мекунанд. Донистан мехостам, ки дар Ислом хатна кардани зан ҷоиз ҳаст ё не?

 


NVU1qVog6lOa0MeWLbZJybq26il3HxXnfrMmbVJp

 


Элак баҳонаю дидор ғанимат
Модари Дилбар Амина ҳанӯз аз замони духтариаш Сайфулло, падари Комилро таги чашм карда буд, вале аз занаш тарсида, ҷуръати ба раис дарди дил намудан намекард. Ниҳоят имрӯз чунин имкон пайдо шуд ва Амина саҳарии барвақт худро орою торо дода, таксиеро киро намуду ба корхонаи раис равон шуд, то бо баҳонаи ҳомиладории духтараш бо ишқи даврони ҷавониаш аз наздик суҳбат кунад ва даъво намуда, лаҷоми ин марди зебову серпули мағрурро ба даст бигирад.

Меҳмони нохонда
Раис зани ҳамсояро сари субҳ дар паси дари утоқи кориаш дида, ҳайрон шуд, ки чаро ба ҷойи кори ӯ омада бошад. Марди аз дарди дили ҳамсоязан бехабар боодобона салом дода, табассумкунон гуфт:
-Ҳамсоя, шарт набуд, ки худатонро азоб дода ба шаҳр биёед, агар ба ман ягон кори муҳиматон бошад, бегоҳ дар хона мегуфтед, бо ҷону дил иҷро мекардам.
-Гапи ба шумо доштаам аз муҳим ҳам муҳимтар аст, барои ҳамин ба ҷойи коратон омадам, то ягон кас ба суҳбатамон халал нарасонад,-оҳи сард кашид Амина.
Суханони ҳамсоязан раисро ба таҳлука оварданд ва Аминаро ба утоқи кориаш дароварда, ба котибаи таннозаш фармуд, ки ду истакон қаҳваи сиёҳ биёрад. Амина аз зери чашм ба раиси нигариста, ҳар як ҳаракати мардро зери назарат мегирифт. Ин зани маккора барои дили раисро обу адо намудан, имрӯз куртаи хушдӯхти тангеро ба бар намуда буд, ки аз гиребони васеаш қариб нисфи пешобағали бардамидааш намоён шуда меистод, вале раис ба ин заррае ҳам аҳамият надод. Сайфулло дар ин чанд соли роҳбарӣ бо хонумҳои таннози зиёде паҳлӯ ба паҳлӯ кор карда, чашмаш кайҳо аз дидани пешобағалу ронҳои базеби бонувон, ки гоҳо аз чоки куртаву бари домонҳои кӯтоҳашон намоён мегашт, сер шуда буд. Амина эҳсос кард, ки ҳамсоя ба вай ҳамчун ба зан ягон зарра таваҷҷуҳ накарда истодааст, барои ба худ ҷалб намудани диққати раис вай маккорона ба гиристан даромад. Раис дар ҳайрат афтид, ки барои чӣ ҳамсоязан гиря мекунад. Осемасар ба як пиёла об рехта, ба Амина дароз кард ва сабаби гиряашро пурсид.
-Ин гапе нест, ки дар пеши ҳар кас бигӯйӣ,-ишорат ба котибаи Сайфулло намуд Амина.
Духтараки рамузфаҳм зиёдатӣ буданашро эҳсос намуда, гуфт:
-Раис, агар ягон хоҳиши дигар надошта бошед, ман аз паси корҳои худам шавам.
Сайфулло бо аломати ризо сар ҷумбонд. Котибаи мавзунқомат хиромон-хиромон аз утоқ баромад ва раис бо Амина танҳо монд.

Даъвои ҳамсоязан
Сайфулло истакони қаҳваро боодобона назди меҳмон гузошта, гуфт:
-Хӯш ҳамсоя, акнун гап занед, ки кадом шамол шуморо ба ин ҷо овард ва барои чӣ табъатон гирифтаю ғамгин менамоед?
-Писари шумо сари духтари содаю гӯлу гаранги маро тоб дода ба домаш афтондааст, Дилбар аз Комил ҳомиладор аст. Мефаҳмед, ҳомиладор! Худоё, шармандаи ду дунё шудам! Акнун мо сарамонро дар байни ҳақку ҳамсоя, дӯсту душман ва хешу табор чӣ хел мебардорем?!
Амина чӣ тавр бадномзадаи писари раис шудани духтарашро гириста-гириста нақл кард. Ин хабар барои Сайфулло мисли барфи дар чиллаи тобистон борида ногаҳонӣ буд ва мардак гаранг шуда, намедонист чи гӯяду чӣ кор кунад. Як чиз рӯз барин равшан буд, агар ин занак ба боло ё ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намояд, натанҳо писараш дар бало мемонад, балки худи Сайфулло низ аз вазифааш ба қавле «мепарад» ва аз эҳтимол дур нест, ки ба чандин моҷароҳои дигар гирифтор шавад. Сайфулло, ки раиси номдор буд ва натанҳо дар ноҳия, балки дар шаҳру вилоят ҳам «вазн» дошт, бештар аз ҳама аз рехтани обрӯяш метарсид, аз ин хотир роҳи ҳалли масъаларо меҷӯст. Аминаи маккора паридани ранги раисро эҳсос намуда, бештар ба ҳуҷум гузашта, гуфт:
-Хафа нашавед ҳамсоя, вале ман ғайри муроҷиат кардан ба мислиса дигар ягон чора надорам.
-Ҳамсояҷон, илтимос, шинед. Саросема нашавед. Ҷавонҳо хомию ахмақӣ кардаанд, вале ману шумо одамони зиндагидаем, набояд бе андешагӣ карда, чигилро боз ҳам бештар кӯргиреҳ андозем,-Сайфулло аз китфи Амина дошта, дубора ӯро ба курсӣ шинонд ва афзуд:-Писари ман албатта, гунаҳкор аст, вале Худо накарда, ин гап овоза шавад, духтари шумо ҳам шарманда мешавад.
-Ман аз ҳамин шармандагӣ метарсам,-ҳунгосзанон боз инони гиряро сар дод ҳамсоязан.
-Ором шавед, ором шавед, албатта, ягон роҳашро меёбем,-Сайфулло ягон сухани дигар наёфта, аввалин гапи ба даҳонаш омадаро гуфту дар балои бади Амина монд.
-Роҳашро меёбем мегӯед? О шумо аллакай писаратонро ба духтари хеши худатон фотиҳа кардаед, чӣ хел роҳашро меёбед?! Ё якбора писаратонро ду зан доданиед?
Раис ба фикр фурӯ рафт, ки чӣ кор кунад, то ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад. «Дили ин занро ба даст даровардан лозим, вагарна ба сарамон балои азимеро меорад. Пеш аз ҳама ба Комил занг задан лозим, раваду ин занак дурӯғ гӯяд. Мабодо духтараш аз ягон сағераи дигар ҳомиладор шуда, ҳаромиашро ба сари писари ман заданӣ бошад, рӯзашро сиёҳ мекунам, вале кӯдаки батнаш дар ҳақиқат аз Комил бошад, ягон чора ёфтан лозим мешавад» мегуфт Сайфулло худ ба худ.

Иқрори мардона
Барои аниқ кардани асли воқеа раис ба писараш занг зада, амр кард, ки Комил ҳарчи зудтар расида биёяд. Комил пас аз бист дақиқа ҳозир шуд. Аз дар даромадан замон чашмаш ба модари Дилбар афтид ва якбора аз сараш як сатил оби сард рехтагӣ барин, дасту пойҳояш суст шуданд. Хост баромада равад, вале нигоҳи ҷиддии падарашро эҳсос намуда, лаб газиду дар курсии рӯ ба рӯ нишаст. Сайфулло кӯтоҳакак дар бораи даъвои ҳамсоязан ба писараш маълумот дод ва талаб кард, ки рости гапро гӯяд, ки оё тифли батни Дилбар аз ӯст ё не. Комил номардӣ карданро ба худ эб надида, ҳар чи байни вай ва духтари ҳамсоя гузашта буд, як ба як нақл намуд ва иқрор шуд, ки Дилбарро аз ҷонаш бештар дӯст медорад. Сайфулло оҳи сарде кашида бонг зад:
-Бачаи беақл, ҳамин тавр, ки буд, чаро пеш аз ба хонаи холаат хостгорӣ рафтанамон нагуфтӣ, ки ман духтари ҳамсояро ба занӣ мегирам?
-Гуфтам дада, гуфтам,-даст афшонд Комил.
-Кай гуфтӣ? Ба кӣ гуфтӣ?
-Ба модарам гуфта будам, вале ду пояшонро ба як мӯза андохтанд, ки ҷияни худамро келин мекунам!
Сайфулло раиси номдор бошад ҳам, гапаш ба занаш намегузашт, иқрори писарашро шунида дар шигифт монд, ки акнун сарашро аз ин ду гирдоб-моҷарои ҳомиладории духтари ҳамсояву аҳду паймони зани якраваш бо хоҳараш чи гуна халос мекарда бошад, зеро хуб медонист, ки Дилбар аз Комил як не, даҳ бачаи дигар зояд ҳам, ҳеҷ гоҳ ҳамсараш ба гардондани фотиҳаи ҷиянаш ва келин кардани вай розӣ намешавад.
-Комил, беҳтараш ту аз пайи кору бори худат шав, аллакай вақти хӯроки нисфирӯзӣ шуд, ману ҳамсоя дар ягон гӯшаяки ором нишаста, сари як пиёла чой ин масъаларо ҳал мекунем,-Сайфулло инро гуфта аз ҷояш бархост ва гӯшаки телефони дохилиро бардошта, ба котиба супориш дод, ки ронандаашро ёбад. Амина эҳсос кард, ки тираш ба нишон расида истодааст, худро бардурӯғ мотамзада гирифта, бо қошу қавоқи овезон аз паси раис дар баромад

Очаша бину духтараша гир
Ронандаи Сайфулло онҳоро ба тарабхонаи зебою барҳавои «Фараҳноз» овард ва Сайфулло бо виқор аз мошин фаромада, мисли ҷентелменҳои ҳақиқӣ дари Аминаро кушод. Онҳо пасопеш ба тарабхона даромаданд. Пешхизматҳои ин даргоҳ раиси номдорро мешинохтанд ва баробари дидани мошини Сайфулло даст пеши бар ба истиқболаш баромаданд. Раиси фармуд, ки барои вай ва меҳмонаш дар ягон кабинаи салқинак ҷой тайёр кунанд. Пешхизмати мӯрчамиёне онҳоро ба як утоқи бисёр зебо дароварда, зуд аз пайи оро додани болои миз шуд. Лаҳзае пас дар рӯйи дастурхон ҳама нозу неъмати дунё муҳайё гашт. Раис пешхизматро ҷавоб дода, шишаи коняки гаронбаҳоро ба даст гирифт ва ба ду қадаҳ рехта, яктоашро ба ҳамсоязан дароз кард. Амина нею нестон шаробро аз дасти раис гирифт ва дар як дам қадаҳро холӣ кард. Давраҳои ҷавониро ба ёд оварда, ҳарду аз ину он чақ-чақкунон шишаи конякро холӣ карданд. Сайфулло эҳсос намуд, ки ҳамсоязан худаш ҳам чандон уболак нест ва як ишорат кофист, ки ба оғӯшат дарояд, мисли ҳама мардони шикорчӣ вай ҳам сайди муфт ба домаш афтидаро аз даст додан нахоста, дар бехи гӯши Амина бо садои гарми моломоли шавқу эҳсосоту ҳавас пичирос зад: «Беҳуда «очаша бину духтараша гир» нагуфтаанд, шумо худатон аз ҳар нозанини танноз дилкаштар ҳастед, албатта, духтари чунин модар дили писари раисиро мебарад-дия…

Сайфулло қариб ним соати дигар ошиқона васфи ҳусну ҷамоли Аминаро намуда, ҳамсоязанро ба осмони ҳафтум баровард. Аминаро аз ҳуру парӣ зеботар номида, раиси ширакайф шоирона дар васфаш чанд шеър гуфт. Ба заршиносии писараш офарин хонда, билохира Сайфулло аз ҷайбаш як даста пул баровард ва долларҳои шараққосиро моҳирона ба чоки гиребони зан халонда, пеши пояш афтид ва зорӣ намуд, ки ба ягон ҷо шикоят накунад, вагарна ӯро аз вазифа мегиранду саг барин бе обрӯ ва хандахариши мардум мешавад.

(Давом дорад)
Р. Холов

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД