tobiston
Дар тобистон кадом хӯрданиҳо боиси заҳролудшавӣ мегарданд?
19.07.2025
Oila.tj
64

Заҳролудшавӣ аз ғизо (пищевое отравление) мушкилест, ки одатан дар тобистон рӯ ба афзоиш мениҳад. Албатта маҳз дар ин фасли сол ба заҳролудшавӣ бештар дучор шудани одамон сабаб ва омилҳои муайяни худро дорад.

Сабабҳои заҳролудшавӣ аз ғизо

Заҳролудшавӣ аз ғизо яке аз бемориҳои шадиди меъдаю рӯда мебошад, ки дар натиҷаи истеъмоли хӯроки вайроншуда, баъзе нӯшокиҳо ва маҳсулоти пастсифат ба вуҷуд меояд. Сабаби сар задани ин ҳолат ба организми инсон роҳ ёфтани бактерияҳои патогенӣ ва хориҷшавии заҳр, яъне токсинҳо аз онҳо мебошад. Бактерияҳо дар ҷисми инсон бо суръат афзоиш ёфта, фаъолиёти бонизоми рӯдаву меъдаро вайрон мекунанд. Дар баъзе ҳолатҳо токсинҳо ба ҷараёни умумии хун ворид шуда, тавассути хун дар тамоми бадан интиқол меёбанд ва боиси халалдор шудани кори дигар узвҳо ва системаҳои организми инсон мешаванд. Бояд гуфт, ки заҳролудшавӣ аз ғизо танҳо бактериявӣ мешавад. Ногуфта намонад, ки дар бисёр ҳолатҳо маҳз микроорганизмҳои дар маҳсулоти ғизоӣ мавҷуд буда, ҷисми инсонро заҳролуд намуда, боиси сар задани ин беморӣ мегарданд.

Дар кадом ҳолатҳо аз маводҳои ғизоӣ заҳролуд шудан мумкин аст?

Пас аз истеъмоли ин ё он навъи маводи ғизоӣ кас метавонад бо мушкили заҳролудшавии организм рӯ ба рӯ гардад, агар:

- Ҳангоми пухтани ғизо ошпаз ба қоидаҳои пухтапаз риоя накарда бошад ё хӯрок ба қадри зарурӣ напухта бошад.

- Ғизо аз маҳсулоти аллакай вайроншуда пухта шуда бошад.

- Кас бо дастони ношуста хӯрок хӯрад.

- Болои маҳсулоти хӯрока ва меваю сабзавот кушода ва аз пашшаю дигар ҳашаротҳо муҳофизат нашуда бошад.

Кадом маводҳои ғизоӣ тез вайрон мешаванд?

Мӯҳлати истифодабарии баъзе намудҳои маҳсулот хеле кӯтоҳ аст ва дар сурати ҳатто 3-4 соат гузаштани ин мӯҳлат касро заҳролуд карда метавонанд. Ба чунин маҳсулот дохил мешаванд:

- Намудҳои гуногуни торт

- Кулчақандҳо

- Малҳамҳои кондитерӣ

- Квас

- Майонез

- Питзо

- Панир

- Ҳасиб ва ҳасибчаҳо, агар дар яхдон нигоҳ дошта нашуда бошанд.

- Моҳӣ

- Меваю сабзавот, махсусан зардолу, тарбуз ва харбуза

Аз ҳамин хотир маводҳои ғизоии дар боло номбаршударо хеле эҳтиёткорона истеъмол намудан лозим аст.

Ногуфта намонад, ки аслан заҳролудшавӣ бемории гузаранда нест ва аз як шахс ба шахси дигар сироят намекунад, вале ду-се кас якбора як маводи ғизоии вайроншударо истеъмол кунанд, метавонанд дар як вақт заҳролуд ва бемор шаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД