Arzon march 2024
Дар Хуҷанд лаълии парронро диданд?
2063


Шаби 26 ба 27-уми июл дар осмони шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон (собиқ Чкаловск) дар шимоли Тоҷикистон гӯё як ҷирми ғайриоддии осмониро мушоҳида кардаанд. Ба гуфтаи сокинон, ин ҷирм мисли як ҷисми кулӯлаи бузург ва нурафшон буд, вале ба Маҳтоб монанд набуд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳоеро нашр карданд, ки чунин ҷирми осмонӣ қабл аз Хуҷанд дар осмони Бӯстон ҳам мушоҳида шудааст. Корбарони Фейсбук менависанд, ки чунин ҷирмро дар осмони Тошканд дар Ӯзбекистони ҳамсоя низ мушоҳида карда ва ҳатто ба навори видео гирифтаанд. Шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ин ҷирми нурафшон фарзияҳои мухталифи баъзан боварнокардание сар карда аз лаълии паррони осмонӣ (НЛО) то таркиши метеоритро матраҳ кардаанд, аммо Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон овозаи парвози лаълии паррон ё ҷирми осмониро дар осмони шаҳрҳои Бӯстон ва Хуҷанд рад кард. “Ҳамарӯза даҳҳову садҳо телескопҳо кайҳонро мушоҳида мекунанд ва дар сурати пайдо шудани ягон ҷирм дар замин иттилоъи он сабт хоҳад шуд. Мушоҳида шудани ҷирми кайҳонӣ дар шаҳрҳои Бӯстон ва Хуҷанд беасос аст”-гуфт вай.
Дар мавриди “Лаълии паррон” Раҳимӣ гуфт, ки фарзияҳо беасос аст ва дар фазои кайҳон “Лаълии паррон” (НЛО) вуҷуд надорад: “Аз замони пайдо шудани илми кайҳон олимони ҷаҳон кӯшиш мекунанд, ки ҳаётро дар сайёраҳои дигар мушоҳида намоянд. Ҳамарӯза олимон ба кайҳони боз сигнал мефиристанд, аммо то имрӯз ба ҷуз аз замин мо тамаддуни дигареро пайдо накардаем. Бинобар ин, мавҷудияти лаълии паррон ё НЛО беасос аст.”
Бознашр аз Тajikistantimes.com

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД