Formula novemver 2024
КОРОНАВИРУС: БРЕНДҲОИ МАЪРУФИ ҶАҲОНӢ БА ХИТОЙ ХАЙР КАРДАНИАНД
2691

Бренди мӯди итолиёвӣ - ширкати маъруфи "DOLCE&GABBANA” дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи “Humanitas” таҳқиқотеро маблағгузорӣ намуданист, ки метавонад дар мубориза бо каронавирус кӯмак кунад.

"Мо ҳис кардем, ки барои мубориза бо ин вируси харобиовар, ки дар Хитой пайдо шудааст ва имрӯз ба тамоми инсоният таҳдид мекунад, бояд кореро анҷом диҳем",- гуфтанд Стефано Габбана ва Доменико Долче роҳбарони ширкат дар изҳороти расмии худ. “Мо дар ин бора бо Донишгоҳи “Humanitas” созишнома имзо кардем ва аллакай дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи “MedTec” дар соҳаи биомедикӣ ҳамкориро шуруъ намудем”.

Ин тарроҳон барои лоиҳаи мазкур маблағи калон ҷудо кардаанд. “Таҳқиқоти нав бояд механизмҳои вокуниши системаи масуниятро ба коронавирус муайян кунанд ва барои кашфи доруҳои табобатӣ барои мубориза бо он замина гузорад. Лоиҳа таҳти роҳбарии профессор Алберто Мантовани ректори Донишгоҳи “Humanitas” ҷараён дорад. Дар ҳайати мутахассисон чеҳраҳои шинохтаи соҳаи тиб профессорон Элиза Вичензи ва Массимо Клементи аз Донишгоҳи Сан Раффаэле Вита-Салюти Италия шомиланд. Умед аст, ки онҳо дар наздиктарин фурсат доруи зиддивирусии навъи олиро ба оламиён муаррифӣ мекунанд”,-гуфта шудааст дар изҳорот. “Дастгирии ин таҳқиқот вазифаи маънавии мост ва мо умедворем, ки саҳмамон дар роҳи ҳалли ин мушкилот мусоидат хоҳад кард”, - баён дошт Доменико Долче дар суҳбат бо хабарнигорон.

Мақомоти Чин рӯзи 20-уми феврал иттилоъ дод, ки маблағҳои хайриявӣ барои мубориза бо каронавирус аз ҷониби бисёр ташкилотҳои бонуффузи ҷаҳонӣ ҷудо карда шудаанд. “Тақрибан 2,88 миллиард доллар ҷамъ оварда шудааст. Ширкатҳои “Pepsi Cola” ва “Procter&Gamble” ниқобҳои тиббӣ ва таҷҳизоти эвакуатсиониро аллакай ба минтақаҳои осебдида интиқол доданд. Ширкатҳои “Бунёди Билл” ва соозмони “Мелинда Гейтс” 5 миллион доллар ваъда карданд. Инчунин, ширкатҳои бузургтарини дунё, чун “Microsoft”, “LVMH”, “L'Oréal” ва “Michelin” низ ваъдаи кӯмак кардаанд”,-гуфт Ми Фенг сухангӯи Вазорати тандурустии Чин.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД