Sebiston new 2024 october
Арӯси олус домодро кушт
4617

 

“Хонаат сӯзад духтардор ба ҳамин духтари кӯри ахмақат! Мардум, мани аблаҳ пулу моли бисёр дода, ба хонаам арӯс не, як касофатро овардам.

Ин кӯри худозада писарамро дар байни ҷӯраҳояш сархаму шарманда кард. Бачаи бечораам ба туҳмати ин кӯри худозада тоб наоварда, раги дасташро бурид, агар бо писарам ягон чиз шавад, ман ин аҷузаи лаънатиро зинда намегузорам….”

Садои фиғони ҷонхароши модари Ҷаҳонгир, ки чанд рӯз пеш домод шуда буд, ба фалак печида, дубора ҳаққу ҳамсояҳоро дар ҳавлии амаки Саид ҷамъ кард…

Дар орзуи духтар

Худованд ба Раҷабмоҳ ва Ёқуб чор писари паҳлавон дода бошад ҳам, дили зану шавҳар барои духтар гум мезад. Раҷабмоҳ мехост дастёре дошта бошад ва шабу рӯз Худоро зорӣ мекард, ки ба ӯ духтар диҳад, то ки дар кору бори хона ба ӯ ёрӣ расонад ва рӯзи маргаш “очамой” гуфта нола кунад. Писарҳо бо футбол ва ҷангбозию милисабозии худашон овора буданд ва Ёқуб ташвишҳои ҳамсарашро дида, аз дил мегузаронд, ки агар духтараке медоштанд, дасти модарашро сабук мекард. Парвардигор билохира дуои ин зану шавҳари муштоқи духтарро шунид ва дар синни 45- солагӣ Раҷабмоҳ боз ҳомиладор шуд. Зан аз писарҳои баркамолаш шарм дошта, мехост исқоти ҳамл намояд, вале ташхис духтарча будани тифлаки батнашро нишон доду зан аз райъаш гашт. Акнун ин модари ташнаи духтар сахт эҳтиёт мекард, то ба тифлаки батнаш осебе нарасад….

                                        

Парӣ омад ба дунё….

Ниҳоят фурсати таваллуд низ фаро расид ва Ёқуб занашро ба таваллудхона бурд. Дар аввал на танҳо занҳои зоянда, балки ҳатто баъзе духтурҳо низ ба ин зани синну солаш ба ҷое расида бо назари шубҳа ва тамасхур менигаристанд, вале вақте ки Раҷабмоҳ тифлаки батнашро ба дунё овард, даҳони ҳама воз монд. Духтарчаи таваллуд кардаи ӯ чунон зебо буд, ки ногуфтанӣ.

“30 сол боз момодоягӣ мекунам, вале чунин кӯдаки зеборо дар умрам бори аввал мебинам. Инро бинанд, рӯяш барф барин сафеду мӯйҳояш қиргун, миҷгонҳояш бошанд, чунон тоб хӯрдаанд, ки гӯё дар ягон салони ороишӣ махсус миҷаҳояшро тоб дода бошанд. Шумо духтар не, парӣ зоидед. Ин нозанин калон шавад, хостгорҳо таги дари хонаатонро охӯрча мекунанд ”,- гуфта буд ҳамон рӯз момодоя ба Раҷабмоҳ, вале…

Шоми ситорасӯз

Хурсандии амаки Ёқуб ва ҳамсараш ҳаду канор надошт. Онҳо бо сад умеду орзу духтарчаашонро Дилафрӯз ном ниҳоданд, то ҳамеша чароғи дилашонро фурӯзон нигоҳ дорад, аммо як шоми ситорасӯз ситораи бахти Дилафрӯзи зеборо сӯхт….

Ҳамон шаб Дилафрӯзи хурдакак, ки нав семоҳа шуда буд, ончунон таб кард, ки гумон мекардӣ дар миёни гулхани оташ афтидааст. Табби кӯдак на бо дорую дармон мефаромад ва на бо спирту об, модари зори Дилафрӯз ба таҳлука афтида буд, ки духтарчааш то саҳар зинда намемонад. Падару модари ҷигарсӯхта чӣ кор карданашонро намедонистанд. Амаки Ёқуб дар шаби сарду пурбарфи зимистон қариб як соат дар кӯча мошин кофта бошад ҳам, ягон ронандаи хайрхоҳе пайдо нашуд, ки кӯдакро ба беморхона барад. Падар бо дили хиҷил ба хона баргашта, шаби дароз ҳамсарашро тасаллӣ дод, ки бо дамидани субҳ албатта кӯдакро ба беморхона мебаранд…

Саҳар зану шавҳар духтарчаи талбидагиашонро ба духтур бурданд. Баъди ташхис маълум шуд, ки табби баланд аллакай кори худро карда, чашмони тифлак нуқсон пайдо кардаанд. Раҷабмоҳ ҳамроҳи духтарчааш қариб ду ҳафта дар беморхона хобида табобат гирифт. Табибон саломатии Дилафрӯзро барқарор намуда бошанд ҳам, давои чашми олусгаштаи тифлакро наёфтанд….

 


 


Наход ишқи як зани алкаши рус туро он қадар кӯр кардааст, ки дигар одаму одамгарӣ ва нангу номуси мардиро аз ёд бурдаӣ. Ҳаёти маро-ку сӯхтӣ, ҳаёти фарзандонамро насӯзон!
 
    

 


Гурезед, кӯр меояд!

Як чашмаш олус бошад ҳам, аз нигоҳи ақлонӣ Дилафрӯз ягон нуқсон надошт, аз ҳамин сабаб волидонаш ӯро ба мактаби одӣ бурданд. Аз рӯзи аввали дарс бачаҳо ба ӯ лақаб монда, бо сабаби олус будани як чашмаш Дилафрӯзро кӯр ва қоҷала гӯён, масхара мекарданд. Духтарак борҳо бо чашмони пуроб аз мактаб баргашта, қасам мехӯрд, ки дигар пою қадамашро ба он ҷо намемонад, вале рӯзи дигар модараш ӯро бо зорию тавалло ба гап дароварда, боз ба мактаб мебурд ва аз муаллимон хоҳиш мекард, ки пеши роҳи бачаҳои бетамиз ва беақлро бигиранд. Директор ва муаллимон борҳо аз рӯйи Дилафрӯз, ки ба нуқсони чашмаш нигоҳ накарда, бо баҳои хубу аъло мехонд, бачаҳои шӯхро ҷазо доданд, вале лақабҳои “кӯр” ва “қоҷала” ба номи ин духтарак сахт часпида, дигар аз онҳо ягон роҳи халосӣ набуд.

Нозанини бе харидор

 Дилафрӯз ба камол расида, рӯз то рӯз зеботар мегашт, вале нуқси чашмаш ба рӯйи ҳусну ҷамоли беназири ӯ хати батлон кашида, хостгоронро мегурезонд. Ба хотири он ки чашми олусаш ба назар камтар тобад, Дилафрӯз ҳамеша бо сари хам мегашт ва кӯшиш мекард, ки ҳангоми суҳбат ба рӯйи ҳамсуҳбаташ нигоҳ накунад.

                                        

Базми бахткушо

Гулбарг, дугонаи наздики Дилафрӯзро фотиҳа карданд. Азбаски онҳо аз кӯдакӣ дӯст ва ҳамрозу ҳамдам буданд, Гулбарг ду пояшро ба як мӯза андохта мегуфт, ки ба ғайр аз Дилафрӯз дигар ягон касро шоҳиди худ интихоб намекунад.  “Дугонаҷон, ман дар умрам дар ягон тӯй шоҳид набудам, илтимос, ягон духтари дигаро ёб”,- мегуфт Дилафрӯз, ки намехост боз чашми олусаш сабаби мазоқу масхара гардад, аммо Гулбарг ӯро ҳеҷ фаҳмидан намехост. Билохира, Гулбарг Дилафрӯзро ба гап дароварда розӣ кард, ки шоҳидаш шавад.

Тӯй сар шуду Дилафрӯз ҳамроҳи Гулбарги наварӯс ба кошонаи ҳусн афт. Вай мисли дигар дугонаҳои арӯсон ба рӯяш як кило упо напошида бошад ҳам, танҳо андаке оро додани мӯйи сар ва либоси нав пӯшиданаш кофӣ буд, ки ба маликаи ҳақиқӣ табдил ёбад. Азбаски духтарак як умр сархам гашта одат карда буд, дар сари тахти арӯсиву домодӣ дар паҳлӯи дугонааш бо сари хам менишаст ва меҳмонҳо олус будани чашми дугонаи арӯсро пай намебурданд. Мардуми ба тӯй омада, хоса ҷавонон бо ишораи чашм ин нозанинро ба ҳамдигар нишон дода мегуфтанд: “Дар ҳақиқат парӣ будааст! Кирои зан гирифтан кас ҳамин хел зан гирад!”

                                          

Маҷнуни сонӣ

Як ҳафта пас аз тӯйи арӯсии Гулбарг ба хонаи амаки Ёқуб  хостгор омад. Маълум шуд, ки ҷавон Дилафрӯзро дар тӯйи ҷӯрааш дида, ошиқи шайдо шудааст ва суроғаи онҳоро аз шавҳари Гулбарги наварӯс гирифта, волидонашро ба хостгорӣ фиристодааст. Волидони Дилафрӯз гумон карданд, ки ҷавон иллати чашми духтари онҳоро медонад, аз ҳамин хотир, дар ин бора чизе нагуфта, розигӣ доданд  ва сафедӣ даронданд…

                                        

Тӯйи пурҳангома

Хабари фотиҳа шудани духтари Ёқуб дар як дам дар саросари деҳа паҳн гашта, боиси ҳангома гашт.

-Ҳамон қоҷала ҳам шавҳар ёфтаасте,-мегуфтанд баъзе занҳои баддаҳон пичир-пичиркунон.

—Чашмаш камтар нуқс дошта бошад ҳам, ақлу тамиз дорад, ғайр аз ин, панҷ панҷааш ҳунар аст,-Дилафрӯзро сафед мекарданд ҳамсояҳои наздикашон.

-Аҷиб, домод қоҷала будани арӯсро медониста бошад?!-Қиқирросзанон хандида масхара мекарданд бачаҳои шӯх.

Ин гапу гапчаҳо ба гӯши модари Дилафрӯз ҳам мерасиданд. Албатта бо шунидани ин гапҳо дили модар озурда мегашт, вале боз Худоро шукр мегуфт, ки бар рағми душманон дари бахти духтараш кушода шуду акнун бо обрӯ шавҳар карда меравад, аммо…

                            

Нолаи ҷонгудози арӯс

Рӯзи тӯй ҳам фаро расид. Домод бо дидани арӯси мисли фаришта зебои сархам аз ханда ҳеҷ пӯшида намешуд, вале гуларӯс падарашро оғӯш карда, чунон нола мекард, ки гумон мекардӣ ӯро на ба хонаи бахташ, балки ба куштан мебаранд.

Тӯй дар яке аз тарабхонаҳои зеботарини шаҳр баргузор гашт. Меҳмонҳои аз паси арӯс рафта аз тарабхона ба хонаҳои худ баргаштанд. Ҳамроҳи Дилафрӯз танҳо хола ва як дугонааш ба хонаи домод рафтанд, вале онҳо низ шаб он ҷо мондан нахоста, баъди як-ду соат азми рафтан намуданд.

-Додар, бахтат баландӣ кард, ҳамаи меҳмонҳо рафтанд. Метавонӣ ҳамин шаб ба назди арӯсат дароӣ,-дар бехи гӯши Ҷаҳонгир пичиррос зад апааш Сурайё, ки зани шӯху бебоке буд ва табақи гӯштбирёнро ба дасти домод дод.

Ҷаҳонгир бо табъи болида ба хона, ба назди арӯси нозанинаш даромаду волидону пайвандонаш дилпур гаштанд, ки шаби васли навхонадорон ширин мегузарад, аммо…

Нимаи шаб садои ҷонкоҳи арӯс ба осмон дакка хӯрд. Падару модар ва апаю акаҳои домод ба таҳлука афтида аз хонаҳояшон баромаданд. Арӯсак бо мӯйҳои парешон ва либоси шабпӯш дар байни ҳавлӣ нишаста гиря мекард. Бо дидани ин манзара ҳуш аз сари пайвандони домод парид…

 -Оча, ин арӯси таърифиятон ҳам кӯр ва ҳам нодухтар будааст, зудтар ӯро аз назарам дафъ кунед, набошад ҳозир дар пеши чашматон зада пора-порааш мекунам,-фиғон кашид Ҷаҳонгир.

Аз шунидани ин гап хун ба сари модари домод зад ва чанг зада, аз мӯйҳои дарози арӯсак дошту ӯро ба рӯяш чанд торсакӣ зада дод зад:

-Фоҳишаи худозада, духтар, ки набудӣ, барои чӣ худатро фаришта гирифта, ҳаёти писарамро сӯзондӣ?! Ҳайфи пулу моли сарфкардаам! Худи ҳозир ба хонаатон занг зада беваи очаатро ба ин ҷо даъват кун. Бигзор пулу моли маро баргардонанду ин моли ҳаромашонро гирифта баранд. Ман аз ту барин келини тардоман сад бор безорам…

Дилафрӯз мисли гунҷишкаки ба чанги як тӯда калхот афтида, дарақ-дарақ ларзида, оби дида мерехт. Арӯсаки бетолеъ мехост бегуноҳ буданашро исбот намояд, вале касе ӯро шунидан намехост. “Ин арӯси таърифӣ кӯр будааст” воҳимакунон мегуфтанд хоҳарони домод, хушдоманаш бошад, чунон дашномҳои қабеҳе медод, ки аз шуниданаш хун дар рагҳои инсон ях мебаст…
(Идомааш фардо соати 21-00 )

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД