Дар Тоҷикистон бори аввал ба кӯдаки 2-сола, ки вазнаш камтар аз 8 килограмм буд, пайванди ҷигар бо муваффақият анҷом дода шуд. Амалиёт дар Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон анҷом ёфтааст.
Ба иттилои Вазорати тандурустӣ, кӯдак гирифтори атрезияи модарзодии роҳҳои талхабарор буда, ҳангоми омодагӣ ба ҷарроҳӣ вазнаш 8 килограмм буд. Пас аз хориҷ кардани тақрибан як литр моеъ аз шикамаш, вазни ӯ то 7 килограмм коҳиш ёфт. Бо назардошти вазни ками кӯдак, табибон сегменти сеюми қисми чапи ҷигарро гирифта, ба ӯ пайванд кардаанд. Мутахассисон мегӯянд, ки чунин амалиёт аз ҷиҳати техникӣ ва нигоҳубини баъдипайвандӣ хеле мураккаб буда, назорати дақиқро талаб мекунад.
Тибқи маълумоти Марказ, ҳоло 90-95 дарсади беморони пайвандшудаи ҷигар дар Тоҷикистон калонсолон ва 5-10 дарсад кӯдакон мебошанд. Табибони тоҷик барои анҷоми чунин ҷарроҳиҳои мураккаб дар солҳои охир дар кишварҳои гуногун омӯзиш ва бозомӯзӣ гузаштаанд.