Ҳамал (21 март-19 апрел)
Ҳар орзуву нияте, ки дар дил мепарваред, ба шарте амалӣ мешаванд, ки пайваста заҳмат кашида, меҳнат кунед. Агар аз кор натарсед, бар ивазаш роҳат мебинед. Бо тамоми ҳастӣ аз танҳоӣ гурезед, айни замон он бар зарари шумо хоҳад буд. Нобоварӣ нисбати шахси дӯстдошта ва ӯро ҳамчун моли шахсии худ донистан сабаби нофаҳмиҳои зиёд мегардад. Худро ба даст гиред, ба қаҳру ғазаб дода нашавед. Дар акси ҳол бахти худро аз даст медиҳед.
Cавр (20 апрел-20 май)
Дар ин рӯз бар замми он ки корҳои ба нақшагирифтаи худро ба анҷом мерасонед, боз мушкилоти пешинаи худро ҳам бартараф месозед. Агар аз шумо кумак пурсанд, рад накунед. Вазъи молиявиатон мунтазам рӯ ба беҳбудӣ меорад. Пули калон ба даст наоред ҳам, кисаатон холӣ намемонад. Нафарони муҷаррадро тағйироте дар пеш нест.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Аввали рӯз аз ҷорӣ намудани тағйирот наҳаросед. Бо ҳар нафаре, ки шинос мешавед, ба зиндагиятон таъсири хуб мерасонанд. Охири рӯз баъзе мушкилиҳои молиявӣ сар мезананд, вале пули зиёдатонро аз даст намедиҳед. Ба нафаре, ки нисбати шумо бе таваҷҷуҳ аст, дил набандед. Вагарна бори дигар аз зиндагӣ дилмонда мешавед. Рӯз барои табобати бемориҳо хеле созгор аст. Нафарони оиладор аз рафтори ҳамсафари ҳаётӣ дилхун мешаванд.
Саратон (21 июн-22 июл)
Нақшаву ниятҳои худро ба касе нагӯед, вагарна бадхоҳон аз содагиву зудбовариятон истифода мебаранд. Аввали рӯз дар кору тиҷорат пешравӣ дида мешавад. Ҳангоми кор бо маҳлулҳои кимиёвӣ эҳтиёт шавед. Агар дӯстоне дошта бошед, ки бо сабабе робитаатон қатъ гашта бошад, ба меҳмонӣ даъват намоед. Нисбати дӯстдоштаи худ бепарвоӣ накунед, вагарна дар сари қаҳр коре мекунад, ки ислоҳ карданаш душвор аст.
Асад (23 июл-22 август)
Рӯзи ором аст. Агар нақшаи хариди калон карданро дошта бошед, дар ин рӯз ба ин кор даст назанед. Вохӯрӣ бо шахси дӯстдошта табъатонро хуш мегардонад. Аз душманони пинҳонӣ ва бадхоҳон эҳтиёт шуданатон лозим аст. Иғвогариҳои онҳо ба ҳаётатон бетаъсир намемонад.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Дар ин рӯз шуморо вохӯриву шиносоиҳои бобарор интизор аст. Ҳар танқиду эроде, ки дар мавриди рафтору сару либоси худ мешунавед, ба эътибор нагиред, дар атрофатон бадхоҳону ҳасадхӯрони зиёде ҷамъ омадаанд. Дар воқеъ, дар ин рӯз шумо бо суханони оқилонаву саривақтӣ ҳам пул ба даст оварда метавонеду ҳам муҳаббат. Ҳангоми кор бо ашёҳои нӯгтез эҳтиёт бошед, хатари ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Дар ин рӯз барои муваффақ гаштан хеле заҳмат кашиданатон лозим меояд. Миёнаи рӯз хароҷоти калон мекунед. Ба касе қарз надиҳед, вагарна пулро дигар баргардонида наметавонед. Рафту қошуқ ёбед, соҳиби давлату сарват мегардед. Агар нафаре дар фикри бадии шумо бошад, зарари худро мерасонад. Ба саломатии чашмон диққат диҳед.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Дар ин рӯз бо мушкили зиёде машғул шуданатон лозим меояд, вале дар танҳоӣ аз уҳдаи ҳама кор намебароед. Маҷбур мешавед, ки аз дигарон кумак пурсед. Ба чашмони худ фишор наоред, дар хонаи чароғаш хира китоб нахонед ва назди компютеру телевизор зиёд нашинед. Нафароне, ки мошини шахсӣ доранд, эҳтимоли вайрон шудани мошинатон вуҷуд дорад.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Барои рафтору кирдори неке, ки замоне нисбати дигарон кардаед, дар ин рӯз мукофот мегиред. Ба атрофиён имкон надиҳед, ки озодиятонро маҳдуд созанд. Агар тасодуфан гурбаи сафедро бо пой зер кунед, муҳаббати худро аз даст медиҳед. Бегоҳирӯзӣ вохӯрии тақдирсоз имкон дорад. Пулро барои дӯстдоштаи худ дареғ надоред, вагарна ӯро сахт меранҷонед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз муноқишае, ки чанд сол пеш аз сар гузаронида будед, аз нав сар мезанад. Нафаре шуморо ба ғазаб овардан мехоҳад. Аз доираи нафароне, ки бароятон писанд нестанд, худро канор гиред, айни замон бадхоҳон ба ҳама гуна макру ҳилла қодир ҳастанд. Бо сабаби танбаливу фориғболӣ тамоми дастовардҳоятонро аз даст медиҳед. Нисбати шахси дӯстдошта рашку нобоварӣ пайдо мекунед. Агар дар маъракаҳо сабабгори муноқиша шудан нахоҳед, ба эҳсосот дода нашавед.
Далв (20 январ-18 феврал)
Дар ин рӯз бо душманони собиқ ва рақибон дидорбинӣ карданатон имкон дорад. Қувваву имкониятҳои худро истифода бурда, аз туҳфаҳои тақдир бенасиб намонед. Баъди нисфирӯзӣ дар хонаатон нофаҳмӣ сар мезанад. Нафарони муҷаррад эҳтимол бо нафаре шинос мешаванд, ки дар оянда лаҳзаҳои хушро барояшон ҳадя месозад.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз нафароне пайдо мешаванд, ки дар лаҳзаҳои мушкил дастгирӣ мекунанд. Агар бо мақсади харидорӣ намудани чизи дилхоҳ пул ҷамъ мекарда бошед, ба зудӣ маблағи даркориро ба даст меоред. Инчунин дар ин рӯзҳо иштиҳоятон кушода мешавад. Нафароне, ки аз фарбеҳӣ азият мекашанд, ба пурхӯрӣ роҳ доданро тавсия намедиҳем.