Ҳунарманд, коргардон, продюсер, овозхон ва филмноманависи 65-солаи ҳонконгӣ-чинӣ Ҷеки Чан ба он нафаре, ки бар зидди коронавирус дору ихтироъ мекунад, 1 миллион юани чинӣ баробар ба беш аз 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ мукофоти пулӣ ваъда кардааст.
«Илм ва технология калиди мубориза бо вирус аст ва ман боварӣ дорам, ки бисёриҳо бо ман ҳамфикр ҳастанд. Умедворам, ки дору ҳарчӣ зудтар сохта мешаад. Гап дар пул нест. Ман кӯчаҳои шаҳрамро холӣ дидан намехоҳам. Мардум ба ҷойи аз ҳаёт лаззат бурдан, то дами марг бо вирус мубориза мебаранд, ки ин хеле риққатовар аст»,-гуфтааст, ҳунарманд. Дар охири моҳи декабри соли гузашта мақомоти Чин аз коронавируси навъи 2019-nCoVдар шаҳри Ухани ин кишвар хабар доданд.
ТОҶИКБАЧАЕ, КИ АЗ КОРОНАВИРУС НАМЕТАРСАД
Тибқи маълумоти охирин, шумораи мубталоён ба ин вирус дар саросари ҷаҳон ба беш аз 79 ҳазор нафар расида, қариб 2700 нафар қурбони ин вирус шудаанд. Ҳамчунин, табибон тавонистаанд, ки ҷони зиёда аз 27 ҳазор нафарро аз панҷаи маргбори вирус раҳонанд. Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ вируси мазкурро ҳамчун ҳолати фавқулодаи аҳамияти байналмилалидошта эътироф кардааст. Бадии кор дар он аст, ки вирус сирояткунанда буда, аз нафари бемор ба шахси солим мегузарад. Сар аз моҳи феврали соли равон Ҳукумати Тоҷикистон низ чун дигар кишварҳо робитаи худро бо Чин муваққатан қатъ карда, донишҷӯёни тоҷикро, ки дар шаҳри Ухан-маркази вирус таҳсил мекарданд, ба Ватан баргардонд ва ҳоло ҳамаи онҳо дар зери назорати ҷиддии пизишкон қарор доранд.