Formula novemver 2024
Модар дар ҷойгаҳи марг чашм ба роҳи Фарҳодҷон аст
4106

 

Мансур ном муҳоҷири тоҷик аз шаҳри Маскави Русия ба идораи сомонаи Oila.tj муроҷиати пурдарди Ҳамроқулова Муҳаббат ном модари тоҷикро ирсол намудааст, ки 10- сол боз писари гумномаш Фарҳодро ҷустуҷӯ дорад. Муҳаббатхола навиштааст:

-Салом ба кулли онҳое, ки ин номаи пурдардро мехонанд! Салом ба онҳое, ки заҳри талхи интизориро чашидаанд ва чӣ қадар сахту сангин будани ғами дурии фарзандро медонанд! Салом ба писари гумгаштаи оча, Фарҳодҷон!

Ман як модари дар ғам гирифтори тоҷик 10-сол боз писари аз ҷон азизтарам Фарҳодҷонро ҷустуҷӯ дорам, вале то ҳол аз ӯ на ягон хат ҳасту на хабар. Писарам Фарҳодҷон рӯзи 17-уми январи соли 2010 “очаҷон, ман ба Русия пулкоркунӣ меравам” гӯён, аз хона баромаду бо ҳамин беному нишон гашт. Инак, беш аз 10 сол мешавад, ки ман, модари зор бо чашми чор роҳи писар мепоям. Ҳар рӯз аксҳои ҷигарбандам Фарҳодҷонро тамошо карда, дилам об мешавад ва мисли абри навбаҳшор зор-зор мегирям. Аз дарду ғам ва гиряву нолаи бисёр ба бистари беморӣ афтидааму ягон табиб ба дардам дармон намеёбад. Дар ҷогаҳи марг хоб бошам ҳам, чашмам то ҳол ба роҳи фарзанди гумномам нигарон аст, ки ҳамин замон ё замони дигар Фарҳодҷон аз дарам медарояд. Орзуи охиринам ҳамин аст, ки ақаллан як маротиба рӯйи гарми писарамро дида, баъд бо дили бе ормон аз дунё гузарам. Умеди ягонаам ба сомонаи Oila.tj аст. Ман ҳамчун як модари тоҷик аз тамоми муҳоҷирони меҳнатӣ ва касоне, ки ба Русия рафта меоянд, хоҳиш ва илтиҷо менамоям, ки дар пайдо кардани писарам Ғаниев Фарҳодҷон ёрии худро дареғ надоранд. Худованд аз ҳамаи шумо розӣ бошад!


Таксисти тоҷик дар Русия бе ному нишон гашт

 


Касоне, ки дар бораи Фарҳод Ғаниев чизе медонад ё ӯро дар куҷое дидаанд, метавонанд ба рақамҳои зерин занг зананд: + 7 (980) 694-15-00

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД