Formula september
Хуҷанд: Занозании янгаву хоҳаршӯй барои семечка
9804

Зӯровари нисбати занону духтарон дар кишвари мо солҳои охир торафт авҷ гирифта истодааст.

Аксаран духтарони тоҷик баъди ба шавҳар баромадан зери фишори хусуру хушдоман, хоҳаршӯю додаршӯй ва дигар пайвандони шавҳар монда, ҳам азоби руҳӣ ва ҳам азоби ҷисмонӣ мекашанд. Аз сар задани боз як ҳодисаи зӯроварӣ нисбати зан субҳи имрӯз Малика Хуҷаназарова аз шаҳри Хуҷанд ба мо хабар дод...

Ба гуфти ин зан Марҷона ном ҷавонзани хуҷандиро хоҳаршӯяш ончунон бераҳмона лату кӯб намудааст, ки тамоми аъзои баданаш сиёҳу кабуд гаштааст. Сабаби моҷарои янгаву хоҳаршӯй ба қавли Малика донаи офтобпараст-семечка будааст. Марҷона донаки офтобпараст хоида, пӯсти онро ба рӯйи хона партофтани писарчаи хоҳаршӯяшро дида, эрод мегирад, ки пӯчоқи семечкаро ба сатили партов партояд. Ин суханони ҷавонзан ба хоҳаршӯяш сахт расида бо Марҷона занозаниро сар мекунад.

Ба қавли Малика хоҳаршӯяш ба сари Марҷона бо бонка зада, ӯро хуншор намудааст. Ин шоҳиди ҳодиса мегӯяд, хоҳаршӯйи бераҳмаш ин ҷавонзани бегуноҳро он қадар сахт задааст, ки тамоми аъзои баданаш сиёҳу кабуд гаштааст.

Малика Марҷонаро ҳамчун келини меҳнатӣ, хоксор, ҳунарманад ва оромтабиат муаррифӣ намуда мегӯяд:

“Бо чашми худам дидам, ки чи хел хоҳаршӯяш Марҷонаро лату кӯб кард, ҳол он ки ин келинчаки бечора шабу рӯз дар хизмати хусуру хушдоманаш аст. Бисёр духтари меҳнаткаш аст Марҷона, саҳар ҳанӯз бонги хурӯс набаромада мехезаду то нимаи шаб бо кору бори хона овора мешавад. Духтараки оромтабиат аст, гап аз дахонаш намебурод. Соҳиби як фарзанд бошад ҳам, ягон бор сари хамашро боло намекунад. Хоҳаршӯяш дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекунад. Марҷона кору бори хонаи хушдоманашро, ки тамом кард, ба хонаи хоҳаршӯяш рафта, корҳои ӯро ҳам мекард, аммо ба ҷойи раҳмат гуфтан ин ношукр бечораро мурданивор зад. Ягон баҳси калон мебуд, гапи дигар, вале ҳамааш аз пушти як пачка семечка. Марҷона ба бачаи хоҳаршӯяш гуфтааст, ки пӯчоқи семичкаро дар хона туф накуну дар сатили партов парто. Барои ҳамин гапи ҳақ хоҳаршӯяш даҳону бинии Марҷонаро зада хуншор кард, агар мо намебудем, ин келини бечора аз дасти кайсингилаш кушта мешуд...”

Ба қавли ин зан шавҳари Марҷона дар Русия буда, парвои ҳамсару фарзандашро надорад. Аз бепаноҳияш истифода бурда, хушдоману хоҳаршӯяш Марҷонаро азият медодаанд.

Ногуфта намонад, ки моҷароҳои хонаводагӣ ба мавзуи доғи ҷомеаи мо табдил ёфтаанд. Баъзан як баҳси кӯчаки оилавӣ боиси куштори берамонаи зан аз ҷониби шавҳар, янга бо дасти хоҳаршӯй ва дигар аъзоёни хонавода мегардад, ки хеле ташвишовар аст...

Поделиться новостью
Шарҳ
(13)
Кенчабой рахимов 2019-06-13, 17:53
Хеч гап надорад ин хел гапхо мешавад дар оила бародархо барои таскини инхо гапхои хуб нависед на аловмони.
Посух
Зокиров Абдулло 2019-06-13, 18:23
Тоба и чи гапай Аллох хидоятшон куна
Посух
Маша маша 2019-06-13, 18:46
Вапше жесть что у вас там творитсья держите своих мужиков при себе тогда?
Посух
шохсанам 2019-06-13, 19:55
?????
Посух
Абду Абдурахмонов 2019-06-13, 21:07
Хамаи ин чангу чанчолхои занхои мо ин дури аз исломро нишон медихад
Посух
Мавлуда 2019-06-13, 22:23
Худоё хар як зани мусалмонро бахту рузи тияд. Кайсингил ё хуштоман худаш келин нашудабошад? Аз Худо наметарсидабошанд, ки ба фарзанди мардум чабру ситам мекунанд. ???
Посух
Мухитдин Турсунов 2019-06-13, 22:32
Эй хохару бародарон, махалчиги, ману ту гуфтан ин одати миллати точик нест охир. Чи Хучанди, чи Хатлони, чи Зарафшони? Мо охир миллати точику Точикистони хастем. Ана ин хел инсонхоро бояд тарбият дихем, ки фардо фарзандони мо дарси ибрат. Шарм доред аз ин !!!
Посух
Фира 2019-06-14, 18:19
Просто кошмар
Посух
Дил Дил 2019-06-14, 18:26
Як хел келинхо то аз хоб мехезан хуштоману кайсингилхой хама корой хоная мекунан, боварим намиея ки хами келино бо раван хонай кайсингилоя тоза кнан
Посух
Беназир 2019-06-14, 20:43
Афсус...
Посух
Мискинзода 2019-06-21, 19:58
Э бародарону хоҳарон баъзетон хуҷанди мегӯйед парво надоред о ваям мисли мо тоҷикай ба ҷои насиҳат разбор карсодием.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД