Низорамоҳ Зарипова як достони зинда аст. Достони ҷасорат ва матонати зани тоҷик. Ин бонуи нексиришт қариб 50 соли умри бобаракаташро сарфи хизмати Ватан намудааст.
Одатан занҳои воломақом хеле кам дар ҳаёти оилавӣ хушбахт мешаванд, зеро рашк, нобоварӣ, ғайбату туҳмати мардум ба решаи ниҳоли бахташон табар мезанад, вале ба ин бонуи оқила муяссар гаштааст, ки умре дар вазифаҳои масъули давлатӣ кор карда, бар баробари ин, оилаашро мустаҳкам нигоҳ дорад. Аз ҳамин хотир мо бо ин пири барнодил дар боби сирри хушбахтии оилавӣ суҳбат оростем.
-Ҷавониро солҳои тиллоии умр мегӯянд, аз ҳамин хотир мехостем суҳбатро аз хотироти даврони шубоби шумо оғоз намоем…
-Ҷавонӣ дар ҳақиқат баҳори умри инсон аст, вале қабл аз ҳама ман мехостам дар бораи даврони кӯдакиам нақл кунам. Панҷсола будам, ки падарам аз олам гузашт. Солҳои гуруснагӣ буд. Модарам дар синни 22 солагӣ бо 4 фарзанд бева монда бошад ҳам, мисли баъзе ҷавонзанҳои имрӯза бо баҳонаи душвории зиндагӣ ба корҳои паст даст назад. Колхозчӣ буд, рӯзи дароз дар саҳро меҳнат мекарду шабҳо моро бо худ гирифта, ҳамроҳи ҳамсояҳо ба заминҳои ғаллазоре, ки босмачиҳо оташ мезаданд, саракчинӣ мерафт, то аз гушнагӣ намурем. Бисёриҳо кунҷора, ҷорӯб, пӯстлох ва решаи дарахтонро хӯрда, варам карда мурданд, вале бо шарофати модари меҳнатқаринам мо зинда мондем.
-Дар он солҳо хондани духтар қаҳрамонӣ буд, зеро на ҳар кас розӣ мешуд, ки фарзандашро ба шаҳр барои таҳсил фиристад. Кӣ шуморо ба илмомӯзӣ ҳидоят кард?
-Модарам зани ҷавон ва бисёр зебо, ки буд, талабгоронаш аз мӯйи сараш ҳам бисёр буданд, вале баъди сари падарам вай дигар шавҳар кардан намехост. Як писари амакам бо мо зиндагӣ мекард. Мо ӯро ака мегуфтем. Ана ҳамин акаам модарамро маҷбур кард, ки ба раиси ҳамонвақтаи ҷамоати совети қишлоқи Пушиёни ноҳияи Восеъ ба шавҳар барояд. 3-4 сол пас ҷанг сар шуду падарандарамро раиси ҳукумати Кӯлоб таъйин карданд ва ӯ моро ҳамроҳаш ба Кӯлоб бурд. Ман, Тоҷинисо Азизовна, Салтанат Назарова боз ду-се духтари фаъоли дигарро барои хондан ба пойтахт фиристоданӣ шуданд. Модарам аввал розӣ нашуд, вале падарандарам ӯро ба гап даровард ва маро ҳамроҳи духтарҳо бо мошини боркаш ба шаҳр фиристод.
-Рост аст, ки шумо бо худи Сталин во хӯрда будед?
-Бале, рост аст. Барои иштирок дар парад ба гурӯҳи ҳукуматӣ Ҳанифа Мавлонова, Адолат Раҳимовна, ман ва панҷ духтари фаъоли дигарро ҳамроҳ намуда, ҳамчун намояндаи Тоҷикистони шӯравӣ ба Маскав фиристоданд. Пас аз парад маҷлиси калон шуд. Дар маҷлис пешвои ҳамонвақтаи давлати Шӯравӣ Сталин баромад карда дар бораи дӯстию бародарии халқҳои СССР сухан кард. Баъди ба охир расидани суханрониаш Сталин ба толор фаромад. Азбаски ман дар қатори аввал нишаста будам, рост ба назди ман омада аз куҷо буданамро пурсон шуд. Гуфтам, ки тоҷикдухтарам, аз Тоҷикистон омадаам. “Тоҷикистон! Тоҷикистон ҳам омадааст” гӯён Сталин ба пуштам се маротиба заду баромада рафт.
-Духтарони таҳсилкарда дар он замон ангуштшумор буданд. Магар душманон дар бораи шумо овозаю ҳангома намебофтанд?
-Албатта мебофтанд ва ин овозаҳо то ба шаҳр ҳам мерасиданд. “Низорамоҳ дар шаҳр бероҳа шудааст” гуфтани ҳамсояҳоямонро шунида ҷигархун мешудам, вале аз роҳи интихобкардаам нагаштам. Курси яксолаи роҳбарикунандаро нав хатм карда будам, ки падарандарам ба наздам омада гуфт: “Модарат аз гапу калочаи мардум қариб девона шудааст, пагоҳ ман туро ба Кӯлоб мефиристам!” Рӯзи дигар куртаи чаканамро пӯшидам ва рӯймоли калонро ба сарам баста ба роҳ баромадам. Мардум либоси миллӣ ва поҷома доштани маро дида пичир-пичир мекарданд: “Низорамоҳ чи хеле, ки рафта буд, ҳамон хел аст-ку!” Ба модарам ҳамаашро як ба як нақл кардам. Дар хобгоҳи занона зиндагӣ кардани маро шунида дилаш ором гирифт. Бегоҳ аҳли маҳалла дар хонаи мо ҷамъ омаданд. Гуфтаҳоямро як бори дигар дар назди онҳо такрор намудам. Пас аз он ки ҳамаашро нақл карда додам, як мӯйсафеди солхӯрда, ки пири мо ҳисоб мешуд, аз ҷояш бархоста гуфт: “Дониста монед, агар як бори дигар аз забони ягонтои шумоён дар ҳаққи Низорамоҳ гапи пасту баланд шунавам, касе, ки набошад, ӯро сахт хафа мекунам!” Бо ҳамин овозаҳо дар атрофи номи ман хотима ёфтанд.
-Шумо аз ҷумлаи аввалин занҳои соҳибмақоми тоҷик ҳастед. Дар солҳои душвори ҷанг ва давраи пас аз ҷанг, ки қаҳтию гуруснагӣ ҷони мардумро ба лабашон расонда буд, кашидани бори масъулияти роҳбарӣ бароятон душворӣ намекард?
-Албатта душвор буд. Он солҳо роҳбарон мисли замони ҳозира мошинсавор ва эрка набуданд. Аксар вақт пиёда деҳа ба деҳаю ноҳия ба ноҳия гашта дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ мебурдем. Қариб тамоми шаҳру ноҳияҳои Кӯлобро пойи пиёда гаштаам.
-Магар пойи пиёда дар куҳу пушта гаштан хатарнок набуд?
-Албатта хатарнок буд. Хирс, гург, шағол, хулоса бо чи балоҳое, ки рӯ ба рӯ нагаштам. Ду бор қариб туъмаи гургҳо гашта будем.
-Наход?!
-Бори аввали бо гургҳо рӯ ба рӯ гаштан моиндарам ва апаам Иқлиммоҳ ҳамроҳамон буд. Бечора дар дасташ кӯдаки ширмак дошт, зор-зор гиря мекард, ки ҳозир гургҳо кӯдакамро мехӯранд. Базӯр гурехта дар паси хорҳо паноҳ шудем. Байни мо ва галаи гургҳо ҳамагӣ 20 метр роҳ монда буд, вале Худованд моро нигоҳбон шуд. Гургҳо сайди дигареро диданд ва сайдро думболагирӣ намуда, давида рафтанд. Ин ҳодиса дар тарафҳои Кӯлоб рӯй дода буд.
-Бори дуюм дар куҷо бар галаи гургон ғолиб омадед?
-Дар ноҳияи Шӯробод. Маро барои корҳои фаҳмондадиҳӣ фиристоданд. Хушдоманам нахост, ки танҳо сафар кунам, ҳарчанд гуфтам, ки роҳ дароз аст, азоб мекашед, кампир ҳамроҳам равон шуд. Дар миёни ду куҳ будем, ки галаи гургони маст ба мо ҳамла карда, сӯямон давиданд. Дар наздикӣ на дарахт буд, на ҷойи пинҳоншавӣ, мани ба даҳшат афтида ба хушдоманам нигариста чӣ кор карданамро намедонистам. Хушдоманам ҳам талхакаф шуда буд, вале сир бой надода маро тасаллӣ медод, ки натарсам. Кампири таҷрибадор бо худ гӯгирд гирифта будааст. Вақте ки гургҳо наздик мешуданд, кампир сари ягон гиёҳро оташ мезад. Аз алангаи оташ тарсида гургҳо дур мешуданд. Гиёҳҳои хушкро оташ зада, оташ зада аз куҳ худро то деҳаи наздиктарин расондем. Ана бо ҳамин хел азобҳо мо ҷонамонро дар кафи даст гирифта, барои ободонии Ватан кор мекардем.
-Аз ин қаҳрамониҳоятон чӣ фоида медидед?
-Медонед, он солҳо тарбият дигар буд, мардум барои манфиат кор намекарданд. Роҳбарон ягон хел “лгот” надоштанд, ҳама дар назди давлат баробар буданд. Ёд дорам, солҳои қаҳтӣ дар назди бинои Комиҷроияи шаҳр ба мардум бо карточка нон тақсим мекарданд. Қариб ҳар рӯз як бевазан бо ду кӯдакаш омада мағзҳои рехтаи хлебро аз замин мечиду ба даҳони кӯдаконаш мемонд. Як рӯз дар дастам нон ба сӯйи хонаамон рафта истода будам, ки ҳамон зан аз рӯ ба рӯ баромад. Маълум буд, ки аҳволашон тамоман бад аст. Дилам сӯхт, халтаи нонро ба дасташ додаму дасти холӣ ба хонаамон рафтам. Модару хоҳаронам мисли ҳама дар хона гурусна нишаста буданд, сабаби бе нон омаданамро пурсиданд. Сарамро хам карда гуфтам: “Мебахшед, ман нони шумоёнро ба як занаки гадо додам, агар намедодам, шояд бачаҳояш аз гуруснагӣ мемурданд...” Он шаб аҳли оилаи мо гурусна хоб карданд, вале ман аз он ки нонро ба он гадозан додам, ягон зарра пушаймон набудам. Аз ҳамон рӯз сар карда, ҳамеша нисфи нони ҳаққи худамро ба ҳамон занак медодам. Аз байн чандин сол гузашт, қаҳтӣ пушти сар шуда, давраи серию пурӣ расид. Як рӯз саросема ба кор мерафтам, ки чашмам ба ду ҷавони зебои хушқаду қомат афтид. Онҳо ба ман нигариста байни худ ким-чи мегуфтанд. Ҷавонзани хушрӯй будам, гумон кардам, ки мафтуни ҳусну ҷамолам гаштаанд. Аҳамият надода ба роҳи худам рафтанӣ шудам, вале он ҷавонҳо ба ман боодобона салом дода, пурсиданд: “Апа, шумо моро нашинохтед?” Сар ҷунбондам. “Мо ҳамон кӯдакони гуруснае ҳастем, ки солҳои қаҳтӣ шумо ҳар рӯз нисфи нони ҳаққи худро ба мо медодед, агар шумо намебудед, шояд мо кайҳо мурда мерафтем” гуфтанд ҷавонон. Ашк дар чашмонам ҳалқа зад. Беҳтарин мукофоти дар зиндагӣ насиби ман гашта суханони ҳамин ду ҷавон буданд.
-Мутаассифона, ҳатто имрӯз ҳам бархе аз мардум ба бонувони соҳибмаълумот бо назари шубҳа менигаранд ва духтари таҳсилкардаро келин кардан намехоҳанд. Барои шумо барин духтарони босавод он замон бахти худро ёфтан душвор набуд?
-Шавҳарам Зуҳуршоҳ капитан, муовини комсорги полки Тоҷикистон, маҷруҳи гурӯҳи 2-юм буд. Хостгоронам аз мӯйи сарам бисёртар бошанд ҳам, дар насибам ҳамин мард будааст.
-Тӯйи комсомолӣ кардед?
-Аз куҷо?! Ман ҳатто куртаи арӯсӣ ва кафши наве надоштам, ки рӯзи тӯям пӯшам. Бо ҳамон куртаи обшустае, ки ҳар рӯз пӯшида ба кор мерафтам, моҳи июли соли 1945 арӯс шуда ба хонаи Зуҳуршо рафтам. Ягон чиз надоштем (қошуқи охирини хонаро ҳам ба фронт фиристода буданд), вале хушбахт будем. Азбаски ҳардуямон ҳам одамони шинохта будем, ба хонаамон меҳмонҳои бисёре меомаданд ва баъзеашон шаб дар хонаи мо мемонданд. Бовар кунед, вақтҳое мешуд, ки пойҳоям дар таги печка хоб мекардам, чунки мо ҳамагӣ як дар хона доштем.
-Беҳуда нагуфта будаанд, ки ба чашми ошиқ биёбон ҳам гулистон менамояд, агар бо маҳбубаш бошад...
-Мо якдигарро ҳамчун коргари ҳукумат мешинохтем, иззату ҳурмат мекардем, вале дӯст намедоштем. Бе ишқу ошиқӣ хонадор шуда бошем ҳам, қариб 50 сол бо ҳам хушбахтона умр ба сар бурдем, чунки сахтиҳои зиндагиро бисёр дида будем ва ба қадри ҳаёт мерасидем.
-Одатан тамоми келинҳо аз хушдоман меноланд. Ягон маротиба хушдоманатон ба шумо эрод гирифта буданд?
-Албатта ягон зиндагӣ бе гап намешавад ва мо ҳам истисно набудем. Рӯзе аз кор баргаштаму баробари аз дарвоза даромадан Зуҳуршоҳ гӯён фарёд кардам. Шавҳарам гирди кати рӯйи ҳавлиамонро тоза мекард, вале аз чи бошад, ки худро ношунида вонамуд кард. Қаҳрам омаду дод задам: “Зуҳуршоҳ, гӯшот вазнин шудааст, ки намефаҳмӣ?!” Хушдоманам аз ин рафтори ман ба ғазаб омада ситезакунон гуфт: “Барои ин корат Худованд туро ба дӯзах мепартояд, баъд ману писарам чи хел дар қаъри оташи сӯзони ҷаҳаннам сӯхтани туро тамошо мекунем. Ҳамин хел не, Зуҳуршоҳҷон?” Шавҳарам рӯяшро ҷониби модараш гардонда гуфт: “Очаҷон, агар занам ба дӯзах афтад, ман ҳам аз баҳри биҳишт гузашта ба ҷаҳаннам меравам, чунки Низорамоҳ бо чунин ҳусну ҷамолу мақому мартабааш ба мани маъюб ба шавҳар баромада, умри ҷавонашро сарф хизмати ман намуд. Майлаш, мо дукаса дар оташи дӯзах месӯзему шумо сӯхтани моро аз дур тамошо кунед...”
-Хушдоманатон “занкалон шудӣ” гуфта ба сари писараш ғавғо набардошт?
-Як одати хуб дошт кампир, кина намегирифт. Дар сари қаҳраш ягон гап занад ҳам, баъд ба зудӣ онро фаромӯш мекард. Бечора дар дами пириаш касалманд шуда, чандин сол дар рӯйи ҷогаҳ хобид. Модари худам барин хизматашро кардам. Аз ману писараш розӣ аз дунё рафт модаршӯям. Худо раҳматаш кунад.
-Шумо ҳамеша дар байни мардум, гули сари сабад будед, шавҳаратон рашк намекарданд?
-Шавҳари ман мардаки идеалии советӣ буд, чи будани рашкро намедонист. Марди бисёр меҳрубону меҳмондӯст буд. Дугонаҳои ман ё хешу таборам ба хона меҳмонӣ биёянд, аз шодӣ дар куртааш намеғунҷид. Ба сафарҳои корӣ равам, то баргаштанам кӯдаконро худаш нигоҳубин мекард.
-Наход ягон бор аз мардакатон шатта нахӯрда бошед?
-Задан он тараф истад, мардаки ман ягон бор ба сари зан ҳатто овоз баланд намекард. Ҳамсояҳо ҳайрон мешуданд, ки Низорамоҳу Зуҳуршоҳ зану шавҳаранду ягон бор ҷанҷолашонро намешунавем.
-Пайванди шумо чӣ ҳосил овард: чанд фарзанд ва набераю абера доред?
-Мо соҳиби ду духтар шудем, вале яктоаш вафот кард. Ману хоҳарам зани ҳевар будем, фарзандони ӯро низ ман тарбият дода, соҳиби маълумот намудам. 8 набераю 8 абера дорам.
-Маслиҳати шумо ҳамчун як зани машҳур ба бонувони ҷавон?
-Зан бояд дар ягон ҳолат зан буданашро аз ёд набарорад, ҳатто шоҳ бошад ҳам, рисолати худро ҳамчун зан ва ҳамчун модар иҷро намояд. Шахсан ман дар кадом вазифае, ки кор накарда бошам, ягон вақт поямро рӯйи по гузошта “ман монда шудам” гуфта хоб нарафтаам. Тамоми кору бори хонаамро шаб мекардам. Мерӯфтам, мешустам, ҳатто хӯрок пухта мемондам, то хушдоманам дар ҳаққам гап наёбад. Дар умрам ягон меҳмон аз хонаи ман бе ош ва бе зиёфат нарафтааст. Хоҳӣ, ки зиндагиат тинҷу ором бошаду аз шавҳарат таъна нашунавӣ ва дар назди пайвандонаш сархам набошад, хонаву даратро тозаю озода нигаҳ дор. Шавҳарат, ки аз дар даромад, пешаш хез, баромаданӣ шавад, гуселаш кун. Пойафзолашро ҳамеша тоза карда мон. Бисёр занҳо ин корро ба худ ор медонанд, вале дар асл ин як навъ эҳтиром нисбат ба шавҳар аст.
-Барои пойдор мондани оила боз чиҳо бояд кард?
-Қисми зиёди занҳои мо имрӯз ба молу чиз дода шудаанд, фикрашон танҳо ба он банд аст, ки чи хел дили шавҳарашонро ёфта либоси нав харанд, соҳиби рӯмоли нав шаванд, зару зевари қиматбаҳо дошта бошад, то даҳони ҳамсояҳо бо дидани карру фарашон воз монад. Бовар кунед, агар ба ҷойи латтапарастӣ аз пайи омӯхтани илму ҳунар шаванд ва дар кашидани бори гарони зиндагӣ ба шавҳарашон ёрӣ расонанд, олам гулистон мешавад. Боз як чизи муҳим дар хонадорӣ овоза накардани сирру асрори оилавист. Зане, ки гапи хонаашро ба кӯча мебарорад, хушбахт шуданаш ба гумон аст. Рашки беҳудаи зан ҳам ба решаи ниҳоли бахт бераҳмона теша мезанад. Шавҳарро ба ҳар як симчӯби қади роҳ рашк кардан лозим нест. Ба куҷое, ки наравад, мард албатта боз ба назди оилаи худаш бар мегардад, агар зани хуб дошта бошад.
-Гуфтаниед, ки хушбахтию бадбахтии зан ба худаш вобаста аст?
-Бале, обрӯ ва хонаободии ҳар як инсон дар дасти худи ӯст. Зан сабур, меҳрубон ва дӯсти ҳақиқии шавҳар бошад, албатта хушбахт мешавад!
-Барои суҳбати муфидатон ба Шумо як ҷаҳон ташаккур мегӯем. Ҳамеша азиз ва нури дидаи мардум бимонед!