Formula novemver 2024
Каждум дар бағал (қисми 5)
21.01.2020
А. ҲОҶӢ
3322

(Идомааш)
-Шафоат, ту аз ман беҳтар медонӣ, ки ин сурудро чӣ гуна мехонанд. Худат ба ҳамон ҳофиз тақлид карда хондан гир, охир ман муаллими суруд нестам. Аз ман биологияро пурс.

Пурс, ки кадом алаф чӣ хел мерӯяд ва дар куҷо мешавад, кадом ҷонвар чӣ хислат дораду барои чӣ ин хел аст. Ман аз рӯи маҷбурият, бо сабаби он ки муаллими суруд нест, шумоёнро ба озмун тайёр карда истодаам...,-инро гуфта Муртазо сарашро аз сари духтар дур гирифту аз ҷояш хест.

-Не, муаллим, ту ҳама чизро медонӣ,-ба ҷои калимаи "шумо" мисли ҳамаи ҳамдеҳагонаш Муртазоро "ту" гуфт Шафоат,-Агар ҳама чизро намедонистӣ, директор роҳбари кружоки ҳаваскорон таъйин намекард...

Муртазо базӯр худро нигоҳ дошт, то як торсакӣ ба рӯи Шафоат назанад, вай худро бо азоб ба даст гирифт ва гӯё чизе нашуда бошад, оромона гуфт:

-Шафоат, магар дар мактаб ба муаллим "ту" гуфта муроҷиат мекунанд? Охир ту талаба ҳастӣ, одоби талабагиро нигоҳ дор!

Ин дафъа духтар андаке сурх шуда ба забон овард:

-Мебахшед муаллим, ман фаромӯш кардаам, ки дар мактаб ҳастам. Одати мардуми мо чунин аст, мо одами наздикамонро ҳеҷ гоҳ "шумо" намегӯем. Ман... ман... шуморо шахси ба худам наздик гумон карда "ту" гуфтам. Мебахшед, муаллим...

Муртазо ҳис кард, ки духтар ранҷидаст, вале бо вуҷуди ин илова кард:

-Ин ҷо мактаб аст, барои ҳамин одоби мактабро риоя кардан лозим,-Ин дафъа овози ӯ андаке мулоим баромад ва аз ин табъи Шафоат болида гашта бо чашмони барроқ гуфт:

-Майлаш муаллим, ман ин сурудро мисли он, ки ҳофиз месарояд, мехонам, лекин шумо як бор ба модари ман гӯед, ки ин кор барои обрӯи мактабамон зарур аст, вагарна он кас маро ба маркази ноҳия рафтан намемонанд. Он кас шуморо ҳурмат мекунанд...

-Майлаш, мегӯям!

Ин дам дари кабинети биология боз гардиду фаррошзан-холаи Маъмура сатилу латта дар даст намоён шуд.

-Хола, ана мо тамом кардем, ба хона меравем. Марҳамат, шумо коратонро кунед,-гӯён китобу дафтарашро аз болои миз ғун карда, Муртазо озими рафтан шуд. Шафоат низ аз паси муаллим равон шуд. Холаи Маъмура то баромадани онҳо интизор шуду пас аз он бо овози паст пичиррос зад:

-Духтари бетарбия, дар як хонача бо марди бегона дар ин бегоҳирӯзӣ чӣ кор мекунӣ? Э бар падарат...

Дили Шафоатро гургон тала мекарданд. Модараш дирӯз гуфта буд, ки дигар ба кружок пружок наравад. Падараш ба ӯ гуфтааст, ки агар духтараш ба саҳна баромада суруд хонад, дигар ӯ Шафоатро духтари худ намегӯяд. Модар ҳайрон буд, ки чӣ кор кунад. Шафоат аз кӯдакӣ гапногир буд ва гуфтаи худашро мекард, аммо аз падараш метарсид.


Модар дар ҷойгаҳи марг чашм ба роҳи Фарҳодҷон аст

 


-Куҷо будӣ? Офтоб ба паси куҳи Лалм пинҳон шуд, дугонаҳоят кайҳо омада буданд, ту нав аз мактаб меоӣ?-Шафоатро бо ғурбат пешвоз гирифт модараш.

-Оча, дурӯғро камтар гӯй, ҳамсинфонам даҳ-понздаҳ дақиқа аз ман пештар омаданд. Ман назди муаллими Муртазо даромада як чизро пурсидаму омадам. Ҳоло берун рӯз-ку!

-Чиро пурсидӣ?-Идомаи гапи духтарашро гӯш накарда сухани Шафоатро бурид холаи Ҳасратмо,- Пурсидӣ, ки кай ба район рафта баромад мекунӣ? Хестӣ, ки хобат! Падарат телефон карда гуфт, ки агар ба ҳамон озмун равӣ, аз баҳри ту барин духтар мебарояд...

Шафоат ду дасташро ба рӯяш гирифта, дар остонаи дар нишаст ва фиқ- фиқ ба гиристан сар кард.

-Чаро гиря мекунӣ, агар наравӣ магар осмон ба замин мечаспад?!-Ҳасратмо, ки Шафоатро пас аз ду-се тифли мурда ба дунё овард буд, духтарашро аз ҷонаш бештар дӯст медошт ва тоқати дидани ашки чашмони ӯро надошт.

-Барои дупула гап оби чашм нарехта хезу ана ин дастурхонро дар пеши мурғҳо такконда биё,-модар дастурхони ҷамъкардаашро ба Шафоат дароз карда афзу,-Худат нағз медонӣ, ки гапи падарат якто, чи хеле, ки вай хоҳад, ҳамон хел мешавад!

Шафоат мисли он, ки дар болои сараш даҳ пуд бор гузошта бошанд, бо заҳмат аз ҷояш хесту дастурхонро аз дасти модараш гирифта, рӯи ҳавлӣ баромад. Ин вақт аз тарафи дарвоза овози муаллим Муртазоро шунид, ки номи модарашро гирифта садо мекард:

-Холаи Ҳасратмо, ҳо холаи Ҳасратмо...

Духтар фаҳмид, ки муаллим ба хонааш нарафта барои гирифтани иҷозат ба назди модари ӯ омадааст, аммо ҷавобе нагуфта ба тарафи мурғхона рафт "Бигзор худи очаам омада кушояд..." аз дил гузаронд ӯ.

Баъд аз ду-се бор овоз баровардани Муртазо Ҳасратмо садои ӯро шунида аз хона баромаду ба тарафи дарвоза равон шудаи зери лаб ғур-ғур кард:

-Ин духтар куҷо гум шуд? Магар кар шудаст, ки овозро намешунавад...

Ҳасратмо дарвозаро боз карду дар рӯ ба рӯяш муаллими ҳамсояро дида гуфт:

-Муаллим, чаро намедароӣ? Дар мо бе тақ-тақи дарвоза ҳам омадан мегиранд, охир ману шумо ҳамсоя-ку! Намак памак даркор шуд? Ба одами наврӯзғор ҳама чиз намерасад. Ин аз қадим мерос мондагӣ...

-Не хола, ман бо дигар кор омадам...

-Хайр, канӣ даро, муаллим...

Онҳо вориди хона шуданд. Вақти ба тарафи меҳмонхона тоб хӯрдан Муртазо дид, ки Шафоат дастурхон дар даст аз тарафи оғилу мурғхона меояд ва эҳсос намуд, ки чашмони духтарак каме сурх шудаанд. Ин ба ҳусну ҷамоли Шафоат ҳусни дигар зам намуда ӯро дар назар боз ҳам хушрӯйтар ҷилва медод. "Астағфуруллоҳ" дар дил тавба кард Муртазо ва аз паси Ҳасратмо вориди хона шуд. Ҳасратмо меҳмонро болои кӯрпача шинонда пурсид:

-Муаллим, келин дар ҷои нав одат кард? Чаро ба хонаи мо намеояд ё назари шумоён шаҳриҳо мо деҳотиёнро намегирад?

-Не, ин хел нагӯед, хола! Садоқат занаки мағруру ҳавобаланд нест. Барои вай ҳамаи одамон як хеланд. Шояд андак шарм медорад. Ман ба ӯ мегӯям, ки бо шумоён рафтуомад кунад...

"Ин қадар занашро таъриф кард..." дар дилаш рашк бурд Шафоат, ки дастурхон густурдаистода ин суханони муаллимро мешунид.

-Хола, -гап сар кард Муртазо,-Мактаби мо дар озмуни ноҳиявии "Парасту" иштирок мекунад ва мо хонандагони аълохону истеъдоди ҳунарӣ доштаро машқ дода, ба он ҷо бурданӣ. Духтари шумо Шафоат низ дар ин қатор ҳаст. Ман омадам, ки иҷозататонро гираму Шафоат ҳамроҳи дугонаҳояш ба маркази ноҳия равад.


Дар вақти хам шудан гесӯи дарози ӯ аз мӯйҳои дигараш ҷудо шуда, ба поён ҳамоил гашт ва як гӯшаи он ба рӯи Муртазо расид. Бадани ҷавонро рашъа фаро гирифт, вале ӯ худро ба даст гирифта, андаке сарашро дуртар бурду пурсид:

 


Холаи Ҳасратмо бо нӯги панҷааш ба рӯи дастурхони навгустурда нақш кашида истода, андаке хомӯш истод ва баъд гап сар кард:

-Намешавад муаллим. Ту намедонӣ, ин ҷо деҳа аст ва мардумаш аз мардуми шаҳр фарқ мекунанд. Духтари қадрас ягон кори аз гуфтаи шариат берун кунад, ангуштнамо мешавад ва падару модараш сархаму ангуштнамо гашта, он духтарро касе ба занӣ намегирад. Муаллим, ту танҳо вақти дарс ба вай хӯҷаин ҳастӣ, берун аз дарс ӯ духтари мо аст.

-Хола, барои ба шавҳар баромадани Шафоат ҳоло вақти бисёре ҳаст, охир вай ҳанӯз толибаи мактаб аст!

-То нуҳсолагӣ аз духтар гул меборад, баъди он аз духтар г.. меборад мегӯянд. Мактабхон намешуд, кайҳо ба шавҳар медодем. Ману падараш то мактабро тамом карданаш аз қонуни ҳукумат метарсем, баъд ҳарчи диламон хоҳад, ҳамонро мекунем...

-Наход шумо ҳам мисли занҳои дигар фикр кунед? Духтаратон босавод, шояд дар оянда хонда ягон одами калон шавад, шумо бошед...

-“Одами калон” шудани духтар ба ӯ бахт намеорад. Шавҳари хуб кунаду бачаи бисёр зояд, ана ҳамон бахт аст,-паст наомад холаи Ҳасратмо…

(Давом дорад)

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД