Arzon march 2024
Кордзании мактаббачаҳо дар шаҳри Хӯҷанд
5682

Шӯъбаи корҳои дохилии Вилояти Суғд аз тамоми падару модарон хоҳиш намудааст, ки фарзандони ноболиғи худро бе назорат нагузоранд.

Ин изҳороти кормандони мақомоти милиса тариқи телевизион баъди муноқишаи хунин байни мактаббачаҳо дар шаҳри Хӯҷанд садо дод.

Чанде пеш Ҷамшед Султонов, хонандаи синфи 9-уми яке аз литсейҳои шаҳри Хуҷанд як ҳамсолашро бо корд захмӣ намуд. Байни ду мактаббача дар микрорайони 18-и шаҳри Хуҷанд баҳсу мунозира ба миён омада, баъдан муноқишаи лафзӣ ба ҷангу занозанӣ мепечад ва ноболиғ Ҷамшед Султонов ҳамсолашро корд мезанад. Ҷабрдида бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол дода шуд ва ӯро ҷарроҳӣ намуданд.
Тавре ки табибони беморхонаи марказии шаҳри Хӯҷанд мегӯянд, ин навраси 15-сола муддати 5 шабонарӯз дар бахши эҳёгарӣ қарор дошт, баъди он ки ҳолаш каме рӯ ба беҳбудӣ ниҳод, ӯро ба шуъбаи ҷарроҳӣ (хирургическое отделение) гузарониданд.


Бобоҷон домони Маҳинаро бо чормағзи пуч пур карда, бо баҳонаҳои гуногун аз ӯ маблағи калонеро меситонад ва бе ному нишон ғайб мезанад.


Намояндагони маркази матбуоти шӯъбаи корҳои дохилӣ дар Вилояти Суғд дар сӯҳбат ба хабарнигори Sugd News гуфтаанд, ки нисбати ноболиғ Ҷамшед Султонов бо моддаи 111-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз гашта, тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Омузгор 2019-12-20, 22:05
Ин гуна бачахоро падаронаш беодоб.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Омузгор 2019-12-20, 22:05
Ин гуна бачахоро падаронаш беодоб.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД