ТОЛЕЪНОМАИ 22-ЮМИ ДЕКАБРИ СОЛИ 2025
1776

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Рӯзи пур аз рӯйдодҳои гуворо аст. Бояд сифатҳои беҳтарини худро нишон дода тавонед, нисбати наздикон меҳрубону сабур бошед ва бетоқатӣ накунед. Аксари зодагони бурҷи ҳамал бо шарофати якравии зотӣ ва кӯшиши дар ҳама кор сарварӣ кардан даст ба корҳои душвортарин зада, бурд мекунанд. Дар ҷодаи муҳаббат шитобкорона муносибатҳои ошиқонаатонро барбод надиҳед.

Cавр (20 апрел-20 май)

Дар ин рӯз вақти зиқшавӣ намеёбед. Аз серкорӣ вақти сархорӣ ёфта наметавонед. Худатон ҳайрон мешавед, ки сусткории зотиятон куҷо мешавад. Дар ин давра гӯё аз хоби дарозмуддат бедор шуда, ба ҳаёти замоне осудаатон тағйирот ногаҳонӣ ворид мегардад. Дар ҷодаи муҳаббат бори дигар ба самимӣ будани муҳаббати ёратон қоил мегардед. Барои он ки меъдаатон бемор нашавад, аз пурхӯрӣ ва нӯшокиҳои ҷӯш эҳтиёт шавед.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Дар ин рӯз барор ҳамсафари шумост, аз вазъият истифода баред. Бо шарофати хушчақчақиву зарофатгӯӣ гули сари сабади дӯстон мегардед. Барои он ки табъи касеро хира насозед, баҳсу мунозира накунед. Ба ғайбату буҳтоне, ки дар атрофи номатон давр мезанад, диққат надиҳед. Хароҷоти калон карданатон лозим меояд, вале беҳтар аст, ки ин корро ба таъхир гузоред.

Саратон (21 июн-22 июл)

Рӯзи пур аз рӯйдод аст, аз муҳлат истифода бурда, метавонед мавқеи худро дар корхона беҳтар ва ҳаҷми маошатонро баландтар созед. Дар баробари серкорӣ ниёзҳои худро фаромӯш насозед, вақту қувваи худро аз ҳад зиёд сарф накунед. Ба саломатии ғадуди сипаршакл ва дарди миён диққати хоса диҳед. Серҳаракат бошед, бо варзиш машғул шавед, он гоҳ худро беҳтар ҳис карда, табъатон болида мегардад.

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз муваффақияти минбаъдина аз масъулиятнокии шумо вобастагӣ дорад. Муносибататон бо ҳамкорон бо баъзе сабабҳо бад мегардад. Агар дар атрофатон нафароне бошанд, ки аз боварии шумо баромадаанд, маҳз дар ҳамин рӯз дӯстиро бо онҳо қатъ намоед. Аксари нафарони дар мучали асад тавлидёфта танбалу коргурез мешаванд. Дар оилаатон осудагиву ҳамдигарфаҳмӣ дида мешавад.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Нисбати наздикони худ меҳрубон бошед, айни замон аҳли оила ба дастгирии шумо ниёз доранд. Мушкилоти пайвандонро сабук созед, вале аз ҳад зиёд худро азият надиҳед. Дар ҷои кор муваффақиятҳои шумо боиси рашку ҳасуди ҳамкорон мегардад. Ба гапу рафтори дигарон диққат надиҳед. Маблағи хуб ба даст меоред, минбаъд барои захира кам-кам пул ҷамъ кардан гиред. Охири рӯз ба мушкилоти оилавӣ аз ҳад зиёд диққат надиҳед.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Давраи мусоидест барои беҳтар сохтани мавқеи худ дар касбу кор. Бо вуҷуди сар задании монеаҳо бояд фаъолона амал кунед. Аз пашша фил насозед ва худро ба ҳолати сахти руҳафтодагӣ гирифтор насозед. Рӯзи ҷумъа атрофиён дар ҳама кор дастгирӣ мекунанд. Тамоми корҳои махфӣ, сиру асрори худро то охири рӯз ба анҷом расонед. Рӯз барои ақди никоҳ ва оиладоршавӣ мусоидат мекунад.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Дар ин рӯз диққати худро ба мушкилоти касбӣ равона созед. Оид ба нақшаҳои ояндаи худ бо дӯстону ҳамфикрони дилпур маслиҳат кунед. Дар ҷои кор бо муноқишаву моҷаро дучор намегардед. Нафаре аз шумо пул қарз мепурсад, вале дар натиҷа эҳтимоли вайрон шудани муносибатҳоятон ба вуҷуд меояд. Аксари нафарони дар мучали ақраб тавлидёфтаро вохӯриву шиносоиҳои тақдирсоз дар назар аст.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Вақти бештари худро ба оила ва муошират бо наздикон бубахшед. Вазъи молиявиатон беҳтар мегардад, эҳтимоли ба даст овардани маблағи иловагӣ дар назар аст. Агар нияти харидани телефони мобилӣ дошта бошед, беҳтараш ин корро рӯзҳои истироҳат ба анҷом расонед. Ба танқиди ҳамкорон диққат надиҳед. Қабл аз он ки хариди калон мекунед, нағзакак андеша намоед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Бо корҳои нотамоми худ машғул шудан мехоҳед ва пешакӣ дар фикри беҳтар сохтани вазъият ҳастед. Бо сабаби серкории шумо дӯстдоштаатон меранҷад, вале дарҳол муноқиша оғоз карданро маслиҳат намедиҳем. Беҳтараш вазъиятро дуруст фаҳмонида, сабру таҳаммул пеша намоед. Бемор шудан нахоҳед, аз гармохунукшавӣ эҳтиёт шавед.

Далв (20 январ-18 феврал)

Нисбати атрофиён бодиққат бошед, ягон чизро мадди назар насозед. Зудбовар нашавед ва ҳар ғайбату бадгӯиеро, ки мешунавед, ба инобат нагиред. Дар акси ҳол муносибататон бо шахсе, ки бароятон азиз аст, вайрон мегардад. Рӯз барои харид кардан мусоид аст. Дар ҷои кор ба эҳсосот дода нашавед, вагарна ба ғалату камбудӣ роҳ медиҳед. Агар имкон дошта бошед, пеш аз хоб бештар пиёда гардед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ҷои кор боҷуръат бошеду истодагарии бештар зоҳир намоед. Дар ин сурат ба боварии роҳбарияту ҳамкорон даромада метавонед. Бо баъзе ҳамкорон байнатон муноқиша сар мезанад. Дар ҳаёти шахсӣ ба лавандӣ роҳ надиҳед. Миёнаи рӯз барои вохӯриҳои ошиқона бобарор аст. Бештар изҳори муҳаббат карданро фаромӯш насозед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД