Formula september
Арӯси ҷӯгӣ
5723

Холаи Гулсум хам шуда аз даруни куртааш бастаи селофанро берун овард. Бастаро кушода қошуқи тиллоиро намоишкорона берун оварду ба хӯрдани ош пардохт.

Занҳое, ки бо маром ош мехӯрданд, беихтиёр ба Гулсунхола нигаристанд. Диққати ҳамаро зару зевар, дандонҳои тиллоӣ ва ангуштаринҳои нуқрагиву бриллиантии холаи Гулсум ба худ ҷалб намуд. Аз якбора ба чунин бойигарӣ расидани ин зани дирӯзакак камбағал ҳама ҳайрону саргаранг буданд. Баъзе ҳамсояҳои ҳолдон байни худ миш-миш мекарданд, ки Гулсун ин ҳама сарватро бар ивази фурӯхтани духтараш ба даст овардааст. Миш-миш ҳамсояҳо бесабаб набуд, зеро…

ххххх

Санам аз ғаму андӯҳ дар худ мепечид. Шабҳо хобаш намебурд. Хаёлан оғӯши пурнафрати марди ҷӯгиро тасаввур карда хун мегирист. Вале мададгоре намеёфт, ки ӯро аз ин бало раҳонад. Мехост худкушӣ кунад, аммо аз тарси ҳаром мурдан, ба худро оташ задан ҷуръат намекард. Назди оинаи барқад истода ба қомати зебою симои гулгуни худ менигаристу ашки барии рухсораҳояш ҷорӣ мешуд. Мӯйи мушкинашро шона мекарду аз он ки накҳати фароҳафзои зулфонаш насиби ҷӯгие мешавад, хун мехӯрд.

Дар он фасли зебои баҳор ҳама духтарон даста –даста шуда, вале ба дили Санам хандаву шодӣ намеғунҷид. Ғамбемор буда дардошное надошт духтари бечора. Ҳанӯз ғунчае буд, ки лаб бо ҳавас во накарда, вале дар ҳамин айёми ҷавонӣ аз тундбоди ғам хазон ба дил аз зиндагӣ шуста буд. Охир чаро ҳанӯз аз гулбоғи орзуҳо гуле начидаву аз чашмаи мурод обе нанӯшида тақдир бо ӯ чунин бозии номардона мекунад. Бале айб дар волидони зарпарасташ аст, ки бахти духтарашонро ивази боигарӣ фурӯхтанд. Модару падари дунёбехабараш ӯро бо чунин ҳол расонданд. Нолаҳои зораш дили сангини волидонашро нарм накард. Магар духтараки 5-солаи худро ба мӯйсафеди ҷӯгие ба ивази тилло ба занӣ додан шарафи онҳоро поймол намесозад? Магар бо пули духтарфурӯшӣ назди мардум худнамоӣ кардан нангу номус ва шарафи виҷдон болост? – меандешид Санам худ ба худ, вале нолаи зори дилашро касе намешунид. Охир дил сурфа нест, ки онро кушоиву ба намоиш гузорӣ, то чӣ гуна сӯхтанатро бубинанду биандешанд.

Дили Санам аз дарду ғам ба танг омада мехост фарёд занад. Очаҷон, додоҷон, агар дар хотиратон нағунҷам, пас ихтиёрро ба худам супоред, то ҳамқисматамро худам пайдо кунам! Албатта нанг мекунед, ки ман ҷавонеро худам ҳамқисмат интихоб кунам. Бале, номус мекунед!- Аммо магар ман номус надорам. Магар ман дил надорам? Чаро орзуҳоямро мекушед?

Магар фардо ҳар касу нокас ба сӯям бо ангушт ишорат карда таънаам намезанад, ки «Ана, арӯси бар ивази тилло фурӯхташуда».

Магар оғӯши мӯйсафеди ҷӯгӣ барои ман нафратовару нангин нест?

Санам мегуфту мегирист, вале нолаҳои зораш дар дили сахти онҳо асар накарду ҷигарбанди хешро ба мӯйсафеди ҷӯгӣ ба занӣ доданд. Хостам ба Санам ёрӣ диҳам, вале ҳамдеҳагон маро аз райъам гардонданд. Мазмун: Онҳо падару модаранд, ҳуқуқ доранд, ки тақдири фарзандашонро тавре ки ба худашон писанд аст ҳал кунанд. Ба ман ҳам бо қавле “Ба шаҳри якчашмаҳо рафтӣ, як чашматро кӯр кун”, - гуфтагӣ барин дам фурӯ бастам. Имрӯз аз хомӯшии худ пушаймонам, зеро бахти фурӯхташуда Санамро бадбахт карда, пас аз панҷ сол боз ба назди ман овард.

Санам дар наздам бо чашмони пуроб ва дар даст писарчаи сиёҳҷӯрдаи ҷӯгимонанде нишастааст. Ба чеҳраи маҳзунаш менигараму ба худ нафратам меояд. Акнун дарк кардам, ки одамони маро аз дахолат кардан ба тақдири Санам манъ намуда, одамони пок набудаанд.

Магар бартарафии ман барин занҳои фарҳангӣ ва раисони маҳаллаву муаллимони мактаб набуд, ки ҳаёти духтараки 15-сола ба дасти мӯйсафеди ҷӯгӣ афтод?!

Қиссаи ба оғӯши пирамарди ҷӯгӣ афтодани духтараки 15 – солаи ноболиғи тоҷикро шунида хун дар рагҳои кас ях мебандад. Агар мо, аҳли маҳала хомӯш наменишастем, шояд модари Санам дар маъракаҳо бо қошуқи тилло ош нахӯрда аз бахти «тиллоии» духтараш ифтихор намекарду Санам ба ин ҳоли зор намеафтид. Санам бо ашки сӯзон қиссаи арӯсиашро чунин ҳикоят намуд.

Маро бе тӯю сур ба хонадони шавҳар бурданд. Ҷиҳози арӯсиам иборат аз ҷевону диван ва тахту либосҳои арӯсии зебо буд, вале дилам хун мегиристу мурдан мехостам. Хонаи арӯсиам пешакӣ ҷиҳозонидашуда буду домод интизорӣ мекашид. Маро зӯран ба оғӯши ин марди ҷӯгии пир андохтанд. Аз тарсу ҳарос ва бӯйи бади дилбеҳузуркунандаи тани домод аз ҳуш рафтам.

Пас аз чанд соат Санам ба ҳуш омада худро дар оғӯши модар дид. Аз чашмони зебояш қатра-қатра ашки сӯзон ба домони модар мерехт. Дили модар сӯхт ба ҳоли зори духтараш, ки мисли себаки ҳанӯз норасида хомгаз шуд, вале аллакай кор аз кор гузашта буду пушаймонӣ дигар суде надошт. Модар хатои худро дарк кард. Мехост багардонад ҳама бойигарии ҷӯгимардро, зеро донист, ки болотар аз ҳама ганҷи дунё духтараш будааст. Аммо бахти духтараш ва номуси аз даст рафтаи ӯро дигар баргардонида наметавонист. Модари Санам ҳама сару либоси домодро нав карда хоҳиш намуд, ки бо собуни хушбӯй оббозӣ кунаду сару тани аввалашро дурр андозад. Ҷӯгимард розӣ шуд. Аммо бӯйи дилбеҳузуркунанда ҳанӯз боқӣ монда буду баробари аз дари хона ворид шудани домод хонаро он бӯйи ғализ фаро мегирифт. Санам шабро бо азобҳо рӯз мекарду рӯзро даруни чорбоғи ҷӯгӣ бегоҳ менамуд. Ҷӯгимард ба ғайри Санам боз ду зани дигар дошт. Онҳо аз тарси шавҳар ба Санам наздик намешуданд ва ба хонааш намедаромаданд. Писари марди ҷӯгӣ дар Русия буду хушхабари омад - омадаш мӯйсафедро шод кард. Писар танҳо не, бо украиндухтари нозанине бо номи Мария омад. Мария бо Санам зуд унс гирифт. Дар давоми се моҳ забони тоҷикиро омӯхт. Бо забони шевои тоҷикӣ ширин ҳарф мезад русдухтар. Санам бо Мария каме ҳам бошад аз ғами танҳоӣ раҳо ёфт. Мария, ки пойи вазнин дошт, баъди шаш моҳ писар таваллуд кард. Писараш зардина чашмкабуд буда, ба ҷӯгиҳо заррае монандӣ надошт. Санам нисбати Мария ҷавонтар бошад ҳам хушдоман маҳсуб меёфт. Аз ин рӯ, Марияи рус ба гадоӣ мебаромад. Мария ба хотири шавҳараш Саидмӯъмин ин таамули ҷӯгиҳоро пазируфт. Мария мисли дигар ҷӯгизанҳо талбандагӣ меомад. Писарчаи сафедпӯстро бо ҷӯгиҳо дида одамон ҳайрон мешуданд. Ҷӯгизанҳо ба посухи саволдиҳандагон «модараш рус аст», мегуфтанду фахр мекарданд, ки набераи сафедпӯст доранд. Санам дар соли чоруми зиндагиаш писардор шуд. Мутаассифона писараш мисли писари Мария ба модараш нарафт. Мисли ҷӯгиҳо сиёҳчатоб буд, писари Санам.

Инак, Санам ҳамроҳи писарчаи яксолааш рӯ ба рӯи ман нишастааст. Шукр, ки обрӯю нуфузи тоҷиконаашро пос дошта, Санамро ба талбандагӣ маҷбур накардаанд. Аммо бо вуҷуди ин, Санам дигар бо шавҳари ҷӯгиаш зистан намехоҳад. Ҳайронам, ки ба Санам чӣ маслиҳат диҳам. Ҳарчанд, ки оилавайронӣ вазнин аст, аммо мебинам, ки барои Санам бо мӯйсафеди ҷӯгӣ зистан душворӣ мекунаду косаи сабраш лабрез гаштааст. Охир Санам акнун аз баҳори 21-умини умраш гулҳо мечинад. Вай мехоҳад дар ягон корхона кор кунад ё хонаду соҳиби касбу ҳунар шавад. Дилам ба ояндаи писараш месӯзад, лекин на ба он хотир, ки аз падар ҷудо мешавад, балки ба он хотир, ки калонтар шавад «бачаи ҷугӣ»,-гӯён масхарааш мекунанд. Шояд хонандагони гиромиқадри ҳафтавори «Оила», ба Санам маслиҳати муфиде медиҳанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД