Ман дар зиндагии ҳаррӯзаи худ ягон камбудии ҷиддӣ надорам. Аммо як мушкили дигар дорам, ки онро ҳеҷ бартараф карда наметавонам, ин аз ҳад зиёд эрка кардани фарзандонам мебошад.
Ман як писару ду духтар дорам ва аз ҳама бештар писарамро эрка кардаам. Ҳамсоя ва ёру дӯстон маслиҳат медиҳанд, ки ҳаргиз ӯро тарафгирӣ накунам ва худам ҳам ҳар дафъа мегӯям, ки бо ӯ муносибатамро ҷиддитар мекунам, вале боз ҳам наметавонам.
Борҳо дар моҷарои байни бачаҳо (писарам Зокир дар синфа 5 мехонад) тарафи ӯро гирифта, бо падару модарони он бачаҳо ҷанг кардам, ҳатто ду маротиба бо муаллимааш баҳсу талош ҳам кардем.
Писарам сол ба сол эркатар шуда истодааст ва аллакай мактаби сеюмро иваз намуд. Аслан ин айби ман аст, ки ҳар хостаашро бо хоҳиши ман падари дар муҳоҷиратбудааш иҷро мекунад. Ба наздикӣ дар рӯзи тавалудаш бо кумаки падараш ба писарам телефони “Айфон” туҳфа кардам. Ҳоло мехоҳад ба вай велосипеди худрав харида диҳам, аммо барои ин на падараш маблағ дораду на ман. Ҳарчанд мегӯям, ки ту ҳоло хурдӣ, аммо вай ду пойро ба як мӯза андохта, талаб мекунад, ки зудтар ин хоҳишашро иҷро кунам.
Духтарҳоям низ мисли Зокир эркатулфоранд ва ҳар чизеро, ки дилашон мехоҳад, ба даст меоранд. Ҳама маро айб мекунад, ки наход калон кардани фарзандро то ҳол наомӯхта бошам.
Ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
НАЗОКАТ