Arzon march 2024
Каждум дар бағал (қисми3)
19.01.2020
А. Ҳоҷӣ
3133

(Давомаш)
Баъдтар борҳо “бо собуни ман ҷомашӯӣ хоҳед кард” гуфтани Олимиро Муртазо ба Шафоат ёдрас намуда, механдид.

Ана ҳамин тавр, рӯзи аввали кории муаллим Муртазо Салимзода дар ҷои кори наваш оғоз шуд ва ӯ бори аввал вориди синфи 11 гардид....

Садоқат аз дасти Дилдори нав роҳгардиро омӯхтаистода гирифта, рӯ рӯи намади куҳна роҳ мегардонд. “Ин почаата бардор, ана акнун почаи дигаратро... Канӣ, аз китфи ман гирифта рост исто...”- ба писарчааш шеваи роҳгардиро меомӯзонд ӯ. Дилдор аз ин бозии нав хурсанд буд ва бо завқ почаҳои ҳанӯз шах нашудаашро рост нигоҳ доштан мехост, вале онҳо ҳанӯз вазнашро бардошта наметавонистанд. Чанд бор болои намади мулоим афтид, вале гиря накард. “Бале, шери оча, ана ҳамин хел, йигит бояд гиря накунад..., “ –аз рафтори писарчааш завқ мебурд Садоқат.

Модару писар хеле вақт рӯ- рӯи хона, ки фаршаш ноҳамвор буд ва ба болои он намади ғафсеро густурда буданд, “машқ” карданд, баъд дар болои намад хоби Дилдор бурда монд. Садоқат болиштеро аз қатори он кӯчи каме, ки аз шаҳр оварда буданд, гирифта, ба зери сари писараш гузошт ва аз дил гузаронд. “акнун хеста барои Муртазо ягон чиз пухтан лозим. Рӯзи аввалини кораш чӣ хел гузашта бошад?...”

Вақте, ки Садоқат ба сари дегу кафгире, ки аз муаллими пештара боқӣ монда буд, омад, ҳайрон шуд, ки корро аз чӣ сар кунад. Ин дам аз дарича Шафоат бо лабони пуртабассум ҷузъдони мактабӣ дар даст даромада омад.

-Медонистам... медонистам, ки аз куҷо сар кардани корро намедонед! Биёед янга, ман ба шумо ёрӣ мерасонам. Ҳамаи дегу табақатон ҳамин? –ба чанд табақчаю косаю пиёлаи камшуморе, ки дар рафҳо чида шуда буданд, ишора намуд Шафоат.

Вақти табассум кардани ин духтараки парипайкар дар кунҷи лабонаш ҳусни зиёдатӣ пайдо мешуд ва Шафоат ба назари Садоқат боз ҳам зеботар менамуд, аммо аз чӣ бошад, ки ҳусни ин духтарак таги дили ҷавонзанро сиёҳ мекард.

-Алҳол будагиаш ҳамин,-бо оҳанги андаке сарде гуфт Садоқат,- Хайр майлаш, агар дилат хоҳад, биё кӯмак кун.

-Муаллим ба маҷлис даромаданд, то омадани он кас хӯрок тайёр мекунем...

-Муаллим туро ба назди ман фиристоданд?

-Не, ман худам омадам. Янгаҷон, омадани ман, агар бароятон малол омада бошад, меравам...

Садоқат дид, ки гапаш ба духтар бад расид, сулҳҷӯёна гуфт:

-Не е.. ман гуфтанӣ будам, ки мабодо дар хонаатон аз дер омадани ту хавотир нашаванд...

-Янга, ин ҷо шаҳр нест, ки хавотир шаванд. Мо ҳама ба хонаи ҳамдигар бепурсиш меравему меоем. Охир, Шумо ҳамсояи мо, чӣ хел мешавад, ки аз аҳволатон хабар нагирем? 

Садоқат дар ҷавоби духтар чизе нагуфта, пас аз андаке сукут корди дар дасташ бударо ба ӯ дароз кард ва хоҳиш намуд: "бемалол бошад, ин кордро гиру сабзӣ реза кун. Муртазо оши палавро дӯст медорад. Рӯзи якуми корашро дар деҳаи шумо бояд қайд кунем, ҳамин тавр не?"

Шафоат аз ин гапи зани муаллим ба худ хулоса баровард, ки аз афташ шавҳарашро дӯст медорад ва бо ҳар роҳ мехоҳад ӯро хурсанд кунад. "Худо ба ман ҳам чунин як шавҳари маълумотнок ва хушрӯро диҳад, албатта барояш ҳар рӯз хӯроки дӯстдоштаашро мепазам" орзу кард духтарак.    

Садоқат баъд аз он ки вазифаи сабзирезакуниро ба Шафоат супурд, биринҷро шуста, баъд ба зери дег оташ гирондан хост. Хору буттаҳоеро, ки дар як гӯшаи долони хурд ҷамъ карда буданд, гирифта як дастаашро ба оташдони заминӣ гузошт ва гӯгирд зад, аммо тӯдаи хор даргирифтан намехост, хаси намнок фақат дуд мекарду халос. Аз чашмони Садоқат, ки як умр бо газу барқ сару кор дошт, ашк равон шуд. Ин дам Шафоат аз дари ошхонача сар халонда, аҳволи ӯро диду худро нигоҳ дошта натавониста хандид.

-Янга, дар умратон ягон бор ба оташдон алав монда будед?-хандида истода пурсид ӯ ва худаш ҷавоб дод,-Маълум, ки не. Биёед, ман худам оташро гиронам, вагарна шавҳаратон омада шуморо бо чашми гирён бинад, гумон мекунад, ки касе задааст...

Шафоат бо як чаққонии танҳо ба духтарони деҳот хос ба назди оташдон рафта, дар як дам алангаи оташро баланд кард. "Ин духтар чӣ сирре дорад, ки ҳама корро метавонад?" аз дил гузаронд Садоқат. Шафоат гӯё ин саволи ӯро аз чеҳрааш хонда бошад, аз ҷояш хестаистода гуфт:

-Мо аз кӯдакӣ алавмонию хӯрокпазиро ёд мегирем. Молҳоямонро ба саҳро барем, ҳатто дар зери борон алав карда гарм мешавем...

-Ҳоло ҳам молчаронӣ меравӣ?

-Не, акнун модарам "духтари қадрас ба саҳро рафтанаш хатарнок аст" гуфта намемонад.

Садоқат ба чеҳраи аз гармии оташ сурхшудаи Шафоат нигариста, аз дил гузаронд :"Очаат рост мегӯяд, ин хел духтари зебо ҳар гуна мардро мафтун мекунад..."

Ин дам аз дари ошхона чанд дафтару китоб дар даст Муртазо даромад ва дар сари оташдон занашро бо Шафоат якҷоя дида, шӯхикунон гуфт:

-Чӣ, кори хона зӯрӣ кард, ки ёрдамчӣ гирифтӣ?

-Не, ман худам омадам, ки аз аҳволи янгаи мусофирам хабар гирам,-пешдастӣ кард Шафоат ,-Ба ҳар ҳол, он кас ҳанӯз ба зиндагии мардуми куҳистон одат накардаанд...

Муртазо ба Шафоат нигаристу мисли одами барқзада шах шуда монд. Ду рухсораи духтар, ки аз алангаи оташ мисли ду анор сурх шуда буд, монанди моҳи мунир нурпошӣ мекард, чашмони сабзрангаш бошанд, дар зери ду абрӯи камонаш мисли ду ситора медурахшиданд ва аз умқи онҳо ба атроф нури ҷавонӣ, нури зиндагӣ, нури муҳаббат ва боз ҳазорон ранг нури дигар пош хӯрда ба назари ин марди ҷавон дунёро рангин менамуданд. "Худоё, наход духтар ҳам чунин зебо шавад",-аз дил гузаронд Муртазо, аммо зуд ба ёдаш расид, ки дар паҳлӯяш Садоқат истодааст ва нигоҳашро аз духтар гурезонда пурсид:

-Хӯш, ин бегоҳ чӣ мехӯрем?

Боз ҳам ба ҷои Садоқат Шафоат ҷавоб дод:

-Янгаам гуфтанд, ки шумо оши паловро дӯст медоред, барои ҳамин ҳоло бароятон палов пухта истодаанд. Мехоҳанд рӯзи аввали коратонро дар деҳаи мо қайд кунанд.

-Ҳа, ана барои чи ашки чашмонашро равон карда будааст,-ба чашмони сурхшудаи Садоқат нигариста гуфт Муртазо,-Ин тавр бошад, якҷоя палов мехӯрем!

-Не, ба ман дер шуд, рафтанам лозим. Фақат камтар ба янга ёрдам карданӣ шудам,-шармгинона ҷавоб дод Шафоат ва ба Садоқат нигариста суханашро идома дод,-Ман намедонистам, вагарна аз хона зирк ва зира меовардам. Ошро чунон бомаза мекунад, ки... Зирку зираро мо худамон аз куҳҳо мечинем...

-Хайр, ҳеҷ гап не, дафъаи оянда бо зирку зираи худатон дар хонаи мо ош мепазӣ, баъд ба ҳунарат баҳо медиҳем,-ҳазл кард Муртазо,-Ҳоло ту раву дарсҳоятро тайёр кун. Фаромӯш накун, ки шумо имсол хатмкунанда ҳастед ва бояд имтиҳон супоред.

-Майлаш янга, то пагоҳ дар паноҳи Худо монед,-мисли мардуми куҳистон худоҳофизӣ намуд Шафоат ва аз дари ошхона берун шуд...

Пас аз рафтани Шафоат Муртазою Садоқат як муддат хомӯш монданд, баъд Садоқат гӯё дар омади гап гуфт:

-Духтари коргар ва... хеле зебо... Сад мардро гирифтори худ мекунад.

-Ҳоло вай талабаи мактаб, ту чиҳо мегӯӣ...

-Ман нагуфтаам, ки ҳозир, ҳарчанд ҳоло ҳам ҷуссааш аз занҳои калон монданӣ надорад. Хайр, рӯзи якуми кор чӣ хел гузашт, муаллим?-бо оҳанги ҳазл ба шавҳараш рӯй овард Садоқат.

-Бад не, имрӯз танҳо шиносоӣ буд. Бачаҳои ин мардум мисли худашон содафеъл, оддӣ... Аксарашон бе падар калон шуда истодаанд. Медонӣ- ку, мардон дар муҳоҷирати меҳнатӣ, хулоса, мисли ҳамаи мардум...

Роҳбарони мактаб ҳам одамони бад не. Хайр, андак зиндагӣ кунем, хубтар мефаҳмем...

Дар бораи кору бор гап зананд ҳам дар зеҳни ҳардуяшон Шафоат буд. Зану шавҳар намедонистанд, ки чаро ин духтар аз рӯзи аввали омаданашон аллакай чанд бор ба хонаи онҳо бо ҳар баҳона меояд...


Комрони муҳоҷир: Ман импотентам, занамро гунаҳкор накунед!

 


Шафоат аз даричаи ҳавлии муаллим берун шуда, кӯшиш мекард фикрҳои дарҳам барҳамашро аз сар берун кунад, вале намешуд. «Аҷаб мардаки хушрӯй, либосаш ба худаш чунон зебидааст ки… Худо ба занаш додааст. Занаш ҳам занаки бад не... Ба ҷои ӯ мешудам, ҳеҷ гоҳ намегузоштам, ки шавҳарам ба ин ҷо биёяд. Ба ту чӣ намерасад? Мардум дар орзуи шаҳри калону инҳо ба қишлоқи дурдаст омадаанд. Хайр, хуб шуд, ки омаданд, вагарна ман муаллимро аз куҷо медидам?"-аз ин андеша Шафоат якбора такон хӯрда аз роҳравӣ боз истод. "Ба ман чӣ, ки онҳо кистанду чистанд, агар ғайрат кунанд, ягон сол кор мекунанду баъд аз ин ҷо мераванд" Духтарак кӯшиш мекард, ки худро фиреб диҳад, аммо дилаш чизи дигар мегуфт. Мегуфт, ки муаллим якумра ҳамин ҷо монад, то ӯ ҳар рӯз ӯро дида тавонад…

-Ҳа, чаро дар байни роҳ хода барин рост истодаӣ? Ё ягон чизатро гум кардӣ?-овози кампири Ҳафиза Шафоатро ба худ овард.

Духтар аз гирдоби андешаҳо раҳо шуда, чизе гуфта ғурунгиду роҳашро идома дод. Ҳанӯз худаш сарфаҳм нарафта буд, ки ошиқ шудааст, ошиқи муаллими ҷавони шаҳрӣ…

(Давомаш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта)

-Занак, аз он ки мо деҳа омадем, пушаймон нестӣ?-кунҷковона ба Садоқат нигариста пурсид Муртазо.

-Ҳар куҷое, ки ту бошӣ, ҷои ман ҳам ҳамон ҷост, аммо намедонам аз чӣ бошад, ки дилам ким-чихел хиҷил...

Зану шавҳари ҷавон дар партави моҳи мунир, дар канори ҷарие, ки хонаи онҳоро аз сойи аз байни деҳа мегузашта ҷудо мекард, паҳлӯи ҳам дар рӯи замин нишаста буданд.

-Деҳаи хушбоду ҳаво, мардумонаш одамони хуб, ман кор карда истодаам, ту ҳам муҳлати мураххасиат барои нигоҳубини кӯдак тамом шавад, дар ҳамин ҷо муаллима мешавӣ. Барои инсон боз чӣ лозим? -дасти ҳамсарашро ба дасти худ гирифта навозишкорона гуфт Муртазо.

Садоқат сарашро ба китфи шавҳараш гузошта пичиррос зад:

-Духтаронаш ҳам хушрӯй... Ана бин, ёрдамчии ихтиёрии ман чӣ хел духтари зебост. Аҷиб, аз чӣ бошад, ки вай ҳеҷ аз хонаи мо рафтанӣ нест. Базӯр ба хонаашон равон кардем...

-Шафоатро дар назар дорӣ? Дар ҳақиқат духтари зебо, вале вай ҳанӯз хонандаи мактаб аст, бечора духтарак он қадар расми меҳмонию меҳмониравиро намедонад ё ту ҳамчун зани шаҳрӣ ба ӯ маъқул шудаӣ…

-Ё ту ҳамчун марди шаҳрӣ,-луқма партофт ҷавонзан.

-Ана халос! Зани ман ҳам оқибат рашк мекардагӣ шудааст-е! Хайрият, вагарна ман гумон карда будам, ки аз сабаби камбудиҳои зиёд доштанам занам маро ба касе рашк намекунад,-ҳазл кард Муртазо ва Садоқатро ба оғӯш кашида аз буни гӯшаш бӯсиду афзуд, -аввалаш ин, ки ман туро бо ҳеҷ кас иваз намекунам, сониян ту маро ба духтаре рашк карда истодаӣ, ки ҳанӯз болиғ нест...

-Он ноболиғ хатмкунанда аст ва чанд моҳ пас мактабро тамом мекунад,-бо як нози танҳо ба худаш хос чашмонашро ба шавҳараш дӯхт ҷавонзан. –Хайр, агар ин қадар он духтари бечора ба ту маъқул набошад, ман ӯро огоҳ мекунам, дигар ба хонаи мо наояд.

-Ин хел нагӯй, айб аст. Боз нагӯянд, ки ин шаҳриҳо аз ҳамсояю ҳамсоядорӣ бо мо ор мекунанд. Аслан Шафоат духтари хуб аст, аммо ман аз зебогиаш метарсам. Метарсам, ки мабодо шавҳари содафеъли ман гирифтори ӯ нашавад. Агар шуд, дониста монад, ки ман бо ӯ як дақиқа он тараф истад, як сония ҳам намеистам...

Муртазо чунин рӯзро пеши назар оварда, бо ҳарос ба занаш нигарист. Дар чашмони Садоқат қатъиятро эҳсос намуда, бо тани ларзон азизи дилашро ба оғӯш кашид ва бо як ҳиссиёте, ки кайҳо боз фаромӯш карда буд, пичиррос зад:

-Азизакам, наход ман туро бо як духтари деҳотии бесавод ва ноболиғе, ки чӣ будани ишқу муҳаббатро намедонаду намефаҳмад, иваз кунам? Ҳаргиз! Хавотир нашав, ӯ нисбати ман ягон эҳсосот ва майл надорад, ғайр аз ин Шафоат толибаи ман аст, чӣ тавр муаллим метавонад нисбати шогирди худ ба ҷуз меҳри устодӣ дигар меҳреро парварад…

Садоқат итминони комил пайдо кард, ки шавҳараш ӯро бо касею чизе иваз намекунад, вале…


ГУЛАНДОМ: ШАВҲАРАМ МАРО ҚОНЕЪ КАРДА НАМЕТАВОНАД

 


Муртазою Садоқат ҳарду хато карда буданд. Ишқ-ин оташи ҷаҳонсӯз садҳо мардонро номард кардаасту садҳо занони покдоманро аз роҳи рост баровардааст. Ишқ-нерӯи бузургест, ки ҳатто шайтон аз он ҳарос дорад. Ишқ ин.....ин ишқ аст ва касе мисли он, ки аз марг гурез надорад, аз он ҳам роҳи гурехтанро пайдо намекунад...

Хонандагони синфи 11 дар паси партаҳои мактабӣ мисли одамони болиғ солор менамуданд. Нисбати соли пеш писаронро овозашон ғафстар шуда, духтарон баръакс маҳинтару занонатар шуда буданд. Дигар мисли пештара ҳаёҳую вағовағ карда синфхонаро ба сарашон намебардоштанд, охир онҳо синфи 5 ё 6 не, хатмкунандаанд!

Вақте, ки директори мактаб ҳамроҳи як муаллими ҷавони хушлибос даромада омад, ҳама баробар аз ҷои худ хестанд. Директор ба сари мизи муаллим омада, ба ҳама иҷозати нишастан дод ва баъд бе ягон муқаддима сар кард:

-Имсол шумо хатмкунанда ҳастед, яъне обрӯи мактаб. Қилиқҳои бачагиатонро партоеду аз паи хондан шавед. Ана ин муаллими нав Муртазо Олимӣ роҳбари синфатон, ҳар маслиҳату машварате, ки доред, то охири сол бо ҳамин кас мекунед... Ман рафтам, дар мактаб як шумо танҳо нестед...

Ба ғайр аз Шафоат, дигар ҳеҷ кас муаллими навро намешинохт, вале духтарак баробари дидани Муртазо ҳис кард, ки ба рӯяш сурхӣ дамид ва бо рӯймоли ҳошадори сараш як бари рӯяшро андаке пинҳон кард. Дар ин деҳа ҳамаи духтарон рӯймол мебастанд. Ба назари Муртазо ин ба онҳо мезебид, аммо ӯ бояд аз рӯи оинномаи мактаб амал мекард, бинобар ин, пас аз баромадани директор гуфт:

-Хонандагони азиз, тавре, ки ҳоло гуфтанд, ман роҳбари синфи шумо ва ҳам аз фанни биология бароятон дарс мегӯям. Пеш аз ҳама аз шумоён хоҳиш мекунам, писарҳо каллапӯш ва духтарҳо рӯймолашонро аз сар бигиранд...

Бачаҳо бе ягон гуфтугузори зиёдатӣ кулоҳҳояшонро аз сар гирифтанд, аммо духтарон норозиёна ба муаллими ҷавон нигаристанд. Духтаре, ки дар партаи аввал менишаст, даст боло кард ва бо иҷозати Муртазо аз ҷояш хеста гуфт:

-Маълим, ҳамин рӯймоли мо ба дарсхониамон халал мерасонад?

-Бале, сар агар сабук бошад, майна беҳтар кор мекунад...

-Рӯймоли сабук бандем чӣ?-паст наомад духтар

Як писар аз партаи қафо бо овози ғафси мардона луқма партофт:

-Салима, беҳтараш ту селофан банд, тамоман вазн надорад...

Қаҳ- қаҳаи ханда синфро пур кард.

Аввалин шуда Шафоат рӯймоли шоли ҳошиядорашро, ки падараш аз Русия туҳфа оварда буд, аз сараш гирифт ва гӯё офтоби баҳорӣ аз паси абр баромада бошад, синфхона якбора дар назари Муртазо равшан шуд. Писарон бо ҳавас ба гесӯҳои зебои Шафоат менигаристанд, Муртазо ҳам чӣ тавр пинҳон кардани нигоҳашро намедонист…

(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД