Sebiston new 2024 october
Арӯси олус домодро кушт (қисми 2)
3075

 Арӯсаки бетолеъ мехост бегуноҳ буданашро исбот намояд, вале касе ӯро шунидан намехост. “Ин арӯси таърифӣ кӯр будааст” воҳимакунон мегуфтанд хоҳарони домод, хушдоманаш бошад, чунон дашномҳои қабеҳе медод, ки аз шуниданаш хун дар рагҳои инсон ях мебаст…

                           Моҷарои қудоҳо

Вақте ки волидони Дилафрӯз ба хонаи қудояшон расида омаданд,  ҳавлӣ аллакай пур аз одам буд. Тамоми ҳаққу ҳамсояҳо ба тамошо баромада буданд, то фаҳманд, ки тақдири арӯси коҷалаи “нодухтар” чӣ мешавад. Дилафрӯз зор-зор гиря карда, бо китоби муқаддаси қуръон қасам хӯрд, ки вай бо ягон мард муносибати ошиқона надошт ва ҳанӯз духтари бокира аст, чунки домод ба ӯ ҳатто наздик нашудааст. Волидонаш аз қудоҳо хоҳиш карданд, ки аз пашша фил насохта, аввал арӯсро ба назди ягон духтур баранд, аммо домод якравӣ карда: “духтари коҷалаи фоҳишаатон ба худатон насиб кунад, ман аз рангу рӯи ин доманбохта безорам. Шумо маро ҷоду карда, духтари иллатиятонро гузарондан хостед, вале ман аз тоифаи он бачаҳои сода нестам, ки ба найранги шумоён дода шуда, ҳаётамро бо дасти худам сӯзонам” мегуфт ва талаб мекард, ки зудтар Дилафрӯзро аз назараш дафъ кунанд, то дигар дар чашмаш натобад. Падару модари Дилафрӯз, ки одамони бафаҳм буданд, дарк намуданд, ки бо ин ҷавон ва падару модари бадҷаҳли ӯ баҳс кардан фоида надорад, чунки сад духтур духтар будани арӯсро тасдиқ намояд ҳам, онҳо бовар намекунанд. Ягона роҳи аз ин моҷаро халос шудан баргардонидани пулу моли дар тӯй сарф кардаи тарафи домод ва гирифта бурдани Дилафрӯз буд. Падари Дилафрӯз забонхат навишт, ки дар сурати исбот шудани гуноҳи духтараш ва нодухтар баромадани ӯ дар экспертиза тамоми хароҷоти кардаи қудоро бармегардонад ва фарзандашро гирифта баромада рафт...

                               Далели бегуноҳӣ

Азбаски падару модари Дилафрӯз ба фарзандашон боварӣ доштанд, духтарашонро аз ташхис гузарониданд. Маълум шуд, ки Дилафрӯз айб надорад ва ягон мард ба ӯ наздик нашудааст, аммо…

Дарвозаҳои шаҳрро баста мешаваду даҳони мардумро не гуфтани халқ бе сабаб нест. Дар деҳа одамон ба ду гурӯҳ ҷудо буданд. Гурӯҳи аввал наъразанон мегуфтанд, ки духтари коҷалаи Усто Ёқуб тарпоча будааст ва нодухтар баромада, тамоми аҳли авлодашонро шарманда кард, аммо гурӯҳи дигар тарафи Дилафрӯзро гирифта мегуфтанд, ки айб дар худи домод аст, он номард бо туҳмат ҳаёти духтари бечораро сӯзонда, сарашро дар байни мардум хам кард…

Аз як тараф алами вайрон шудани зиндагиаш, аз ҷониби дигар миш-мишҳои мардум косаи сабри Дилафрӯзро лабрез гардонд ва духтари бо туҳмат рӯ ба рӯ гашта, пеши худ мақсад гузошт, ки аз Ҷаҳонгири разил қасосашро мегирад. Духтарак бо ҳамин ният ба ҷойи кори шавҳари якрӯзааш рафт ва ҳодисаро аз аввал то охир ба ҳамкорони Ҷаҳонгир нақл карда, коғази ташхиси суд-экспертизаро нишон дод. Баъди дидани ин санад ҳамкорони домоди туҳматчӣ боварӣ ҳосил намуданд, ки айб дар худи Ҷаҳонгир будааст, на дар арӯсаш. Ҳақ гӯё ба ҳақдор расида адолат тантана намуд, аммо рӯзи дигараш ҳодисае рӯй дод, ки зиндагии Дилафрӯзро дубора такорӯ карда, номи ӯро боз вирди дӯсту душман гардонд...

 


 Бо шунидани ин суханон шавҳарам ба ғазаб омада дод мезад, ки ягон мушкили мардона надорад, кадом вақте ки дилаш хост, ҳамон вақт ба ман наздик мешавад…

 


 

                                   Занги тақдирсӯз

Ҳамон рӯз, баъди рафтани Дилафрӯз яке аз дӯстони наздики Ҷаҳонгир, ки Парвиз ном дошт, ба ӯ занг зад ва бо тамасхур гуфт:

-Ҳа ҷӯра, худат “ҳез” будаиву боз духтари бечораро нодухтар гуфта туҳмат кардӣ-а? Дилат, ки аз худат пур набуд, барои чӣ зан гирифта, ҳаёти фарзанди мардумро сӯзондӣ? Ҳунари зангирӣ, ки надошта бошӣ, шӯ мекардӣ…

Аз он тараф садои кӯтоҳи гуд-гуди телефон ба гӯш расид ва Парвиз хандида гӯширо ба як тараф ҳаво дод. Вай ҳанӯз намедонист, ки ин занги фоҷиабор на танҳо ба сари Ҷаҳонгиру Дилафрӯз, балки ба сари худаш низ балои азимеро хоҳад овард…

Қасди худкушии домоди шарманда

Баъд аз як соат хабари раги дастонашро буридани Ҷаҳонгир барқсон дар сар то сари маҳалла паҳн гашт. Модараш ҳавлиро ба сараш бардошта, дар фоҷиаи ба сари Ҷаҳонгир омада арӯси коҷалаи бе пою қадамро гунаҳкор менамуд ва ҳафт пушти Дилафрӯзро дуою дашномҳои қабеҳ мекард. Ҷаҳонгири ба хун оғуштаро, ки дар дами марг қарор дошт, зуд ба мошини як ҳамсоя бор карда ба беморхона бурданд. Табибон беморро ба ҳуҷраи эҳёгарӣ дароварда, дарҳол ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ занг заданд. Модари Ҷаҳонгир ҳамоно рӯю мӯяшро канда, Дилафрӯзро дуои бад мекард:

-Хонаат сӯзад духтардор ба духтари ба шавҳар додаат! Пою қадами номуборакаш дар гӯр равад, аз рӯзе, ки ин келини коҷала ба хонаам қадам гузошт, ҳеҷ як лаҳза дами беғам назадам, ки назадам. Забони ғару дузд дароз гуфтагӣ барин, ин худозада писарамро дар назди дӯстонаш шарманда кард. Бачаи бечораам ба туҳмати ин кӯри якчашма тоб наоварда, раги дастонашро бурид. Худо накарда бо писарам ягон чиз шавад, ба хунаш хун мегирам,-таҳдидкунон мегуфт модари Ҷаҳонгир ва мушт бар сар мезад…

                            Хандаи дубораи бахт

Табибон барои наҷот додани ҷони Ҷаҳонгир чанд шабу чанд рӯз талош намуда, ба қавле ӯро аз он дунё баргардониданд. Ҷаҳонгир қариб 20 рӯз дар беморхона хобида, хеле ба худ омад ва тамоми ҳодисаҳои аз сараш гузаштаро таҳлил намуда, ба хулосае омад, ки дар ин фоҷиа на Дилафрӯз, балки худи ӯ гунаҳкор аст. Ҳамон шаб бо дидани чашми андаке каҷи арӯс вай номардӣ карда, ӯро туҳмат кард, ки нодухтар аст., ҳарчанд дар асл ба ӯ ҳатто наздик нашуда буд. Хеле андеша карда, ҷавон ба хулосае омад, ки бо арӯсаш оштӣ мешавад. Модараш аввал қиёматро қоим карда бошад ҳам, баъди пофишориҳои зиёди Ҷаҳонгир розӣ шуд, ки рафта аз падару модари Дилафрӯз бахшиш пурсад ва арӯсро гирифта ба хона биёранд.

Ҳамин тавр, пас аз ду моҳ Дилафрӯз ва Ҷаҳонгир бо ҳамдигар оштӣ шуданд ва ин оилаи ҷавон аз вайронӣ наҷот ёфт. Имрӯз онҳо зиндагии хушбахтона доранд ва аллакай соҳиби як духтарчаи нозанин гаштаанд, ки Дилноза ном дорад. Модари Ҷаҳонгир аз келинаш розӣ аст ва дигар чашми каҷи арӯс ба назараш наменамояд, зеро ҳурмату эҳтиром ва ҳунармандии Дилафрӯз ин айбашро пӯшонидааст. Мо ба ин оила бахту саодати бардавом орзу намуда, ба тамоми ҷавонон маслиҳат медиҳем, ки ҳеҷ гоҳ дар масъалаҳои оилавӣ ба саросемагӣ роҳ надиҳанд, зеро зиндагӣ бозича нест.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Мм 2023-10-10, 06:18
Класс
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Мм 2023-10-10, 06:18
Класс
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД