arzon replenishment
Ҷанҷоли хабарнигори Oila.tj бо қиморбозон дар Автовокзал
4212

Фарзона Муродӣ, ‎хабарнигори сомонаи оила чанд лаҳза пеш аксеро ба мо фиристод, ки дар он ду ҷавони ҳузарб худро шоҳу табъашонро вазир пиндошта, дар рӯзи равшан дар автовокзали шаҳри Хуҷанд ба фиреби мардум машғуланд.

Ин ду ҷавон роҳгузаронро ба бозии “Алик-малик” ҷалб намуда, бо фиребу найранг ба дом меафтонанд. Мардумро ба қимобозӣ шавқманд намуда, ин ҷавонони айёр аз ҳисоби одамони содаву гумроҳ пули бе дарди миёни зиёде ба даст меоранд.

Хабарнигори сомонаи Оила. ТҶ Фарзона Муродӣ мардумфиребии ин ҷавонони маккорро дар телефонаш ба навор гирифта, қариб буд, ки зери мушту лагад монад. Яке аз ҷавонони қиморбоз суратгирии журналистро пай бурда, чунон сахт ба шӯр омадааст, ки ногуфтанӣ. Кам монда буд, ки ин ҷавони ба пули муфт одат карда журналистро лагадкӯб кунад. Аз ҳама таассуфовараш бепарвоии мардум ба ин кашмакашу ҷанҷолу моҷарост.


Дурахшони Ортиқ ҳангоми ҷодугарӣ дастгир шуд? (Видео)


Дар ин нуқта равуои одамон хеле зиёд аст, вале тамоми роҳгузарон худро нодида вонамуд карда, бепарвоёна аз назди онҳо гузашта мерафтанд. Бетарафии онҳоро дида кас ба хулосае меояд, ки имрӯз дар кишвари мо дар рӯзи равшан дар пеши назари мардум шахсеро бераҳмона зада кушанд ҳам, касе ба имдоди ҷабрдида намешитобад.  

Фарзона Муродӣ бо афсӯс мегӯяд:

-Барои аксбардорӣ байни мо хеле ҷанҷол шуд, аммо ягон кас "лом" нагуфт. Наход, ки дар атрофи чунин ҷои серодам ягон корманди милитсия набошад?! Ман ҳайронам, ки чаро халқи мо барои аз байн будани ин тоифа мардумфиребони ҳуққабоз кӯшиш намекунанд, охир онҳо мисли роҳзан киссаҳои одамонро бо фиребу найранг холӣ мекунанд-ку!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД