arzon replenishment
Ишқи духтари яғнобӣ Ҷамшеди  мӯъминободиро аз занаш ҷудо кард? (Видео)
2517


Ҷамшеди мӯъминободӣ –ин ном барои аксарият истифодабарандагони сомонаи "Oila.tj"ва онҳое, ки ошиқи сурудҳои ғарибӣ ҳастанд, ошност.

Ҷамшед аввалин сарояндаест, ки дар васфи ғарибони ватан суруд хонда, дарди дили ҳазорон ғарибонро тариқи таронаҳои пурдарди хеш байён кардааст. Ӯ тавонист дар як муддати кӯтоҳ ном барорад, аммо баъдан гиру дори зиндагӣ Ҷамшедро аз соҳили ҳунар дур афканд. Хушбахтона, имрӯз ин ҳунарманди ҷавон дубора ба ҷодаи санъат баргашта, аз пайи эҷоди таронҳои нав ба нав мебошад. Ба хотири огоҳӣ ёфтан аз навгониҳои зиндагӣ ва эҷодаш мо Ҷамшеди муъминободӣ ҳамсӯҳбат гаштем.

-Ҷамшедҷон! Як соли охир на сурудҳоятонро мешунавему на аз навгониҳои ҳайётатон хабар дорем. Чаро инқадар камнамо шудед?
-
Шояд аз чашми шумо рӯзноманигорон каме дур афтода бошам, вале меҳри санъат намегузорад, ки ҳатто як лаҳзаи умрамро бе суруду мусиқӣ гузаронам. Аҳз пайи эҷоди таронаҳои нав ба нав ҳастам.


-Дар байни мардум овоза аст, ки Шумо таркӣ санъат намуда рӯ ба бизнес оврадаед.

-
Аслан аз санъаткор бизнесмен намебарояд. Ман инро аз таҷрибаи шахсии худам мегӯям. Чанд маротибае,ки тиҷорат кардам, фақат сӯхтам ва ба хулосе омадам, ки дигар аз паси тиҷорат намешаам, чунки Худованд маро барои санъат офаридааст. Айни замон дар ансамбли “Марзбон”-и қушунҳои сарҳадӣ ба ҳайси овозхон кору фаъолият дорам, ҳамзамон дар кӯдакистони №-52-и шаҳри Душанбе роҳбари мусиқӣ ҳастам.

-Пас аз суруди “Духтари яғнобӣ” баъзе ба ном дӯстонатон миш-миш сар карданд, ки Ҷамшеди мӯъминободӣ ба як духтари 16 солаи яғнобӣ ошиқ шудааст. Мегӯянд, ки занатон бо маъшуқаи яғнобии шумо рӯканиву муйканӣ карда аз хона баромада рафтааст.Ин овозаҳо то куҷо ҳақиқат доранд?

-
Ин овозаҳо ба гӯши худам ҳам расида буданд. (Механдад). Ба ҳамаи мухлисонам мегӯям,ки Ҷамшедро аз зану фарзандонаш ба ҷуз марг дигар касе ҷудо карда наметавонад. Барои ишқи ҳар як духтари бегона ман ҳаргиз фарзандонамро бепадар ва хору зори дари мардум намесозам.


-Зафар Аюбӣ гуфта буд, ки маро Зафарча гӯянд, хушам меояд. Шуморо Ҷамшед неву Ҷамшедча гӯянд хафа намешавед?
-(Механдад). Ман нисбати Зафарча ва санъаташ эҳтироми зиёд дорам. Ростӣ, чаро Ҷамшедча неву Ҷамшеди муъминободӣ шудам, худам ҳам намедонам. Ин номро мухлисонам ба ман гузоштанд. 


-Чилдухтарони Мӯъминобод дар Тоҷикистон ва берун аз он хеле машҳур аст. Сайёҳони зиёде ба хотири дидани Чилдухтарон ба кишвари мо меоянд. Дар васфи зодгоҳатон ягон суруд эҷод накардед?

Муъминобод ватанам хоки бузургони манӣ,
Як диёри нозанин аз Тоҷикистони манӣ.
Ба дилам меҳри туро дорам, ту ҷони манӣ,
Муъминобод хонаи умеду армони манӣ.
Ин суруд бо қалами худи банда иншо шудааст ва насиб бошад рӯзҳои наздик аз пайи ба наворгирии ин клипи зебо дар кӯҳи манзараҳои Чилдухтарон хоҳам шуд.

-Мухлисонатонро рӯзҳои наздик бо чӣ шод месозед?
-
Сурудҳои нав, клипҳои диданӣ ва консерти алоҳидаи бандаро интизор шуда метавонанд.
Муваффақ бошед!

alt



Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД